Cоли 2004 ба ҳайси хабарнигор дар вилояти Хатлон бо Радиои Озодӣ бипайваст. Дертар гузоришгар дар Душанбе таъин гардид.
Соли 1973 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Пас аз хатми факултаи журналистика ва тарҷумонии ДДМТ дар соли 1996 дар нашрияҳои "Ҷумҳурият" ва "Рӯзи нав" ба ҳайси мудири бахш кор кардааст.
Бо пешниҳоди Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон нархи маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла газу бензин ва солярка дар бозорҳои кишвар 10 дар сад поин оварда шуд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои дастгирӣ ё ҳимоят аз соҳибкорон 300 рӯзи ислоҳот эълон кард.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар оғози паёми солонаи худ ба порлумони кишвар, ба рушди иқтисодии кишвар, аз ҷумла саноатӣ кардани кишвар, дахл кард.
Теъдоде аз сокинони яке аз хиёбонҳои Душанбе шикоят доранд, ки мақомоти расмӣ бар хилофи қонун амал карда, ба онҳо дар ивази хонаҳояшон ҷуброни кофӣ надодаанд.
Ҳукумати Узбекистон муҳлати убур ё транзити мошинҳои борбари Тоҷикистонро аз қаламрави ин кишвар то 5 рӯз дароз кард. Дар гузашта ронандаҳои мошинҳои борбари Тоҷикистон ҳақ доштанд, ҳамагӣ се рӯз дар ҳудуди Узбекистон бимонанд, вагарна барои ҳар як рӯз 70 доллар ҷарима мешуданд.
Аз фарорасии зимистони тақвимӣ наздик ба 20 рӯз мегузарад, вале дар мавсиме, ки онро мардум "чиллаи зимистон" меноманд, дар ноҳияи Данғара баҳори ҳақиқӣ ҳукмфармост.
Зимистони имсол ҳавои Тоҷикистон, ба вижа ҳавои вилояти Хатлон, аз меъёр баландтар аст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон шоҳиди он шуданд, ки 18-уми декабр дар ноҳияи Данғара гули бодом шукуфта буд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ноҳияи Данғара - макони нопадидшавии фармондеҳи собиқ Саъдӣ Холмуродов гузориш медиҳанд.
Полковник Саъдӣ Холмуродов, маъруф бо лақаби “Саъдӣ-Командир” ва дар гузашта аз тобеони генерал Сӯҳроб Қосимов, дар дарёи Вахш ғарқ шудааст.
Дар шаҳри Душанбе дар ҷойи нишони пешини Тоҷикистон сохтмони поя ва сутуни баландтарин соат дар пойтахти кишвар шурӯъ шудааст.
Додгоҳи олии Тоҷикистон иддаои Каромат Шариповро дар бораи шаҳрванди ин кишар набуданаш рад кардааст. Масъулони Додгоҳи олӣ ахиран дар як ҳалнома гуфтаанд, ки Шарипов дар ҳудуди Тоҷикистон зода шуда ва шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Як нозири Бозрасии Давлатии Автомобилӣ дар роҳи Ҳисор духтари нуздаҳсоларо пахш кардааст. Афсар худро гунаҳкор намедонад, ҷабрдида дар бемористон аст.
Манзили беш аз дуним аҳолии як маҳаллаи Душанбе беш аз ду даҳсола боз дар ҳеч куҷо сабтином нашуда ва “дар ҳаво муаллақ мондааст”. Сокинони ин хонаҳо ҳақ надоранд, ки худро дар манзили зисташон сабтином кунанд.
Манзили беш аз дуним ҳазор аҳолии як маҳаллаи Душанбе беш аз ду даҳсола боз дар ҳеч куҷо сабтином нашуда ва “дар ҳаво муаллақ мондааст”.
Ҷасади 5 узви як хонаводаро, ки дар садамаи нақлиётӣ дар Русия ҷон доданд, нисфирӯзии 8 декабр дар Файзобод ба хок супурданд.
Ҳамасола беш аз 500 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар 8 маркази амрикоӣ дар ин кишвар забони англисӣ ва донишҳои худро тақвият медиҳанд.
Порлумони Тоҷикистон барои ворид кардани доруи пастсифат ва муҳлаташ гузашта, инчунин, ба бемориҳои сироятии ВИЧ/СПИД ва ҳепотит гирифтор кардани муштариҳо дар дандонпизишкиву кошонаҳои ҳусн, аз 2 то 4 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз 5 то 8 соли зиндон ҷазо таъйин кард.
Мақомоти Душанбе рӯзи 4-уми декабр чандин автобуси навро ба истифода доданд, то аз ин тариқ ҳузури мусофирбарҳои хурдро дар кӯчаҳои пойтахт камтар кунанд. Онҳо мегӯянд, мусофирбарҳои худ баъзан сабаби танбашавии нақлиёт мешаванд. Сокинон дар ин бора чӣ мегӯянд? Дар навор бубинед.
Ёфтҳои бештар