Ду муассисаи Созмони Милал аз набуди пешрафте барои ҷилавгирӣ аз ончӣ занкушӣ ё фемитсид дар ҷаҳон меноманд, хабар додаанд. Идораи муқобила бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва Бунёди занони Созмони Милал дар гузорише гуфтаанд, ки солона даҳҳо ҳазор зану духтар қурбонии занкушӣ мешаванд ва ҳеч нишонае ҳам аз кам шудани ин тамоюл ва беҳбуди авзоъ ба назар намерасад.
"Занкушӣ зуҳуроти ногаҳонӣ нест"
Гузориш дар Рӯзи байнулмилалии маҳви хушунат бар зидди зан ва рӯзи 25-уми ноябр нашр шуд. Дар гузориш омадааст, соли 2024 бештар аз 83 ҳазор зану духтарро қасдан куштаанд ва 50 ҳазор нафари онҳо ё ба дасти шарики зиндагӣ ва ё аъзои хонаводаи худ кушта шудаанд. Ба таъбири дигар, дар ҷаҳон ҳар рӯз 137 ва ё дар 10 дақиқа як духтар ё занро аз ҷони ширини хеш маҳрум мекунанд.
Муаллифони гузориши Созмони Милал гуфтаанд, ки хона барои теъдоди зиёде аз занон ва духтарон дар саросари ҷаҳон ҷойи хатарнок ва гоҳо маргбор будааст. Намояндагони Созмони Милал дар ин гузориш ба роҳҳои дигару босамари дигари пешгирӣ аз занкушӣ ва расидагии беҳтари додгоҳҳо ба занкушӣ таъкид кардаанд.
Сара Ҳендрикс, мудири бахши сиёсатгузории Бунёди занони Созмони Милал гуфтааст, занкушӣ зуҳуроти ногаҳонӣ нест, балки аксаран бо як рафтори контролкунанда, таҳдид ва озор шуруъ мешавад. Аз ҷумла, дар Интернет ё фазои маҷозӣ.
Арзёбиҳо нишон додаанд, ки занкушӣ ба дасти ҳамсар ё узви хонавода дар қораи Африқо зиёдтар аст. Дар ин қора соли гузашта 24 ҳазор занро ҳамсаронашон куштаанд. Яъне, 3 нафар дар миёни ҳар 100 ҳазор зан. Қораи Амрико аз ин назар дар мақоми дувум аст ва Уқёнусия дар ҷойи чаҳорум.
Дар қораи Осиё, ки Тоҷикистонро ҳам фаро мегирад, соли 2024 аз миёни ҳар 100 ҳазор зан, 0.7 ё наздик ба як зан қурбонии занкушӣ шудаанд. Таҳқиқот нишон додааст, ки ҷабру зулми пайваста ба зан, ё хоҳар ва нодида гирифтани он, беэътиноӣ ба бадрафториву зулми шавҳар, ё ҳар марди дигари хона сабаби қатли зан ва фоҷиа дар хонавода шудааст.
Агарчӣ соли 2024 дар умум 80 дарсади қурбониҳои одамкушӣ дар ҷаҳон мардон будаанд, аммо дар ин миён 60 дарсади занонро маҳз дар хона ё шавҳар ва ё хешовандонашон куштаанд.
Видео дар инҷост:
"Ё шавҳаронашон куштаанд, ё мардони хешованд"
Дар Тоҷикистон ҳанӯз омори алоҳида дар бораи занкушӣ нашр накардаанд, аммо интизор меравад, ҳомиёни ҳуқуқ ва пажуҳишгарон бо мусоидати Созмони Милал гузоришеро дар бораи ин тамоюл дар Осиёи Марказӣ нашр кунанд. Аммо ҷустуҷӯи кӯтоҳи Радиои Озодӣ фақат дар вебсайти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нишон дод, ки танҳо дар соли гузаштаву имсол 11 мавриди занкушӣ сабт шудааст. Ин танҳо мавридҳоест, ки вазорат дар бораи онҳо расман хабар дода, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Дар баёнияҳо дақиқ гуфта шудааст, ки занони тоҷикро ё шавҳаронашон, ё мардони хешованд ва ё ҳамсарони собиқашон куштаанд. Дар як маврид ҳатто падарандар духтари дусолаи ҳамсарашро куштааст, чун аз гиряи тифли маъсум ба хашм омадааст.
Шеваҳои қатли ҳамсарон ҳам воқеан бераҳмона будаанд. Масалан, модари 52-соларо шавҳари 58-солааш дар шаҳри Истаравшан бо бел зада кушта, ҷавонзани 32-солаи дигарро ҳамсараш то мурдан бо калтаки оҳанин задааст. Модари дигареро ҳам падари тифли навзодаш дар назди гавҳораи ҷигарбандаш нафасгир кардааст ва то ба ҳадде, ки дертар ҷон додааст. Ҳоло тифл ҳам бемодар аст ва ҳам бепадар, ки бешак барои қатли ҳамсараш зиндонист.
Мавридҳои дигар ҳам ҳаст, ки ҳамсарон ба зулму ситами пайвастаи шавҳар тоб наёварда худкушӣ кардаанд. Масалан, як зани 34-сола аз Панҷакент, ба гуфтаи Вазорати корҳои дохилӣ, аз дасти зулми шавҳари 43-сола худро ба рӯдхона андохтааст ва зани 28-солаи дигаре аз ноҳияи Зафаробод бо дастони хеш худро ба дор овехтааст.
Мавридҳои таҳдиду кордкашӣ ва суиқасд ба ҷони ҳамсар низ кам набудаанд ва Радиои Озодӣ 6 мавриди кордкаширо ҳисоб кард.
Хушунат дар оила дар Тоҷикистон, ки аксаран нисбат ба занон сурат мегирад, ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ як кори маъмулист. Дар 6 моҳи соли 2025 қариб 1800 нафар аз зӯроварӣ дар оила ба Кумитаи занон муроҷиат кардаанд. Коршиносони Созмони Милал мегӯянд, ки дар тақрибан 75 дарсади мавридҳо занони ҷабрдида лаб боз намекунанд ё ба касе барои кумак муроҷиат намекунанд, ки паёмади он гоҳо ё ҳамон занкушӣ ва худкушии духтар ва ё зане аст.