Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, пешниҳод кардааст, ки дар Созмони Кишварҳои Туркӣ ба Русия мақоми нозир бидиҳанд. Ин ташаббус эҳтимол ба ҷуз худи Маскав бисёриҳоро дар ҳайрат андохт. Оё давлате, ки ҳуқуқу ихтиёри мардуми туркро дар қаламраваш маҳдуд мекунад, метавонад дар созмони давлатҳои мустақили туркӣ ҷойгоҳ дошта бошад?
Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремл, ин пешниҳодро хуб пазируфт, аммо ҳамзамон гуфт, бояд Русияи комил дар Созмони Кишварҳои Туркӣ ҳузур дошта бошад, на минтақаҳои алоҳидаи он. Ин ишораи ғайримустақими ӯ ба ҷумҳуриҳои туркзабони Русия, аз ҷумла Тотористон ва Бошқирдистон аст.
Пешниҳоди Тоқаев ва вокуниши Песков дар дохили Созмони Кишварҳои Туркӣ баҳсеро дар бораи ҳаққи Маскав барои гирифтани мақоми нозир ба вуҷуд овард. Халил Акинчӣ, дипломати бознишаста ва дабири кулли нахустини Созмони Кишварҳои Туркӣ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ташаббуси раисҷумҳури Қазоқистон аз равиши пазируфташудаи созмон фарқ мекунад.
Ӯ афзуд: “Чунин масъалаҳо бе баррасии ибтидоӣ дар сатҳи баланд матраҳ намешаванд. Кумитаҳо вуҷуд доранд. Кумитаи Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ҳаст. Масъала аввал дар онҷо муҳокима шуда, сипас ба таваҷҷуҳи сарони давлатҳо расонда мешавад. Аз ин рӯ, ин пешниҳод барои ҳама ногаҳонӣ буд.”
Акинчӣ бовар дорад, ки пешниҳоди Қосимҷомарт Тоқаев метавонад ба муносибатҳои вижаи Қазоқистону Русия ва зарурати нигоҳ доштани робитаи сулҳомез бо ҳамсояи нерӯмандаш пайванд дошта бошад. Бахусус, ки дар минтақаҳои шимолии Қазоқистон, ҷое, ки ҷомеаи бузурги русзабонҳо ҳузур доранд ва гоҳ-гоҳе ҳадафи даъвоҳои марзии миллатгароёни Русия қарор мегиранд, нигоҳ доштани тавозун (баланс) бисёр душвор аст.
“Пас, беҳтар аст, ки бо Русия равобити хуб дошта бошӣ. Русия як қудрати бузург аст, ҳанӯз ҳам қудрати бузург аст ва ҳар кас мехоҳад, ки қудратҳои бузург дӯсташ бошанд, на душманаш,” – гуфт Халил Акинчӣ.
“Қоидаҳо дигар намешаванд”
Баъди ин пешниҳод, Куршод Зорлу, муовини раиси Ҳизби адолат ва рушди Туркия ва масъули равобит бо давлатҳои туркӣ дар ин ҳизб, мавқеи Анкараро шарҳ дод. Вай дар суҳбат бо хабаргузории давлатии “Анадолу” ин мавзуъро “ҳассос” номид ва таъкид кард, ки бо назардошти зиндагии миллионҳо мардуми аслашон турк дар Русия, ҳифзи муколамаи фарҳангӣ бо ин кишвар муҳим аст.
Зорлу дар айни замон ёдрас кард, ки Русия ба меъёрҳое, ки Созмони Кишварҳои Туркӣ соли 2021 дар Истанбул пазируфтааст, барои гирифтани мақоми нозир ҷавобгӯ нест. “Танҳо давлатҳое метавонанд барои гирифтани мақоми нозир дар Созмони Кишварҳои Туркӣ дархост диҳанд, ки яке аз забонҳои туркӣ ё забонҳои ҳамрешаи онҳоро ҳамчун забони давлатӣ ё расмӣ қабул карда бошанд. Яъне, ин забон на танҳо дар ягон минтақаи алоҳида, балки бояд дар саросари кишвар дар ҳуҷҷатгузориҳои расмӣ истифода шавад,” – шарҳ дод ӯ.
