Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WHO аз "фардои беҳтар" ва ҳам "ояндаи хатарнок" гуфт


Акс аз бойгонӣ

Раҳбари бахши аврупоии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) гуфт, буҳрони коронавирус дар ҷаҳон ҳанӯз паси сар нашудааст. Ҳанс Клюге 18-уми июн дар нишасти хабарии онлайн таъкид кард, азбаски воксина ва тарзи мушаххаси табобат омода нашудааст, омадани мавҷи дуюми беморӣ, ҳатто баъди фавқулода поин рафтани омори гирифторон, воқеӣ аст.

Дар ҳамин ҳол мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба мақомоти Тоҷикистон тавсия додаанд, ки меъёри фосилагирии иҷтимоиро шадидан риоя кунанд ва ҳарчи зуд Маркази ҳамоҳангсози умури фавқулодаи беҳдоштӣ таъсис диҳанд.

Баҳои мутахассиси СҶТ ба вазъ дар Тоҷикистон

Олег Стороженко, мутахассиси Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ҳоло дар Тоҷикистон аст ва рӯзи 18-уми июн дар нишасти онлайн аз корнамоии пизишкони тоҷик ситоиш кард, аммо айни замон эҳтиёҷи дастрасии бештар ба иттилоъро таъкид науд. Стороженко дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи ин ки ба вазъи беҳдоштии Тоҷикистон чӣ баҳо медиҳад, гуфт:

"Дар сафари аввалу дуюмам ба Тоҷикистон ба баъзе аз муассисаҳои тиббиву озмоишгоҳҳо рафтам. Мо шоҳиди азхудгузаштагӣ ва қаҳрамонии табибон шудем, ки ба хотири расондани ёрии тиббӣ дар шифохонаҳо зиндагӣ мекунанд. Айни замон, ба хотири ин ки тавонем ба вазъи Тоҷикистон баҳои куллӣ диҳем, ба иттилои бештар ниёз дорем, то манзара ҳамаҷониба дида шавад ва хулосаҳои дуруст ба даст ояд. Мо аз ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон истиқбол мекунем ва интизори ин ҳастем, ки ҳамкорӣ тақвият меёбад ва вазъ бар асоси машваратҳои СҶТ беҳбуд меёбад".

Вай аз ин бештар шарҳ надод ва маълум нест, манзураш аз "зарурат ба иттилои бештар" ва "тақвияти ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ" то куҷо ишора ба нокофӣ будани табодули иттилоъ миёни СҶТ ва мақомоти Тоҷикистон аст.

Дар давраи пандемия ношаффоф будани кори Вазорати тандурустӣ ва мушкили хабарнигорон барои ёфтани иттилои саривақтиву дақиқ борҳо танқид шудааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, вазифаи худро барои огоҳ кардани мардум ба воситаи матбуот ва телевизионҳои давлатӣ дуруст иҷро мекунанд.

"Мунтазири иҷозаи вазорат ҳастем"

Олег Стороженко ба суоли дигари хабарнигорон, ки то куҷо баъди сафари ҳайати аввали коршиносони СҶТ ба Тоҷикистон кишвар машваратҳои ниҳодро иҷро мекунад, гуфт:

"Сафари дуюми ман ба Тоҷикистон ба иҷрои машваратҳои сафари аввал равона шудааст. Аз ҷумла, мо бар сари таъсиси Маркази ҳамоҳангсози мудирият дар ҳолати изтирорӣ дар бахши сиҳатии ҷомеа кор мекунем. Интизори иҷозаи Вазорати тандурустӣ барои шурӯи кори марказ ҳастем. Дуюм, мо тавонистем тими ёрии изтирории Лаҳистон (Полша)-ро ба Тоҷикистон сафарбар кунем, то табодули таҷриба сурат гирад. Онҳо беморонро дар Итолиё, Полша ва Қирғизистон табобат кардаанд. Ҷудо аз ин, мутахассисони бахши ташхиси лаборатории коронавирус ҳам дар Тоҷикистон ҳастанд. Боз ҳам мунтазири иҷозати Вазорати тандурустӣ ҳастем, то ин гурӯҳ кори худро оғоз кунад."

Бар асоси иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори умумии гирифторони бемории ҳамагир то 18-уми июн ба 5279 нафар расидааст. 51 кас аз ин беморӣ фавтидаанд, аммо дар феҳрасти алтернативӣ то 13-уми июн номи беш аз 430 қурбонии эҳтимолии коронавируси нав ва илтиҳоби шушро навиштаанд.

