Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Қатъи барқ дар як корхонаи саноатии Кӯлоб боиси садҳо ҳазор сомонӣ зиён дидани соҳибкори маҳаллӣ ва бекор мондани даҳҳо нафар шудааст.
Дар шаҳри Кӯлоб марказе сохтанд, ки аз тариқи он, ба воситаи қатораҳои боркаш, молу маҳсулотро то Туркия интиқол медиҳанд.
Фарзонаи Алихон, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки маъюб асту барои наварӯсон либос медӯзад, барояшон орзуи хушбахтии доимӣ мекунад.
Боз тирамоҳ ва боз шикоятҳои пайиҳам аз набудани нерӯи барқ дар минтақаҳои Тоҷикистон. Мардум гила доранд, ки мақомот пули истифодаи барқро саривақт мегиранд, вале бе ягон огоҳӣ онҳоро рӯзонаву шабона аз гармиву рӯшноӣ маҳрум мекунанд.
Мулло Ҳайдар Шарифзода, рӯҳонии шинохта дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, як ҷавон ба ӯ бо "элеткрошокер" ҳамла кард, вале ангезааш маълум нест. Маъмурони милиса ҳодисаро тасдиқ карда, дар айни ҳол гуфтанд, ки ҳамлавар бемори рӯҳист.
Яке аз мактабҳо дар маркази шаҳри Кӯлоб нерӯи барқ надорад ва муаллимону хонандагон намедонанд, кай дабиристони онҳо бо неруи барқ таъмин мешаваду дарси дуруст мехонанд.
Як мактаби миёна дар маркази шаҳри Кӯлоб, ки 1300 хонанда дорад, як моҳ боз бе нерӯи барқ мондааст. Масъулони мактаб гуфтанд, ки барои ҳалли масъала ба мақомот нома фиристоданд. Дар идораи барқ мегӯянд, мушкил сари сим аст, вале намегӯянд, кай ҳал хоҳад шуд.
Мақомот дар маркази ноҳияи Балҷувон барои ҳифзи арчазор дасту остин барзадаанд. Дар майдони марказии ноҳия, ба гуфтаи мақомот, арчаҳое шинонда шудаанд, ки ба офтоби сӯзони Тоҷикистон тоб намеоранд, барои ҳамин бояд дар солҳои аввал дар ҳаққи онҳо дигаргуна ғамхорӣ кард.
Дар ноҳияи Балҷувон пас аз солҳо истихроҷи нафтро дигарбора аз сар гирифтанд. Дар замони шӯравӣ аз ин минтақа ҳазорон тонна нафту газ истихроҷ мекарданд. Ҳоло конҳои нафти Балҷувон дар кадом вазъ қарор дорад?
Як марзбони 23-солаи тоҷикро, ки рӯзи 14-уми сентябр, ҳангоми даргирӣ дар сарҳади кишвар бо Қирғизистон кушта шуд, дар зодгоҳаш, ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, дафн карданд. Пайвандонаш гуфтанд, Сафаралии Ҳасан 23-сола буд ва бояд то ду ҳафтаи дигар хидматро дар артиш ба поён мерасонд.
Дар соҳили рӯди Панҷ, аз тарафи Афғонистон, садҳо нафар ҳар рӯз машғули заршӯйӣ ҳастанд. Толибон ба мардуми камбизоати онҷо иҷоза додаанд, ки зар биёбанду зиндагиашонро пеш баранд.
Дар заминҳои обии ноҳияи Данғара, ки ҳосили аввалаш – гандумро бардоштанд, моҳи август бояд кишти такрорӣ сурат мегирифт.
Рӯзи 1-уми сентябр соли нави таҳсил дар мактабу донишгоҳҳои Тоҷикистон шуруъ шуд. Имсол беш аз 272 ҳазор бори аввал ба мактаб рафтанд. Дар рӯзи аввали таҳсил мақомот аз нарасидани омӯзгорон дар мактабҳо нигаронӣ карданду донишгоҳҳо аз камбуди донишҷӯён.
Рӯзи 1-уми сентябр дар як деҳаи дурдасти Ховалинг даҳҳо хонанда ба мактабе барои таҳсил рафтанд, ки бо кумаки соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфтааст. Дар суҳбат бо ҳамкорамон Маҳмудҷон Раҳматзода ин соҳибкор изҳор намуд, ки мушкили омӯзгорони мактаб низ фаромуш нашудааст.
Омина Худойқулова дар озмуни забони англисӣ дар Лондон соҳиби медали тило шудааст.
Дар Форуми байналмилалии иқтисодӣ дар Кӯлоб 15 санади ҳамкорӣ имзо шудааст.
Сокини Кӯлоб Фирӯза Абдуллоева дар остонаи шурӯи соли нави таҳсил нороҳат аст.
Дар Тоҷикистон солҳост, ки баҳси харидани либосҳои мактабӣ идома дорад. Теъдоде аз волидон мегӯянд, мактабҳо бо ширкату корхонаҳои алоҳида шартнома доранду либоси ягона бисёр гарон ва хариди он барои хонаводаҳои серфарзанд миёншикан аст.
Баъди як гузориши Радиои Озодӣ аз 16-уми август дар бораи нопадид шудани ёдгорӣ ба хотири гиромидошти ёди сайёҳони хориҷӣ, ки дар ноҳияи Данғара кушта шуданд, рамзи оҳанин ба ҷояш баргашт.
Ёфтҳои бештар