Халил Акинчӣ низ таъкид кард, ки доштани забони муштарак дар сатҳи давлатӣ аз усулҳои бунёдии Созмони Кишварҳои Туркӣ аст: “Ин як клуби хонаводагӣ аст ва шумо ба он танҳо хешовандони худро роҳ медиҳед. Ва ягона меъёри муайян кардани хешовандӣ забон аст. Нуктаи дигар ин аст, ки Созмони Кишварҳои Туркӣ бар пояи узвияти кишварҳои мустақил ва соҳибихтиёр таъсис ёфтааст. Мо мардумро ба ҳам намеорем, балки давлатҳоро ба ҳам меорем. Давлатҳои мустақилро. Ин қоидаҳоро дигар кардан имкон надорад."
Бар асоси ин ду талабот, Русия барои гирифтани мақоми нозир дар Созмони Кишварҳои Туркӣ муносиб нест. Забонҳои туркӣ, аз ҷумла тоторӣ ва бошқирдӣ, танҳо дар ҷумҳуриҳои алоҳидаи Русия ҷойгоҳи расмӣ доранд, на дар тамоми ин кишвар.
Дар ҳамин ҳол, Зорлу як роҳи дигарро пешниҳод кард. Баргузории нишастҳои сатҳи баланди намояндагони созмон бо кишварҳои сеюм дар қолаб ё формати СКТ+. Ин чорчӯб соли 2025 барои густариши ҳамкорӣ бо давлатҳои берун аз Созмони Кишварҳои Туркӣ ва бе додани узвият ё мақоми нозир ташкил шудааст. Аммо баргузории чунин мулоқот низ ба ризоият ё иттифоқи орои ҳамаи кишварҳои узви Созмони Кишварҳои Туркӣ ниёз дорад.
Куршод Зорлу, муовини раиси Ҳизби адолат ва рушди Туркия, ҳамчунин афзуд, агар Кремл хоҳони таҳкими равобити худ бо Созмони Кишварҳои Туркӣ аст, бояд масъалаи азсаргирии ҳамкорӣ бо Созмони байнулмилалии фарҳанги туркӣ ё ТУРКСОЙ-ро баррасӣ кунад.
“Назорати сахт”
Созмони байнулмилалии фарҳанги туркӣ ё ТУРКСОЙ соли 1993 дар Анкара таъсис ёфтааст. Ташаббуси нахустини Туркия барои ниҳодина кардани ҳамкориҳои фарҳангӣ бо давлатҳои тозаистиқлоли туркзабони пасошӯравӣ. Ин созмонро баъзан “ЮНЕСКО-и ҷаҳони турк” ҳам меноманд, зеро барои густариши забонҳои муштарак, мероси фарҳангӣ ва анъанаҳои мардуми турк кор мекунад.
Пас аз ташкили Созмони Кишварҳои Туркӣ дар соли 2009, ТУРКСОЙ ба яке аз сохторҳои вобастаи он табдил ёфт. Тотористон, Бошқирдистон, Олтой, Ёқутистон, Тува ва Хакасия, шаш ҷумҳурии Русия, ба ҳайси нозир ба ТУРКСОЙ пайваста буданд. Аммо баъд аз буҳрони дипломатии Русия ва Туркия дар моҳи ноябри соли 2015 Маскав аз ҳамаи онҳо хост, тамосҳои худро бо созмон қатъ кунанд. Он сол як ҳавопаймои низомии Русия (Су-24) аз ҷониби Туркия дар наздикии марзи ин кишвар бо Сурия суқут дода шуд.
Коршиносоне, ки бо бахши тоторӣ-бошқирдии Радиои Озодӣ суҳбат карданд, суол гузоштанд, ки чаро Маскав ҳоло дунболи муносибати наздиктар бо Созмони Кишварҳои Туркӣ аст, дар ҳоле ки иртиботи байнулмилалии фарҳангии ҷомеаҳои туркро дар хоки худ маҳдуд мекунад?
