Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти ҳамла ба Раҳматилло Зойиров аз забони худаш. ВИДЕО


Раҳматилло Зоиров дар наздикии хонааш дар Душанбе. 24-уми сентябри 2020

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) гуфт, ки шоми 22-юми сентябр шахсони ношинос дар наздикии хонааш дар шаҳри Душанбе ба ӯ ҳамла карда, ба сару чашмаш осеб расонданд. Раҳматилло Зойиров рӯзи 24-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳамлаварон ду нафар буданд ва "аз пушт зарба заданд". Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ҳодиса ибрози бехабарӣ карданд.

Дар се соли ахир бори дувум аст, ки раиси ҲСДТ мавриди ҳамлаи шахсони ношинос қарор мегирад. Зоиров мегӯяд, ҳамлаи ахир баъд аз бозгашти ӯ аз баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар сурат гирифт. Ҷое, ки ба қавли худаш дар бораи "тақаллубкорӣ"-и раисони баъзе аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳангоми пешвози раиси ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти зиёде ҷамъ оварда буд.

Раҳматилло Зойиров: "Шоми 22-юми сентябр, соати шашуними бегоҳ, як-ду одамро гусел карда, каме дар сари кӯча истодам. Рафтанӣ будам, ки аз пушти сар ва гарданам заданд. Ман шах шудам ва ҳатто натавонистам бубинам, ки кӣ зад. Дар ҳолати карахтӣ будам, ки зарбаи дувум бо чизи оҳанӣ ба рӯй ва пешониам расид. Эҳсос кардам, ки аз ҳуш меравам. Ҳамон лаҳза касе бо тамоми ҷуссааш маро тела дод. Бо китфи чапам ба роҳрав зада, ба дохили ҷӯй афтодам. Танҳо садои як нафарро шунидам, ки мегуфт “ба Узбекистонат баргард”. Дигар чӣ гуфтанд, дар хотир надорам. Тахминан, чаҳор ё панҷ дақиқа беҳуш будам. Баъд бо азобе аз ҷой бархоста ва бо машаққате ба хона рафтам. Дохили рахти хоб шуда, 10-12 соат хобидам. Рӯзи дигар, вақте хостам аз ҷойи хоб бихезам, натавонистам, зеро тамоми баданамро дард фаро гирифта буд. Тибқи қоидаҳои тиббӣ низ дард баъд аз тақрибан ним рӯз сахт эҳсос мешавад. Ҳамин рӯз имконият шуд, ки аз ҷой бархезаму ба рӯйи ҳавлӣ бароям ва ба ҳама хабар диҳам, ки мавриди латукӯби ҳамлагарон қарор гирифтам."

Радиои Озодӣ: Ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар бораи латукӯб шудан шикоят кардед?

Рахматилло Зойиров: "Ман ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бовар надорам. Ба ин хотир аризае ҳам нанавиштам. Ҳамин хабари ман дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо худ бояд кофӣ бошад. Се сол пеш низ ҳамла сурат гирифта буд. Он замон бархе аз ҳамлагаронро шинохта будам, вале дар муддати се сол дар таҳқиқи ин ҳодиса ҳеч пешравӣ нест. Баръакс, мақомот ҷонибдорони ҳизб ва наздиконам ва ҳамсояҳои маро зери фишор қарор медиҳанд. Ба ин хотир, ба хулосае расидам, ки набояд бо аризаи нав вақти худро беҳуда сарф кунам. Бавижа, ки ман ҳатто чеҳраи ҳамлагаронро надидаам, танҳо медонам, ки ду нафар буданд ва яке зарба заду дувумӣ тела дод. Чеҳраҳояшонро надидам ва ҳатто намедонам чанд сола буданд."

Радиои Озодӣ: Дар бораи сабабҳои эҳтимолии ҳамла назаре доред?

Рахматилло Зойиров: "Албатта, ин ҳамла характери сиёсӣ дорад. Шоми 20-уми сентябр аз сафари хизматӣ аз баъзе шаҳру ноҳияҳо баргаштам. Дар бораи тақаллубкорӣ ҳангоми пешвози президенти Тоҷикистон маълумоти зиёд ҷамъ оварда будам. Дар бораи корзори интихоботӣ. Ба ман ду-се рӯз вақт даркор буд, ки тамоми маълумоти ҷамъкардаро коркард ва таҳлил карда, сипас нашр кунам. Як рӯз пеш аз ҳамла ба ин кор шуруъ карда будам. Ҳоло наметавонам дар бораи сабабҳои ин ҳамла дақиқ бигӯям, вале он ба интихобот ва сафарҳои ман ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста буд."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Зойиров гуфт, ки афроди ношинос ӯро задаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:51 0:00

Радиои Озодӣ: Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон интихоботи президентиро таҳрим кард, пас, чаро ба ҷамъоварии маълумот иқдом кардед?

Раҳматилло Зойиров: "Дуруст, ҳизби мо ин интихоботро таҳрим кард, вале таҳрим кардан низ як навъи ширкат дар интихобот аст. Вақте шахс интихоботро таҳрим мекунад, вай метавонад сафар кунад, маълумот ҷамъ орад ва нишон диҳад, ки ин интихобот ғайриқонунӣ аст. Яъне, таҳрим ба маънии хомӯш нишастан дар як ҷой нест. Таҳрим низ як навъи ширкат дар интихобот, вале бар зидди ин интихобот аст. Мо ба хотири эътироф накардани натиҷаҳои интихобот дар он ба ин тарз ширкат мекунем."

Раҳматилло Зойировро моҳи октябри соли 2017 низ дар наздикии хонааш зада буданд. Он вақт сиёсатмадор ҳамларо "тарҳрезишуда" дониста ва гуфта буд, дар пайи он дасти рост, китф ва тахтапушташ осеб дид. Аммо пас аз тақрибан як моҳи ҳамла таҳқиқи парванда қатъ шуд, чун мақомоти умури дохилӣ гуфтанд, ҳеч яке аз муттаҳамонро ошкор карда натавонистанд.

Ҳодисаи ахир дар ҳоле сурат гирифтааст, ки қаблан дар бораи ҳамла ба манзили Ёқуб Салимов, вазири пешини корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузориш шуд, вале баъдан писараш ва саҳифаҳои наздик ба мақомоти умури дохилӣ онро рад карданд.

Илова ба ин, Тоҷикистон дар остонаи интихоботи президентӣ қарор дорад ва Ҳизби сотсиал-демократ онро таҳрим ё бойкот кардааст. Шӯрои сиёсии ҳизб гуфт, таъини интихоботи президентӣ дар санаи 11-уми октябр "ғайриқонунӣ" аст ва раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳақ надорад, раиси ҳизби сиёсӣ бошад.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон моҳи марти соли 1998 дар Вазорати адлия сабтином шуда, ягона нирӯи мухолиф дар дохили кишвар шумурда мешавад. Ин ҳизб замоне сабтином гардид, ки Раҳматилло Зойиров ба ҳайси мушовири ҳуқуқии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон кор мекард. Зойиров пас аз сабтиноми ҳизб дар Вазорати адлия аз мушовирии президент истеъфо дод ва ба фаъолияти худ ҳамчун раиси ҲСДТ идома дод.

Шарҳҳоро бинед (49)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG