Раисҷумҳури Амрико дар як суханронии телевизионии сартосарӣ шаби якуми апрел бо ишора ба ҳамлаҳои Иёлоти Муттаҳида ва Исроил ба Эрон гуфт, ин амалиёти низомӣ "дар ду-се ҳафтаи оянда" ба шиддат идома хоҳад дошт. Доналд Трамп афзуд, "мо корро тамом хоҳем кард ва ин корро бисёр зуд ба поён мерасонем".
Ӯ дар суханронии худ дар бораи Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, "мо тайи ду то се ҳафтаи оянда зарбаҳои бисёр сахте ба онҳо ворид хоҳем кард. Мо онҳоро ба даврони асри санг боз мегардонем, яъне ҳамон ҷойе, ки ба он тааллуқ доранд". Трамп афзуд, нерӯҳои амрикоӣ "бисёр зуд" ба ҳамаи ҳадафҳои худ дар майдони ҷанг даст хоҳанд ёфт.
Раисҷумҳури Амрико дар идома гуфт, "ҳадафи Эрон ин буд, ки он қадар мушак тавлид кунад, ки ҳеч кас ҷуръати ҳамла ба онҳоро надошта бошад ва сипас ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад".
Доналд Трамп иддао кард, ки эрониҳо ба сохтани силоҳи ҳастаӣ наздик шуда буданд. Вай гуфт, "дар якқадамии аз байн бурдани ин таҳдид алайҳи Амрико ва ҷаҳон ҳастем".
Видеоро инҷо бинед:
Ӯ дар мавриди ин ҷанг гуфт, "ин як сармоягузорӣ буд барои фарзандон ва ояндагони мо". Трамп афзуд, "имшаб хурсандам эълон кунам, ки ин ҳадафҳои стратегии калидӣ ба марҳилаи поёнии худ наздик мешаванд".
Трамп изҳор дошт, ки Амрико нерӯҳои баҳрӣ ва ҳавоии Эронро нобуд карда, барномаи мушаки баллистикӣ ва ҳастаии Ҷумҳурии исломиро аз кор баровардааст.
Ӯ ҳамчунин гуфт, зерсохтҳо ва корхонаҳои низомии Эрон дар ҷараёни ҳамлаҳо "ба шиддат осеб дида ва пора-пора шудаанд".
Доналд Трамп ба нигарониҳо дар кишвараш дар бораи афзоиши арзиши маводи сӯхт ишора кард ва гуфт, ки нархҳо дубора коҳиш хоҳанд ёфт. Вай афзуд, бисёре аз амрикоиҳо аз дидани афзоиши ахири қимати бензин дар дохили кишвар нигарон шудаанд ва ин афзоиши кӯтоҳмуддат натиҷаи ҳамлаҳои Эрон ба нафткашҳои тиҷории кишварҳои ҳамсоя аст, ки ҳеч рабте бо ин даргириҳо надоранд.
Трамп ба таври мустақим дар бораи НАТО суҳбат накард, ҳарчанд пештар дар ҳамон рӯз дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Рейтерс" гуфта буд, ки аз пуштибонӣ накардани ин паймон аз Амрико дар ҷанг бо Эрон нохушнуд аст.
Президенти Амрико дар ин суханронии худ эълон кард, ки Иёлоти Муттаҳида иҷоза нахоҳад дод, ки ҳампаймонҳои араби ҳавзаи Халиҷи Форс ва Исроил бинобар ҷанг бо Эрон "осеб бубинанд ё шикаст бихӯранд".
Трамп дар ин суханронӣ мушаххас нагуфт, ки ин ҷанг кай тамом мешавад. Аммо ӯ гуфт, ки агар лозим шавад, Амрико ба ҳадафҳои нафтӣ ва энержии Эрон ҳамлаҳоро оғоз хоҳад кард.
Ба навиштаи хабаргузории "Франс пресс", нархи нафт рӯзи панҷшанбе пас аз суханронии Доналд Трамп, боло рафт, зеро ин суханон натавонист нигаронии сармоядорон дар бораи баста шудани тангаи муҳим ва стратегии Ҳумрузро аз байн барад.
Раисҷумҳури Амрико дар ин суханронӣ аз дигар кишварҳо хост барои бозкушоии ин оброҳа кӯмак кунанд.
Ҳурмуз. Нуқтае, ки сарнавишти нафту гази ҷаҳон ҳал мешавад
Эрон дар охири моҳи феврал дар посух ба ҳамлаи Исроилу Амрико равуои киштиҳоро дар гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки иқтисоди ҷаҳонӣ аз ин гузаргоҳи борики обӣ вобастагии зиёд дорад, маҳдуд кард. Ин оброҳа Халиҷи Форсро бо Халиҷи Умон ва бо Уқёнуси Ҳинд мепайвандад. Соҳили шимолӣ аз сӯи Эрон ва соҳили ҷанубӣ аз сӯи Умон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ назорат мешавад.
Нуқтаи бориктарини гузаргоҳ наздики 33 километр паҳнӣ дорад. Долонҳои киштигард аз ин ҳам бориктаранд. 2-3 километр дар ҳар кадом самт. Ҳар рӯз ба воситаи он то 20 миллион бушка ё 20 дарсад аз нафти ҷаҳон ва наздик ба 30 дарсад гази моеъ мегузарад.
Арабистони Саудӣ, Ироқ, Иморот ва Қатар аз содиркунандагони асосии нафту газ тариқи гулӯгоҳи Ҳурмуз ҳастанд. Ин маҳсулот ба Чин, Ҳинд, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ ва кишварҳои аврупоӣ фиристода мешаванд.
Ба иттилои хадамоти бритониёии амнияти баҳрӣ, то миёнаи моҳи март ҳудуди 25 киштӣ зарар дидаанд ва ё ба онҳо ҳамла шудааст. Бисёре аз ширкатҳои соҳиби киштӣ гардишро дар танга ё гулӯгоҳи Ҳурмуз манъ карданд. Созмони Милал мегӯяд, дар обҳои Халиҷи Форс ва дар наздикии тангаи Ҳурмуз даҳҳо киштӣ банд монда, ҳазорон маллоҳ мунтазири гузаштани бехатар аз оброҳаи ҷанҷолӣ ҳастанд.