СҶТ аз Тоҷикистон чӣ хост?

Ҳайати мутахассисони СҶТ давоми ду ҳафтаи аввали моҳи май дар Тоҷикистон буданд ва дар поёни ин сафар ба мақомот машварат доданд, ки шумори тестҳои ташхиси COVID-19-ро бештар кунад. Он замон, ба гуфтаи мутахассисон, Тоҷикистон дар як рӯз аз 200 то 250 ташхис анҷом медод. Дертар гуфта шуд, истифодаи тестҳо дар як рӯз ба 500 дона ва бештар аз он расидааст.

Машварати дигари калидии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба Тоҷикистон ин аст, ки меъёрҳои фосилагирии иҷтимоӣ шадидан риоя шавад. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон мақомот бо далелҳои, ба қавли онҳо, иқтисодӣ ва кишоварзӣ, аз ҷорӣ кардани карантини саросарӣ худдорӣ карданд. Танҳо ҳафтаи гузашта порлумони Тоҷикистон пӯшидани ниқоби тиббӣ ё муҳофизатиро ҳатмӣ кард ва барои надоштанаш аз 100 то 300 сомонӣ ҷарима таъйин намуд, вале ин қонун ҳанӯз ба иҷро надаромадааст.

Айни замон мақомот дар рӯзҳои охир дари бозорҳои либос ва сартарошхонаву кошонаҳои ҳуснро кушоданд. Аз 20-уми июн ба баргузории маъракаҳои арӯсӣ иҷозат доданд. Қарор аст аз 1-уми июл парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Узбекистону Имороти Муттаҳидаи Араб оғоз шавад. Мақомот чунин тасмимҳоро натиҷаи ба эътидол омадани вазъи вобаста ба коронавирус медонанд.

Эҳтимоли сар задани мавҷи дувум

Мутахассисони соҳаи тиб ҳушдор медиҳанд, ки хатари омадани мавҷи дуюми пандемия на танҳо дар Тоҷикистон, балки гӯшаҳои дигари ҷаҳон пойбарҷо мемонад.

Ҳанс Клюге
Ҳанс Клюге

Ҳанс Клюге, раҳбари бахши аврупоии СҶТ, дар нишасти онлайни рӯзи панҷшанбе гуфт: "Бо умеди фардои беҳтар бояд ба бадтарин ҳолат омода шавем". Ӯ афзуд, таҷрубаи баъзе аз кишварҳо, ки баъди карантини шадид якбора маҳдудиятҳоро сабук кардаанд, нишон медиҳад, хатари авҷгирии дубораи коронавирус вуҷуд дорад. Ҳанс Клюге аз Фаронсаву Узбекистон ҳамчун намуна ёд овард.

Дар посух ба суоли зарурати дар шароити пандемия барпо кардани маъракаҳои серодаме ба монанди гашти низомӣ ва ё раъйпурсӣ барои тағйири Конститутсия дар Русия, раҳбари аврупоии СҶТ гуфт, мақомот бояд меъёрҳои эпидемиологӣ ва фосилагириро риоя кунанд. СҶТ мегӯяд, бар асоси оинномааш ҳақ надорад ба ҳукуматҳои ҳамкор амр диҳад ва тамоми дастурҳояш тавсиявӣ ҳастанд.

Хабари мусбат дар фазои норӯшаниҳо

Клюге гуфт, манзури ӯ аз умедворӣ ба "фардои беҳтар" кор дар самти эҷоди воксинаи зидди коронавирус ва машварат ба истифодаи дексаметазон дар муолиҷаи беморони дучори ҳолати сангини COVID-19 мебошад. Ӯ гуфт, озмоишҳо нишон дод, ки ин дору тавони наҷоти ҷони сеяки беморони ҳолати сангинро дорад.

Дексаметазон аз солҳои 60-ум инҷониб барои коҳиш додани илтиҳоби рагу мушакҳо ҳангоми бемориҳое ба монанди артрит истифода мешавад. Мақомдорони СҶТ мегӯянд, як ҳадафи муҳими онҳо дар амри дастёбӣ ба воксинаи нави зидди коронавирус ин аст, ки баъди пайдо шудани он тамоми қишрҳои ҷомеа дар сайёра ба он дастрасии бемушкил дошта бошанд.

Ҳоло, ба гуфтаи онҳо, беш аз 100 озмоиши воксинаҳои зидди коронавирус идома доранд ва 10-12 озмоиш аллакай ба сатҳи санҷишҳои кимиёӣ гузаштаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG