Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши корбарон ба ҳайати аксаран "кӯҳна"-и ҳукумати "нав" дар Тоҷикистон. ВИДЕО


"Вазироне, ки солҳо сари вазифаанд, боз тасдиқ шуданд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00

Ҳайати ҳукумати Тоҷикистонро рӯзи 3-юми ноябр аз нав таъин карданд. Аз 22 узви ҳукумат ҳабдаҳ нафар дар мансабҳои пешинаи худ монданд ва ё ҷой иваз карданд. Ҷойивазкуние, ки мухолифон ҳамвора танқид мекунанд.

Танҳо панҷ узви ҳукумат нав шуд, ки дастикам чаҳор нафари онҳо низ қаблан дар ширкату идораҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ кор мекарданд.

Ду ҳафта пеш дар як назарпурсии хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе бисёре аз роҳгузарон гуфта буданд, ки дар ҳайати ҳукумат вазирони наву ҷавонро дидан мехоҳанд.

Ҳоло бисёре аз корбарон дар сомонаи Радиои Озодӣ ва саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, аз ҷойивазкунии кадрҳои, ба қавли онҳо, кӯҳна беҳбудиеро интизор нестанд. Чун, ба навиштаи онҳо, ин афрод солҳо боз дар сари мансаб ҳастанд, вале натавонистаанд мушкилоти ҷомеа, аз ҷумла бекориро ҳал кунанд.

Шахсе бо номи рамзии "Топ Звезда" дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм навиштааст, "боз ҳамон одамон. Ба фикрам, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон одами дигар нест. Ягон одами нав гиред. Ин қадар ҷавонон таҳсил мекунанд, онҳоро ба кор гиред."

Корбаре бе зикри номаш дар сомонаи Радиои Озодӣ навиштааст, вазирон дар Тоҷикистон кайҳо боз масъулияти худро иҷро намекунанд ва аз як ёрдамчӣ ё ёваре беш нестанд. Вай гуфтааст, "чизе, ки ҷаноб мегӯяд, вазир даст ба пеши бар иҷро мекунад. На сиёсати соҳа дорад, на мустақилӣ ҳангоми гирифтани ягон тасмим."

Мунир Бобоҷонов дар Фейсбук навиштааст, ки мансаб дар Тоҷикистон бояд на кор, балки бештар масъулият бошад. "Ҳамаашон одамони хуб ҳастанд. Илоҳӣ ба Ватан содиқона хидмат кунанд. Ҳаминро донанд, ки вазифа кор нест, масъулият ва ҷавобгарӣ аст", -- гуфтааст ӯ.

Яке аз шарҳнависон ба ҳайати ҳукумат ворид шудани Далер Ҷумъа, раиси ширкати "Помир Энерҷӣ"-ро ситоиш кардааст. Ин хонанда навиштааст, "дар замони раҳбарии ӯ ширкат пешрафт кард ва таъминот бо барқ дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беҳтар шуд." Далер Ҷумъа вазири нави энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таъин шуд.

Вале яке аз корбарон бо номи "Хаймадӯз" гуфтааст, "бо як Далер Ҷумъа олам гулистон намешавад. Барои онки ҳукумат дигар шавад, бояд ақаллан сарвазир бо муовинонаш, ҳамаи вазирон, раисони кумитаҳо ва прокурори генералӣ иваз шаванд."

Барномаро дар Ютуб бинед:

"Аҷамӣ" аз он нигаронӣ кардааст, ки зоҳиран раиси ҷумҳури Тоҷикистон захираи кофии кадрӣ надорад. Ӯ менависад: "ҳамон вазироне, ки ҳашт сол боз дар вазифа ҳастанд, боз аз нав тасдиқ шуданд. Ин хеле нигаронкунанда аст, зеро мардуми Тоҷикистон аз роҳбари давлат тағйироти куллии кадриро дар тамоми сохторҳои давлатӣ мехостанд."

"Муҳоҷир" айни гапро навишта ва гуфтааст, дар ҳайати ҳукумат чизе тағйир наёфт. Ва пурсидааст: "Як чизро намефаҳмам. Донишҷӯёне, ки ҳазор-ҳазор сомонӣ харҷ карда, панҷ сол мехонанд ва диплом мегиранд, ба куҷо раванд?"

Дар ин қатор онҳое низ ҳастанд, ки ҳарчанд аз тағйирот дар ҳукумат розӣ нестанд, вале гуфтаанд мунтазири тағйир дар шеваи кори вазирон мемонанд. "Муслим" дар сомонаи Радиои Озодӣ хитоб ба мансабдорон гуфтааст, дар ҳамагуна вазъият халқи одиро фаромӯш накунанд.

Баҳсҳо дар бораи тағйироти кадрӣ ва ҳайати нави ҳукумат дар сомонаи Радиои Озодӣ ва саҳифаҳои мо дар Фейсбуку Инстаграм идома дорад. Агар пешниҳоду гуфтание доред, ба воситаи ИМО-ву Вайбер ва Вотсапу Телеграм бифристед.

XS
SM
MD
LG