Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду милисаи муттаҳам ба латту кӯби Умед Ҳикоятов куҷо шуданд?


Умед Ҳикоятов

Ду маъмури милиса, ки дар латту кӯби Умед Ҳикоятов, сокини 38-солаи шаҳри Душанбе муттаҳаманд, дар куҷо ҳастанд? Дар хориҷа ё дохили кишвар? Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа посухи ин суолро аз нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон пурсидааст.

Пештар мақомоти Додситонии ноҳияи Фирдавсии пойтахт гуфта буданд, ки Сафар Додаров ва Зубайдулло Сангинмуродзода -- ду милисаи гумонбар -- аз кишвар берун рафтаанд ва ба ҳамин далел таҳқиқи парвандаи онҳо боздошта шуд. Тарафи даъвогар бовар дорад, ки онҳо дар кишваранд, вале аз ҷавобгарӣ фирор мекунанд. Хабаргузории "Азия-Плюс" низ моҳи июни имсол навишта буд, ки ду милисаи гумонбар ба ҳеҷ ҷой нарафтаанд.

Гулчеҳра Холматова, узви Эътилофи зидди шиканҷа ва вакили мудофеи Умед Ҳикоятов, рӯзи 22-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "мо мехоҳем дақиқ донем, ки онҳо воқеан аз кишвар баромадаанд, ё не. Агар рафтаанд, кай ва чӣ гуна? Агар не, боз ба Вазорати умури дохилии Тоҷикистон муроҷиат мекунем, ки масъаларо расман шарҳ диҳад."

Холматова гуфт, "бетаваҷҷӯҳии мақомоти тафтишотӣ" боис ба гурези гумонбарон аз ҷавобгарӣ шудааст. "Чанд дафъа гуфтем, агар ба ҳабси пешакӣ мегирифтанд, ин хел намешуд", -- афзуд ӯ.

Умед Ҳикоятовро рӯзи 31-уми марти имсол бо нишонаҳои "осеби пӯшидаи моядон" ва "кафидани мояҳои чапу рост" ба бемористон бурданд. Ӯ даъво дорад, ки ду нозири минтақавии милиса шиканҷааш карда, "ҳаёташро сӯзонданд".

Намояндагони Шӯъбаи корҳои дохилии Фирдавсӣ гуфта буданд, ки Умед Ҳикоятов бо иттиҳоми "вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳолати мастӣ" боздошт шуд, аммо "латту кӯб нашудааст".

Гузориш аз бойгонии Озодӣ:

Ҷавони тоҷик мегӯяд, “маро мисли буқа ахта карданд”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

Дар Додситонии ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз шарҳи парвандаи ду милиса, ки дар шиканҷаи Умед Ҳикоятов муттаҳам мешаванд, худдорӣ намуданд. Танҳо гуфтанд, ки парвандаи онҳоро ба Додситонии шаҳри Душанбе додаанд. Дар додситонии Душанбе аз шарҳи парвандаи кормандони милиса худдорӣ карданд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 21-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, милисаҳои гумонбарро аз сафи худ рондаанд ва "дар бораи ҷои буду боши онҳо мақомоти додситонӣ бояд посух диҳанд".

Дар ҳоле ки аз ҳодисаи шиканҷаи Умед Ҳикоятов 5 моҳ мегузарад, ҳеҷ як мақомоти интизомии марбут ба ин қазия намехоҳанд, дар бораи гумонбарони шиканҷаи ӯ сӯҳбат кунанд.

Чунин шеваи бархӯрди мақомот боис ба нигаронии баъзе аз коршиносон шудааст. Ҳуқуқдони тоҷик Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, "мақомоти додситонии кишвар, ки тафтиши парвандаи Ҳикоятовро пеш мебаранд, шароит фароҳам кардаанд, то кормандони пулис аз ҷавобгарӣ дур шаванд". Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт:

"Ин бори дигар аз нобаробарии шаҳрвандон дар назди қонун гувоҳӣ медиҳад, ки боиси беобрӯшавии кишвар дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад. Ин бесалоҳиятии кормандони додситонӣ аст".

Ин ҳуқуқшинос таъкид намуд, ки "мақомоти интизомии кишвар дар бештари ҳолат гуноҳҳои якдигарро мепӯшонанд, зеро аз якдигар вобаста шудаанд". Вале мақомот дар гузашта ҳамагуна пуштибонии кормандони ниҳодҳои интизомиро барои рӯйпӯш кардани ҷиноят рад кардаанд.

Қазияи латту кӯби Умед Ҳикоятов нигарониҳои зиёдеро дар ҷомеа ба миён овардааст. Фаъолони ҷомеа ва садҳо корбари шабакаҳои иҷтимоӣ ба муҷозоти милисаҳои гумонбар даъват кардаанд.

Нисбат ба Зубайдулло Сангинмуродзода ва Сафар Додаров, гумонбарони шиканҷаи Умед Иноятов бо қисми сеюми моддаи 316-и Кодекси ҷиноӣ –"баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ" парванда боз шудааст. Бо вуҷуди оғози парванда нисбат ба гумонбарон, онҳо бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист озод ва сари кор буданд. Ҳоло ба далели набуданашон таҳқиқи парванда муаллақ мондааст.

Бори аввал нест, ки кормандони милисаи Душанбе ба шиканҷаи боздоштшудаҳо муттаҳам мешаванд. Додгоҳи шаҳри Душанбе дар оғози моҳи август ба муҳокимаи чаҳор милисаи тоҷик шуруъ кардааст, ки ба шиканҷаи боздоштшудаҳо муттаҳаманд. Дар курсии айбдорӣ Фарҳод Нурхонов, Аваз Сабзаев, Икромиддини Аҳлиддин ва Умед Ваҳҳобов – кормандони собиқи Раёсати умури дохилии Душанбе – нишастаанд. Ба зидди онҳо 17 нафар шикоят кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (19)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG