Қонуни нави афв нисбати Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон татбиқ нашудааст.
Яке аз наздикони Зайд Саидов бо шарти фош нашудани номаш 28-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот ба далели будани иттиҳоми таҷовуз ба номус дар парвандаи Саидов, ӯро шомили қонуни афв накарданд.
"Иттиҳоми таҷовуз аз аввал барои ҳамин ҳолатҳо барномарезӣ шуда буд. Мақсад ҳам беобрӯ кардан ва ба афвҳо шомил нашудани Зайд Саидов буд", - афзуд ин хешованди соҳибкори зиндонӣ.
Мақомот дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Зайд Саидов 68 сола аст ва аз соли 2013 дар ҳабсу зиндон ба сар мебарад. Қонуни нави афв, ки 16-уми июн тасдиқ шуд, озод кардани шахсони аз 55-сола болоро пешбинӣ мекунад. Вале қонун барои баъзе иттиҳомҳои вазнин маҳдудият ҷорӣ кардааст.
Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон, моҳи майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд.
Мақомот ӯро ба "суистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвахорӣ, таҷовуз ба номус, сохтакории ҳуҷҷат, тасарруфи пули давлат ва саркашӣ аз пардохти андоз" гунаҳкор ва ба 29 сол зиндон маҳкум карданд.
Худаш ва тарафдоронаш иттиҳомҳоро беасос хонда, гуфтанд, ягона сабаби зиндонӣ шудани ӯ талош барои таъсиси ҳизби сиёсии "Тоҷикистони нав" буд.
Созмонҳои байнулмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон Зайд Саидовро маҳбуси сиёсӣ дониста, борҳо бозбинии ҳукми ӯ ва раҳоияшро талаб карданд, аммо дар Тоҷикистон нодида гирифтанд.
Қонуни нави афв зиёда аз 18 ҳазор касро фаро мегирад. Аз ҷумла, 11 ҳазору 305 нафар аз зиндону боздоштгоҳ ва муассисаҳои сукунатӣ озод ва ё парвандаашон қатъ шуда, муҳлати ҷазои 6 ҳазору 733 тани дигар кам мегардад.
Мақомот мегӯянд, қонуни афв асосан нисбат ба занону ноболиғон ва занҳое, ки ҷинояти вазнин накардаанд, татбиқ хоҳад шуд.