Бо сард шудани ҳаво ва наздик омадани зимистон гарм кардани хонаҳо дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон ба масъалаи муҳим табдил мешавад. Сокинон имсол ҳам мисли солҳои пеш барқро бо маҳдудият мегиранд ва ангишту ҳезум захира мекунанд, то сарморо бидуни осеб паси сар кунанд. Аммо мардум то куҷо тавони захира карданро доранд ва ба зимистон чӣ гуна омодагӣ дидаанд?
Насиба Соатова, сокини маҳаллаи Ҳоҷиёни ноҳияи Рӯдакӣ, мегӯяд, барои омодагӣ ба зимистон каме ҳезум дорад, вале то ҳол ангишт нахаридааст, чун гарон аст.
"Қимат аст. Зӯрамон намерасад. Ба мактаби кӯдакон медиҳем, либос мехарем, пуламон ба ангишт намерасад. Зимистони гузашта дароз шуд. Хунук буд, азоб кашидем. Кӯдакон касал шуданд. Ангишт надоштем, ҳезум тамом шуд, дар моҳи феврал азият кашидем," – нақл кард ӯ.
Насиба Соатова ва ҳамсояҳояш дар шабонарӯз то 13-14 соат барқ надоранд ва ҳар чӣ бештар барқашонро қатъ кунанд, ҳамон андоза зудтар захираашон тамом мешавад.
Абдумуталиб Қодиров барои бе мушкил паси сар намудани зимистон пиёзу картошка захира карда, таъмини хӯроки чорвояшро низ ба нақша гирифтааст. Ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ гуфт: "Барои зимистон ангишт захира кардем. Аз ноҳияи Айнӣ аст. Як гов дорем, кунҷора, ҷав, нони қоқу алаф захира кардем. Баъд камтар картошка харидем. 100 кило пиёз ҳам гирифтем."
Қодиров мегӯяд, захираи кардаашон то кай мерасонад, ба чӣ гуна омадани зимистон ҳам бастагӣ дорад: "Ин кам аст, ба ҳар ҳол, инҷо бояд пур шавад, то як зимистонро гузаронем."
Дар зимистон гоҳе сокинони Душанбе ҳам мисли маҳалҳои дигар аз мушкили барқ ё низоми гармидиҳӣ нигаронанд. Акбар Яъқубов дар маҳаллаи Бадахшони шаҳри Душанбе ба сар мебарад ва ҳоло ба зимистон омодагии пурра нагирифтааст. Дар гӯшае аз ҳавлияш ҳезум ҷамъ кардааст, ки ба қавли ӯ “то нисфи зимистон намерасонад”.
Ӯ мегӯяд, дар сардиҳо шиддати барқашон паст мешавад ва зӯри печҳои барқӣ ба гарм кардани манзилашон намерасад: “Зимистон барқ камтар кам мешавад, аз ин рӯ маҷбур мешавем, ки ангишту ҳезум ёфта, дар хонаҳоямон гармиро муҳайё кунем.”
Яъқубов умед дорад, ки имсол мақомот ба мушкилашон таваҷҷуҳи бештар медиҳанд. Дар шаҳрдории Душанбе бо вуҷуди тамосҳои батакрори мо шарҳ надоданд, ки чӣ омодагие ба зимистон доранд.
Дар Тоҷикистон Ситоди ҷумҳурии омода намудани бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба тирамоҳу зимистон амал мекунад, вале натиҷаи кори он на ҳамеша ба расонаҳо маълум аст. Ҳамсуҳбати мо, Акбар Яқубов, намедонад чунин ситоде барои зимистонгузаронӣ ба онҳо чӣ ёрӣ карда метавонад, вале роҳи ҳалли мушкилашонро дар поин овардани арзиши маводи сӯхте медонад, ки бо далели гарон будан то ҳол нахаридааст.
Эҳтимол меравад, зимистони имсола сардтар аз гузашта бошад ва ин хабар сокинонро дар Тоҷикистон бештар нороҳат мекунад.
Назари бештар дар бораи омодагӣ ба фасли сармо дар Тоҷикистон: