Як созмони муътабари амрикоӣ он гурӯҳи шаҳрвандонро, ки барои боварҳои динии худ дар Тоҷикистон боздошту зиндонӣ шудаанд, “маҳбусони мазҳабӣ” номид. Ба бовари Кумисюни байнулмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ (USCIRF), онҳо фаъолияти осоишта дошта, вале дар доираи “муборизаи давлат бо ифротгароӣ” дастгиру маҳкум шудаанд.
Ин Кумисюн Тоҷикистонро аз соли 2012 барои “пайваста ва ба таври ҷиддӣ маҳдуд кардани озодии дин” дар рӯйхати кишварҳои мавриди нигаронии хос ҷой медиҳад. Вазорати корҳои хориҷии Амрико низ Тоҷикистонро аз соли 2016 дар рӯйхати ҳамсон нигоҳ медорад.
Осиф Маҳмуд, муовини раиси Кумисюни байнулмилалии озодиҳои мазҳабӣ дар подкасти USCIRF Spotlight Podcast аз 18-уми декабр гуфтааст, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти диндоронро пурра зери назорат дорад ва ҳуқуқи ҳамаи гурӯҳҳоро ба озодии дин поймол мекунад.
Иқтибосеро аз суханони ӯ меорем, ки гуфтааст, “ҳукумат ҷомеаи диниро таҳдиде ба қудрати худ мебинад ва барои ҷиноӣ эълон кардани фаъолиятҳои мустақили динӣ қонунҳоро ба кор мебарад.”
Ба назари Осиф Маҳмуд, ҳукумати Тоҷикистон бештар мусулмонҳоеро, ки аз исломи ҳанафии ба истилоҳ “расмӣ” дур мешаванд ва пайравони исмоилияро бо иттиҳомҳои сохтаи ифротгароӣ мавриди ҳадаф қарор медиҳад.
Ӯ мегӯяд, Кумисюни озодиҳои мазҳабӣ дар ҳоли ҳозир қазияи камаш 14 касро дар Тоҷикистон пайгирӣ дорад, ки барои фаъолиятҳои осоиштаи динӣ дастгиру зиндонӣ шудаанд. Ба бовари ӯ, шумораи воқеии онҳо зиёдтар аз ин аст.
Дар як соли охир марги дастикам ду рӯҳонӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон расонаӣ шудааст.
Музаффар Давлатмиров, рӯҳонии исмоилӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 2022 бо иттиҳоми “ифротгароӣ” ба 5 сол зиндон маҳкум шуда, тобистони имсол дар маҳбас даргузашт.
Зубайдуллоҳи Розиқ, рӯҳонӣ ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2015 дастгиру зиндонӣ шуда, моҳи сентябри имсол фавтид.
Кумисюни байнулмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ (USCIRF) ҳар сол вазъи диндоронро дар гӯшаҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон баррасӣ мекунад. Ин созмон чанд сол боз талаб дорад, ки ба зидди он идора ва мансабдорони Тоҷикистон, ки дар поймол кардани озодии динии сокинон нақш доранд, таҳримҳои ҳадафмандона (мақсаднок) ҷорӣ карда шавад.