Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Зинда аст ё мурда, писарамро ёфта диҳед”


Деҳаи Пунук дар ноҳияи Ашт
Деҳаи Пунук дар ноҳияи Ашт

Даҳҳо сокини Пунук дар ноҳияи Ашт тақрибан як моҳ боз Акмал Ҳомидови ҳамдеҳаашонро ҷустуҷӯ доранд. Ӯ рӯзи 3-юми ноябр ҳамроҳи бародаронаш ба нигоҳубини чорво ба кӯҳу теппаҳо рафта, вале нопадид гаштааст.

Ба гуфтаи пайвандонаш, Акмал Ҳомидов бори охир шоми 3-юми ноябр телефонӣ ба бародараш хабар додааст, ки “тавони ба боло баромадан надорам, омада ёрӣ диҳед”. Аммо баъд аз он телефонаш хомӯш гаштааст.

Субҳон Ҳомидов, амаки Акмал Ҳомидов, рӯзи 27-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Одамон ҳамроҳи сарбозҳо баромада, кофтанд, аммо наёфтанд. Аз чоруми ноябр кофтукобро сар карда, то ҳоло давом медиҳанд. Ҳамон ҷое, ки ба кӯҳ баромада буд, то панҷ километр атрофашро кофтанд, ҳатто барфҳоро тагурӯ карданд, аммо ягон хабар нест”.

Минтақае, ки Акмал Ҳомидов нопадид шудааст, бо Узбекистон ҳаммарз аст. Як масъули мақомоти маҳаллӣ рӯзи 27-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз он сӯи марз низ ҷустуҷӯ натиҷа надодааст.

“Телефон дар кисааш буд. Зинда аст, ё мурд, бояд ёфт шавад. Як моҳ боз даруни диламро худам медонаду Худо. Барф наборида, бачаамро ёбам гуфта истодаам. Шабу саҳар хоб надорам,” – гуфт Абдулло Ҳомидов, падари Акмал Ҳомидов.

Акмал Ҳомидови 37-сола соҳиби оила ва ду фарзанд аст. Ҳоло пайвандонаш умед доранд, ки то сардиҳои шадид ӯро меёбанд ва ба ин кор аз маъмурони наҷот дар вилояти Суғду Душанбе мадад мехоҳанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Сокини Ашт: "Зинда аст ё мурда, писарамро ёфта диҳед"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:02 0:00
XS
SM
MD
LG