Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор гуштигири тоҷик дар Корея мондаанд. Сафорат ба дигарон виза намедиҳад. ВИДЕО


Кореяи Ҷанубӣ ба гуштигирони тоҷик, ки бояд моҳи ноябри имсол дар мусобиқаи ҷаҳонӣ дар Чҳонҷу иштирок кунанд, раводид ё виза надодааст. Варзишгарон инро як ноҳаққӣ нисбати худ тафсир мекунанд.

Масъулони Федератсияи самбои Кореяи Ҷанубӣ ба ҳамкорони тоҷики худ гуфтаанд, соли 2016 чаҳор гуштигири тоҷик ба Корея рафта, дигар барнагаштанд ва мақомоти он кишвар аз такрори ин рӯйдод хавф доранд. ​Дар сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе аз суҳбат дар ин бора худдорӣ карданд. Масъулони сафорат гуфтанд, "маълумот дар бораи раводид танҳо ба соҳиби он дода мешавад".

Носир Бозоров, сармураббии дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон, рӯзи 15-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, се сол пеш варзишгарони тоҷик барои иштирок дар як мусобиқаи байналмилалӣ ба Корея рафта буданд, вале ҷузъиёти дар он ҷо мондани чаҳор гуштигирро намедонад.

"Соли 2016 бо имзои кӣ ин варзишгаронро бурдаанд? Ҳамчун сармураббӣ аз ин кор дарак надоштам. Мо ба воситаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дақиқ мекунем, нафароне, ки барнагаштанд, киҳо буданд,"- афзуд Бозоров.

Президенти Федератсияи самбои Тоҷикистон дар ин бора ҷузъиёт надод. Сармураббӣ Носир Бозоров танҳо ҳаминро гуфт, ки гурӯҳи варзишгарони тоҷик соли 2016 бо роҳбарии Маҳмуд Абдуллоев ба Корея рафта буданд.

Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, қазияро дигаргуна шарҳ дод. Вай рӯзи 15-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, соли 2016 дар Кореяи Ҷанубӣ Фестивал ё Ҷашнвораи байналмилалии ҳунарҳои размӣ баргузор гардид ва барои иштирок дар он ҳашт нафар ба сафорат барои гирифтани раводид муроҷиат карданд.

Маҳмуд Абдуллоев афзуд, дар ин миён Олим Зикаев, мураббии гуштӣ ба Федератсияи самбо муроҷиат кардааст, ки мехоҳад, се шогирдашро барои иштирок дар мусобиқот ба Корея барад ва барояш кумак кунанд.

"Мо бо ризояти раҳбарони ҳамонвақтаи Федератсияи самбои Тоҷикистон ба сафорати Корея мактуб фиристодем. Онҳо ба мо ва Олим Зикаеву шогирдонаш виза доданд. Ҳатто шогирдони Зикаевро бо либоси варзишӣ таъмин кардем. Олим Зикаев тавассути Новосибирск ба Корея рафт ва ману се варзишгари дигар ба воситаи Алмаато ба онҷо расидем, аммо тайи 2-3 рӯзе, ки дар онҷо будем, онҳоро пайдо накардем. Масъулони тадорукоти озмун гуфтанд, ки Зикаев ва шогирдонаш аз фурудгоҳ гузаштаанд, аммо ба макони мусобиқа ҳозир нашуданд", -- нақл кард Маҳмуд Абдуллоев.

Чаҳор гуштигири тоҷик, ки аз Корея барнагаштанд, киҳоянд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:45 0:00


Талошҳои мо барои пайдо кардани Олим Зикаев ва се варзишгари дигари ҳамроҳи ӯ то ин дам бенатиҷа буд. Дар Федератсияи самбои Тоҷикистон низ гуфтанд, аз соли 2016 то ин вақт намедонанд, ки Олим Зикаев ва шогирдонаш дар куҷоянд. Ба иттилои Федератсияи самбои Тоҷикистон, Олим Зикаев чанд сол мураббии гуштӣ будааст.

Қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни мардону занон қарор аст рӯзҳои 8-10-уми ноябри имсол дар шаҳри Чҳонҷуи Кореяи Ҷанубӣ баргузор шавад. Варзишгарони тоҷик дар сурати нагирифтани раводид ба Корея аз имкони гирифтани медал маҳрум мешаванд.

Солҳои ахир шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳар роҳ талош мекунанд, ки худро ба Кореяи Ҷанубӣ расонанд, ҳарчанд сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе борҳо эълон кардааст, ки бо Тоҷикистон шартномаи корӣ надоранд ва шаҳрвандони ин кишварро барои кор дар ин кишвар қабул намекунанд.

Аммо то кунун чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба воситаи шиносномаи русӣ ва раводид тиҷорати худро ба Кореяи Ҷанубӣ мерасонанд. Муҳоҷирони тоҷик дар Корея мегӯянд, тафтиши қоидаи будубош дар ин кишвар сахт нест ва агар қонуншикании ҷиддие аз муҳоҷир сар назанад, пулис ба онҳо кор надорад. "Дар ин ҷо дар муқоиса ба Русия кор бисёр аст ва маоши хуб ҳам медиҳанд",--гуфт яке аз муҳоҷирони тоҷик дар Корея.

Омори дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Кореяи Ҷанубӣ рафтаанд, маълум нест, чун мақомоти ҳарду кишвар мегӯянд онҳо аксаран ғайрирасмӣ кор мекунанд. Масъулони Вазорати меҳнати Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, ки барои расмӣ кардани сафари муҳоҷирони тоҷик ба Кореяи Ҷанубӣ талош доранд, вале ин кӯшишҳо то ҳоло бенатиҷа будаанд.

XS
SM
MD
LG