Вакилони мардумӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои қабули санаде раъй доданд, ки монеаи аслиро барои аз сар гирифтани кори идораҳои ҳукумати марказӣ аз байн бардошт.
Аз рӯзи 1-уми октябр дар Амрико бисёре аз идораҳои ҳукумати марказӣ кор намекунанд ва чунин муддати тӯлонӣ бекор мондани ин идораҳо дар таърихи Иёлоти Муттаҳида дида нашуда буд. Қарори вакилон барои маблағгузории буҷаи ҳукумати федеролӣ ва идомаи кори он ба шарофати мусолиҳаи вакилони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва чанде аз вакилони Ҳизби Демократ муяссар шуд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Дар Амрико соли молӣ аз рӯзи 1-уми октябр оғоз ёфт, вале то ин муддат Конгресс натавонист, ягон қарори ҳатто муваққатӣ ҳам дар бораи маблағгузории буҷаи ҳукумати марказӣ қабул кунад. Вакилони ду ҳизб сари нуктаҳои буҷа ихтилофи назар доштанд, аз ин рӯ, маблағгузории қисме аз идораҳои ҳукумати марказӣ қатъ шуд.
Барои қабули қонун дар бораи маблағгузории буҷаи Амрико бояд на камтар аз 60 вакили Сенат раъй диҳад, аммо Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар Сенат фақат 53 раъй дошт, ки барои қабули санад кофӣ нест. Рӯзи якшанбе гурӯҳи 8-нафарии вакилони Ҳизби Демократ бо раҳбарони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва намояндагони ҳукумати Амрико ба созиш расиданд. Онҳо ба тарафдории санаде раъй доданд, ки иҷоза медиҳад, муваққатан кори идораҳои давлатӣ маблағгузорӣ шавад.
Дар иваз вакилони ҷумҳурихоҳ гуфтаанд, ки омодаи баррасии хостаи демократҳо, яъне идомаи кумак барои бимаи тиббии мардуми камбизоат дар Амрико ҳастанд. Як талаби асосии демократҳо барои қабули буҷа ҳамин аст. Дар умум ба тарафдории қонун 60 нафар раъй додаанд.
Аммо ҳоло бояд Сенат як бори дигар барои қабули санади мазкур раъй бидиҳад ва раъйгирӣ дар бораи он рӯзҳои наздик сурат мегирад. Сипас санад ба Маҷлиси намояндагон барои қабул фиристода мешавад, ки интизор меравад, ба осонӣ тасвиб шавад. Баъдан онро барои имзо ба Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико мефиристанд.
Дар ин ҳол маблағгузории буҷаи идораҳои ҳукумати марказии Амрико то моҳи январ идома мекунад, аммо ҳоло ҳам маълум нест, ки буҷаи комил барои соли 2026 кай қабул мешавад.
Бинобар сабаби қатъи маблағгузорӣ, тақрибан 1 миллиону 500 ҳазор коргари давлатиро ба рухсатии бемузд фиристоданд ва баъзе ҳам бемузд кор мекунанд. То ҳол парвози ҳавопаймоҳои зиёде лағв шуд, чун коргар намерасид. Агар вазъ ҳамингуна то моҳи декабр идома мекард, низомиёни амрикоӣ ҳам маош намегирифтанд.