Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Вакилони Маҷлиси намояндагон тарҳи қонунеро қабул карданд, ки аз ширкату корхонаҳо талаб мекунад, ба Тоҷикистон маҳсулоти ғанишуда бо витаминҳои гуногунро ворид кунанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон тарҳи қонунеро қабул карданд, ки аз ширкату корхонаҳо талаб мекунад, ба Тоҷикистон маҳсулоти ғанисозишуда бо витаминҳои гуногунро ворид кунанд. Ҳадаф таъмини аҳолӣ бо маводи хӯрокаи баландсифат ва муфид барои саломатии инсон будааст.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки Чин дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пойгоҳи вижа месозад, вале он ба низомиёни тоҷик тааллуқ хоҳад дошт.
Дар авҷи фирор аз Афғонистон паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон аз кори дафтари Созмони Миллали Муттаҳид дар Душанбе норозигӣ мекунанд, вале намояндагии ин созмон мегӯянд, вазифаи кумакрасонии худро ба гурезаҳо анҷом медиҳанд.
Вакилони Маҷлиси Намояндагон аз тарҳи қонуне ҷонибдорӣ карданд, ки дар он қатъи муваққатии ваколати додрасҳо пешбинӣ шудааст. Бар асоси тарҳ, пас аз боздоштани ваколати додрас, муфаттишон рафтори додрасу ҷиноятеро, ки эҳтимол аст ба он муттаҳам шавад, тафтиш мекунанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарҳи қонуне ҷонибдорӣ карданд, ки дар он қатъи муваққатии ваколати додрасҳо пешбинӣ шудааст.
Модари Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик мегӯяд, писараш гуноҳе накардааст ва набояд зиндонӣ мешуд. Ӯ умедвор аст, мақомоти олии кишвар ба парвандаи ӯ мудохила мекунанд.
Аз эълони пуркунии ариза барои дарёфти Green Card (гринкорт, корти сабз)-и Амрико ду ҳафта мегузарад, аммо ҳанӯз назди марказҳое, ки ба таҳияи ҳуҷҷати сокинон машғуланд, пур аз одам аст.
Садҳо сокини Тоҷикистон, ки аз бекорӣ ё камии маош ранҷ мекашанд, мехоҳанд, бахти худро барои роҳ ёфтан ба "кишвари имкониятҳо" бисанҷанд.
Шаҳрдори Душанбе хабар дод, ки нархи роҳкиро дар ҳама намуд нақлиётҳои ҷамъиятии пойтахт боло меравад.
Мақомоти Тоҷикистон дар пайи як огоҳии ҷониби Русия, ки аз эҳтимоли сирояти полиомиелит ё фалаҷи атфол (навъи дувум) нигарон аст, сафари кӯдакони то шашсоларо ба он кишвар маҳдуд кардаанд.
Рӯзи сеюми октябр ба таъсиси телевизиони тоҷик 62 сол пур шуд. Ба қавли собиқадорони соҳа, телевизиони тоҷик кори худро дар шароите оғоз кард, ки аз лиҳози дастрасӣ ба дастгоҳву таҷҳизот ва мутахассис камбуди ҷиддӣ дошт.
Интихоби раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф дар Тоҷикистон рӯзи 30-юми сентябр ҷанҷолбарангез шуд. Муовини вазири маориф мехост, раиси навро "бо мувофиқа" ва дар ҳузури вазири маориф ва раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ интихоб кунанд, аммо вакилони анҷуман напазируфтанд.
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе як муҳандиси ширкати "Ёқут 2000"-ро ба "вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар сохтмон", ки боис ба маъюб шудани Сиёвуш Акобиршоеви 25-сола шуд, ду сол аз озодӣ маҳрум кард, аммо бар асоси қонуни афв озод намуд.
Баҳси Сиёвуш Акобиршоев бо ширкати "Ёқут-2000", ки сабаби маҷруҳ шуданашро дар бетаваҷҷӯҳии раҳбарияти ширкат медонад, дар додгоҳ ба поён расид, аммо масъалаи пардохти ҷуброни зарар норӯшан боқӣ монд.
Додгоҳи шаҳри Турсунзода хушдомани як арӯси ҷавонмаргро бо гуноҳи ба худкушӣ расондани келинаш ба 5 сол зиндон маҳкум карда, ҳамзамон, бар асоси қонуни афв якуним сол ҳабси ӯро кам намудааст.
Ёфтҳои бештар