Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйирот дар кори тоҷирону овозхонҳои тоҷик. Сабукӣ ё ташвиши дигар? ВИДЕО


Мақомот тасмими худро сабукӣ ба тоҷирон мегӯянд, соҳибкорон баръакс
Мақомот тасмими худро сабукӣ ба тоҷирон мегӯянд, соҳибкорон баръакс

Ҳукумати Тоҷикистон тарзи молиётгирӣ ё андозситониро тағйир дода, фаъолият бо патентро барои бисёриҳо, аз ҷумла соҳибкорону овозхонҳо ва устоҳои мошину омӯзгорони хусусӣ, аз байн бурд. Бар асоси муқаррароти нав, бештар ронандагони мошинҳои боркашу мусофирбар патент мегиранду бас.

Дар инҷо ягон дастгирӣ маълум нест. Ин ба чӣ оварда мерасонад? Ба ташкил додани ширкатҳои сунъӣ, ширкатҳои якрӯза.
Фозилҷон Фатуллоев

Масъулони Кумитаи андоз аз тоҷирон талаб доранд, ки ба ҷойи патент "шаҳодатномаи дорои шартҳои махсус" бигиранд, вагарна ҷарима хоҳанд шуд. Қарор 7-уми апрели имсол нашр шудаву мақомот онро сабукӣ медонанд. Соҳибкорон аз эҳтимоли бештар шудани тафтишу харҷҳои зиёд нигаронанд.

Киҳо аз патент маҳрум шуданд?

Зуҳайл Ҷабборов, сармутахассиси Раёсати такмили қонунгузории Кумитаи андоз, мегӯяд, бар асоси тартиби нав даромади онҳое, ки бо патент кор мекунанд, набояд аз 200 ҳазор сомонӣ зиёд шавад. Қаблан ин даромад дар як сол то 100 ҳазор сомониро дар бар мегирифт.

"Онҳое, ки бо шаҳодатнома бо шартҳои махсус кор мекунанд, бояд даромади солонаашон аз 500 ҳазор сомонӣ нагузарад," -- афзуд ӯ.

  • Ҳоло соҳибкорону овозхонҳо,
  • аккосон,
  • барандагону навозандаҳо,
  • раққосон,
  • наворбардорони тӯю маъракаҳо,
  • оҳангарон,
  • коргарони сохтмону таъмиргарон,
  • устоҳои мошин,
  • моликони осиёбҳои хурди обӣ ва
  • муаллимони хусусӣ аз гирфитани патент маҳрум ва ба дарёфти шаҳодатнома водор шудаанд.

Ҳадаф аз ҷорӣ намудани ин дигаргуниро намояндагони Кумитаи андоз пешниҳоди як навъ имтиёз ё дастгирӣ ба соҳибкорон меҳисобанд. "Бо шартнома ҳуқуқ доранд, ду корманди кироя бигиранд, аз хориҷи мамлакат молу маҳсулот биоранд. Илова ба ин, гузашта аз низоми патентӣ ва шаҳодатнома бо шартҳои махсус бепул ва бе санҷиш гузаронида мешавад," – афзуд ӯ.

Тоҷирон аз чӣ нигаронанд?

Аммо баъзе аз тоҷирон аз он нигаронанд, ки бо гирифтани ин санад, вазифадор мешаванд, дастгоҳи назорати хазинавиро насб кунанд ва аз ҳисоби коргарони кироя низ молиёт ё андоз супоранд, ки ба зиёнашон хоҳад буд. "Бо ҷорӣ гардидани қоидаҳои нав табиист, ки санҷишу тафтишҳои мақомот бештар мешавад ва ин бар зарар мешавад," -- гуфтанд чанде аз онҳо.

Ҷаҳонгир Насриддинов, тоҷири тоҷик, рӯзи 11-уми апрел гуфт, "тӯли чанд сол бо патент кор мекунем, 500 сомонӣ андоз месупорем. Пешниҳоди соҳибкорон ин буд, ки патентро бо шаҳодатнома иваз накунанд. Вақте шаҳодатнома мешавад, нархаш бисёр мешавад, ҳарчанд ҳоло мегӯянд, ки дар сатҳи пешина мемонад. Ҳоло савдо суст ва хариди мол камтар шудааст."

Соҳибкорони инфиродӣ вазифадор шудаанд, дар фурсати хеле кӯтоҳ, то якуми июли имсол, шаҳодатнома бо шартҳои махсусро дастрас кунанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Баъзе соҳибкорон аз он нороҳатанд, ки ҷойи патентро шаҳодатнома мегирад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00

"Дар инҷо ягон дастгирӣ нест"

Коршиносон бар инанд, ки ҷорӣ намудани қоидаи нав дар низоми андозбандӣ як роҳи дигари пур намудани буҷаи давлат буда, иддаои ҳар гуна сабукӣ ба бахши соҳибкориро зери суол мебарад.

Ба қавли иқтисоддон Фозилҷон Фатуллоев, "дар инҷо ягон дастгирӣ маълум нест. Ин ба чӣ оварда мерасонад? Ба ташкил додани ширкатҳои сунъӣ ва ширкатҳои якрӯза."

Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор ширкату хоҷагӣ ва тоҷирони инфиродӣ ҳастанд, ки бахши аъзами онҳо бо патент кор мекунанд.

Дар як соли охир беш аз 20 ҳазор нафар фаъолияти худро бас кардаанд, ки як далелаш, ба гуфтаи таҳлилгарон, тафтишҳои беасосу пайдарпай аст. Мақомот соли гузашта бо ислоҳи қонуни андоз гуфта буданд, ки ба тоҷирон сабукии бештар доданд.

XS
SM
MD
LG