Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истироҳат дар Варзоб, партовҳо ба об? ВИДЕО


Мақомоти соҳаи беҳдошт ва ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон чанде аз моликони истироҳатгоҳҳо ва сокинонро дар канори рӯди Варзоб ҷарима кардаанд.

Ба гуфтаи онҳо, бархе аз бошандагони ин мавзеъ партовҳоро рост ба рӯди Варзоб меафкандаанд ва қубури обҳои ғализро низ ба дарё равона кардаанд, дар ҳоле ки дарёи Варзоб сарчашмаи асосии об барои сокинони шаҳри Душанбе аст.

Дар Варзоб асосан афроди дорову бонуфуз, баъзе аз мақомдорон ва вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон истироҳатгоҳ доранд. Соҳибони бисёре аз ин истироҳатгоҳҳо нахостанд, ки дар бораи ин мушкил гап зананд ва ҳам ҳувияти худро ошкор созанд.

Бо ин ҳол, ҳамкорони мо ба Варзоб рафта, вазъи беҳдоштии ин мавзеъро ба навор гирифтанд ва бо сокинону мақомот суҳбат карданд. Сокинон «гуноҳ»-ро ба гардани моликони истироҳатгоҳҳо бор карданд. Мақомот аз камбуди мошин ва нуқтаҳои ҷамъоварии партов гуфтанд. Соҳибони истироҳатгоҳҳо ангушти иттиҳомро ба сӯи ронандаҳо ва мусофирони роҳи Душанбе-Хуҷанд дароз карданд.

«Намедонам, партовҳоро ба куҷо мепартоянд»

Дар Раёсати ободонӣ ва кабудизоркунии ноҳияи Варзоб аз набуди техникаи кофӣ нигаронӣ карданд. Масъулони ин ниҳод гуфтанд, ки ҳамагӣ як мошин доранд ва зӯрашон барои кашондани партови бӯстонсароҳои ин минтақаи сайёҳӣ намерасад.

Эмомалӣ Шарифов, сардори Раёсати ободонӣ ва кабудизоркунии Варзоб ба Радиои Озодӣ гуфт, дар як моҳ ҳудуди 50 тонна партовро аз ҳудуди Варзоб берун мекунанд. Вале афзуд, “намедонам бӯстонсароҳо, ки одатан дар фасли гармо ҳузури меҳмонон дар чунин маконҳо афзоиш меёбад, партовҳояшонро ба куҷо мебаранд.”

Партовҳои соҳили дарёи Варзоб
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00

Варзоб, ки аз минтақаҳои шинохтаи истироҳатист, беш аз 80 ҳазор аҳолӣ дорад. Рӯзи 7-уми август ҳангоми боздид аз соҳили дарёи Варзоб ва чанд бӯстонсарову ошхонаҳо дидем, ки дар лаби дарё зарфҳои гуногуни пластикӣ, латтапораву селофан, “уребча” ва дигар молу маҳсулоти истифодашударо партофта буданд.

Ҷунайдулло Файзуллоев, раиси истироҳатгоҳи "Меҳмон" ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ як соҳибкор асту дар Душанбе зиндагӣ мекунад ва намегузорад обе, ки аз назди истироҳатгоҳаш ба пойтахт меравад, ифлос шавад. «Ин масъала аз маданияти ҳар кас вобаста аст. Ронандагону мусофирон ҳам партов мепартоянд, худам то ду километри шоҳроҳро аз ҳар гуна партовҳо тоза мекунам», -- афзуд ӯ.

Дар «Ресторани Давлатзода ва оилаи ӯ», ки яке аз маконҳои дигари истироҳатист, гуфтанд, «меъёрҳои экологиро риоя мекунанд ва бо мошини шахсии худ партовҳояшонро ба партовгоҳи Душанбе интиқол медиҳанд». Кормандони истироҳатгоҳ гуфтанд, ба далели набудани соҳиби макон наметавонанд ҷузъиёти бештар диҳанд. Дар чанд истироҳатгоҳи дигар масъулонаш нахостанд дар бораи фаъолияти худ дар самти риояи меъёрҳои экологӣ сӯҳбат намоянд.

«Халта-халта ифлосиро ба дарё меандозанд»

Дар ифлосшавии муҳити зисти соҳили дарё роҳбарони баъзе истироҳатгоҳҳо ва масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ангушти ишора ба сӯи ронандагону мусофирон мекунанд, вале Ҷамшед Раҷабов, як ронандаи тоҷик чунин иддаоро рад намуд. Ӯ гуфт, «воқеияти ифлосиҳои соҳили дарё дигар аст. Борҳо шоҳид шудаам, ки кормандони бӯстонсароҳо партовҳоро ба дарё меандозанд».

«Ронанда ё мусофир партовро дар ҷойи дур аз одамон ё дар ягон партовгоҳ меандозад. Ин ҳама ифлосиҳо, ки дар лаби дарё мебинед, аз тарафи кормандони бӯстонсароҳо партофта мешаванд. Шаб ба дарё халта-халта партов мепартоянд. Ифлосиҳои як мусофир ё ронанда дар баробари ин халтаҳо ночиз аст. Соҳибони чунин маконҳои истироҳатӣ афроди дорову бонуфуз ҳастанд, раҳбари экологияи ноҳия аз гуфтани ин воқеият метарсанд», - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Саъдулло Муқимов, сардори бахши ҳифзи муҳити зисти Варзоб норасоии партовгоҳҳоро тасдиқ намуд ва афзуд, ваъзи молӣ имкон намедиҳад маҳаллаҳоро пурра бо нуқтаҳои партовҷамъкунӣ таъмин созанд.

Бархе аз экологҳо аз вазъи ногувори муҳити зист дар соҳили дарёи Варзоб изҳори нигаронӣ намуда, мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба он ки Варзоб як минтақаи сайёҳист, бояд назорат аз болои афроде, ки ба нақзи меъёрҳои экологӣ даст мезананд, ҷиддӣ гардад.

Ҳасан Асоев, экологи тоҷик мегӯяд, пеш аз ҳама дар Варзоб бояд шароит барои ҷамъоварӣ ва интиқоли партовҳо, ки ба саломатии сокинон зарар дорад, таъмин гардида, дар баробари ин, ҳам сокинон ва ҳам соҳибони дигар иншоот дар тоза нигоҳ доштани муҳити зист бояд бетараф набошанд.

Ноҳияи Варзоб яке аз се ноҳияи Тоҷикистон аст, ки бо қарори ҳукумат мавзеи туристӣ ё сайёҳӣ эълон шудааст. Ин аст, ки тайи чанд соли охир қад-қади рӯди Варзоб даҳҳо бӯстонсаро, меҳмонхона ва истироҳатгоҳҳои пурҳашамат сохта шудаанд.

Дар гузашта мақомоти ҳизфи муҳити зисти Тоҷикистон пешниҳод карда буданд, ки дар осоишгоҳҳои Варзоб филтрҳои об насб гардад, аммо то имрӯз мушкили обҳои олудаи фароғатгоҳҳо бо ҷамъоварии он дар ҳавзу чоҳҳо ҳал мешавад ва касе кафолати безарар будани ин обро дода наметавонад.

Шарҳҳоро бинед (3)

XS
SM
MD
LG