Як таҳлилгари тотор, ки ба далели нигаронӣ аз пайомадҳои эҳтимолӣ аз ҷониби мақомоти Русия нахост номаш зикр шавад, гуфт, ба назари ӯ Маскав амдан ё барқасдона мекӯшад аз барқарории пайвандҳои мустақим байни Туркия ва ҷумҳуриҳои туркии Русия пешгирӣ кунад. Ӯ гуфт: “Мақомоти Русия ҳеч гоҳ ҳамкории Туркияро бо Тотористон ё Бошқирдистон хуш напазируфтаанд. Онҳо аз таҳкими ин робитаҳо ҳарос доранд. Туркҳо метавонанд бо Маскав, Санкт-Петербург ва Екатеринбург кор кунанд, аммо набояд ба Қазон (маркази Тотористон) ва Уфа (маркази Бошқирдистон) сафар намоянд. Маҳз ҳамин чизест, ки мақомот мехоҳанд."
Ба қавли ин коршинос, Маскав инчунин ҳамкориҳои фарҳангӣ ва омӯзиширо таҳдид дониста, аз он ки наздик шудани равобит бо Туркия мавқеи тоторҳо ва бошқирдҳоро тақвият хоҳад дод, метарсад. “Барои онҳо муносиб буд, ки бо истифода аз як баҳонаи сохта кори созмони ТУРКСОЙ-ро боздоранд. Фаъолияти созмон метавонист аз соли 2015 ба ин сӯ аз сар гирифта шавад, аммо Маскав мехоҳад зимомро сахт дар даст нигоҳ дорад. Имрӯз Русия дар инзиво мондааст ва кишварҳои зиёде барои эҳёи робита ё ҳамкорӣ бо он моил нестанд.”
“Амалиёти вижаи Кремл”
Намояндагони бошқирдҳо, тоторҳо ва ёқутиҳо (аъзои Лигаи Миллатҳои Озод) дар посух ба пешниҳоди Қосимҷомарт Тоқаев аз кишварҳои узви Созмони Кишварҳои Туркӣ хостаанд, ки ба ҳузури Русия, чи дар мақоми нозир ва чи дар формат ё қолаби СКТ+ розӣ нашаванд.
Лигаи Миллатҳои Озод эътилофи ҷунбишҳоест, ки аз истиқлоли ҷумҳуриҳои миллӣ ва минтақаҳои дигари Русия тарафдорӣ мекунад.
Намояндагони ҳаракатҳои чуваш, тува ва хакасҳо низ аз ин баёния пуштибонӣ карданд. “Ҳуқуқи мардуми туркро барои доштани садои мустақил дар Русия наметавон бо ҳуқуқи Маскав барои сухан гуфтан аз номи онҳо ҷойгузин кард,” – гуфта шудааст дар баёния.
Имзогузорон ба он чи маҳдуд кардани омӯзиш ба забонҳои модарӣ, таъқиби фаъолони миллӣ ва аз байн бурдани худмухтории сиёсиву фарҳангӣ дар ҷумҳуриҳои туркзабони Русия меноманд, ишора кардаанд. Рифъат Чубаров, раиси Маҷлиси халқи тоторҳои Қрими ишғолшуда, низ ташаббуси Тоқаевро сахт танқид кард.
Ин маҷлис ниҳоди намояндагии ҷомеаи тоторҳои Қрим ба шумор меравад, аммо Русия соли 2016 онро созмони “ифротгаро” номид ва фаъолияташро манъ кард. Маскав соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро ишғол ва ғайриқонунӣ қаламрави худ эълон намуд.
Чубаров пешниҳоди пайвастани Русияро ба Созмони Кишварҳои Туркӣ “амалиёти вижаи Кремл” номид. Вай бо ишора ба пуштибонии Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремл, аз ташаббус гуфт, Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон маҳз он чизеро ба забон овардааст, ки Маскав шунидан мехост.
Рифъат Чубаров ин иқдомро дар заминаи ҷанги Русия алайҳи Украина ва ишғоли Қрим маҳкум кард. Ба гуфтаи ӯ, Маскав дар Қрим шаҳрвандони Украинаро мекушад ва мардуми тотори Қримро дар сарзамини таърихияшон аз байн мебарад.
“Ман бовар дорам, ки аъзои Созмони Кишварҳои Туркӣ аз ин пешниҳод ҳимоят нахоҳанд кард,” – афзудааст ӯ.
Гуфтугӯ