Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Додситони низомӣ дар минтақаи Кӯлоб гуфт, дар даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш ҳеч мавриди "сарбозшикор" (облава)-ро сабт накардаанд. Хабарнигорону сокинон аз чанд ҳолати бо зӯр бурдани ҷавонон ба артиши Тоҷикистон мегӯянд.
Раиси вилояти Хатлон гуфт, омори вобаста ба замини кишти картошка дар ноҳияи Муъминобод, ки ба қавли ӯ дар рӯйи коғаз дигару дар асл дигар буд, боис ба барканории раиси ноҳия шудааст.
Раиси вилояти Хатлон аз аҳволи бади як пул дар ноҳияи Восеъ аз Фейсбук хабардор шудааст ва баъди он ки навори афтодани як дучархасаворро дар ин шабакаи иҷтимоӣ дидааст. Дар ду сол аз болои пули дешаи Шоҳбика дар Восеъ ду нафар афтода ва дасту пояшонро шикастаанд.
Саидамир Зуҳуров, раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, муовини сарвазир, Вазири корҳои дохилӣ ба синни 70 расид. Ҳоло ӯ дар ҳалқаи фарзандону наберагон даврони пирӣ меронад.
Додситонии низомӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ҳеҷ ҳолати “облава” ё бо зур бурдани ҷавонон ба сафи артиш дар даъвати тирамоҳии соли гузаштар сабт накардааст. Хабарнигорон ва сокинон аз даҳҳо ҳолати бо зур бурдани ҷавонон ба артиш сӯҳбат мекунанд.
Додситони Кӯлоб гуфт, ба зидди шахсе, ки дар кӯдакистони шаҳр рӯйи хурдсолонро сӯзондааст, парванда кушоданд ва ба зудӣ барои муҳокима ба додгоҳ мефиристанд.
Дар замони авҷ гирифтани бемории СОVID-19 дар баҳори соли гузашта дар Тоҷикистон, ҳамдеҳагон рафтуоро ба хонаи Ҷумъа Латипов ва Зумрад Фахриева дар деҳаи Сафедоби ноҳияи Шамсиддини Шоҳин қатъ карданд.
Дар Тоҷикистон назарҳо ба кори маъмурони милиса яксон нест. Иддае онҳоро барои кори вазнину маоши кам ситоиш, аммо баъзеи дигар ба тамаъҷӯиву суистифода аз мақом танқид мекунанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ ҳафтаи гузашта ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рафт, то зиндагии мардумро дар айёми зимистон аз наздик бибинад. Аксҳои зер аз гӯшаҳои ин ноҳияи дурафтодаи Тоҷикистон, аз ҷумла деҳаи Сафедоб ва наздикии дарёи Панҷ ҳастанд.
Дар давраи таътил дар байни бачаҳо китоб тақсим мекунанд, то бачаҳо "бекор нашинанд." Маҳмудҷон Раҳматзода ба хонаи ду хонандаи як мактаб рафт ва ин гузоришро фиристод.
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ду сокини як деҳа барои порчаи замин солҳост, ки баҳс доранд. Почохон Зарифзода, раиси ноҳия, барои ин замин се қарор имзо кардааст. Ду қарор ба Ёраҳмад Одинаев ва як қарор ба Зайдулло Ибодов дахл дорад.
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ду сокини як деҳа барои порчаи замин солҳост, ки баҳс доранд ва пойи додситониву раиси ноҳия ва мақомоти дигар ҳам ба он кашида шудааст. Моҷаро ҳанӯз тамом нашудааст.
Як зан аз ноҳияи Восеи вилояти Хатлон иддао дорад, ки хатои пизишкон ӯро умрбод аз таваллуди фарзанд маҳрум кардааст.
Дар Тоҷикистон пас аз чанд моҳи маҳдудият барои баргузор кардани маъракаҳои оммавӣ ба хотири ҷилавигирӣ аз паҳншавии коронавирус дубора бузкашӣ иҷозат дода шуд.
Соли 2020 барои беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ҳисоби кор дар хориҷ, бахусус Русия, чархи рӯзгори хешро мегардонанд, соли пурчолиш будааст.
Пас аз ду соли интизорӣ 25 оилаи деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор, ки сел хонаҳои онҳоро бурд буд, соҳиби сарпаноҳи нав шуданд. Хонаҳо бо дастгирии Бунёди хайрияи Қатар дар наздикии хонаҳои пешина, вале дар маҳалли амн аз фалокатҳои табиӣ сохта шуданд.
Додситонии вилояти Хатлон фаъолияти кории ду бародари чӯпонро, ки ду сол пеш аз вазифа барканор шуда буданд, дубора тафтиш мекунад.
Ёфтҳои бештар