Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот ваъда додаанд, як пули "беобрӯ"-и Восеъро таъмир мекунанд.ВИДЕО


Пули вайронаи Шоҳбикаро кай таъмир мекунанд?

Раиси вилояти Хатлон аз аҳволи бади як пул дар ноҳияи Восеъ аз Фейсбук хабардор шудааст ва баъди он ки навори афтодани як дучархасаворро дар ин шабакаи иҷтимоӣ дидааст. Дар ду сол аз болои пули дешаи Шоҳбика дар Восеъ ду нафар афтода ва дасту пояшонро шикастаанд.

Сокинон мегӯянд, бо вуҷуди ин фалокатҳо, мақомот ҳеҷ саъйе барои таъмири пули сӯроху шикаставу вайрона накардаанд. Видеои афтодани ин дучархасавор 19-уми январ дар саҳифаи Фейсбуки Радиои Озодӣ нашр шуд.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатон ҳам онро дидааст, ки дар яке аз нишастҳои хабариаш онро шарҳ дод: “Миннатдорӣ кардам, ба расонаи хабарие, ки аз ноҳияи Восеъ бачаҳо дар Фейсбук гузоштанд. Як купрӯки шикаста, ки бо дучарха рафта, дар онҷо меафтад. Раиси ноҳия ва дигару дигарашро ёфта пурсидам, ки чанд моҳ боз шикаста аст? Баъд гуфтем, наход як пилта гузошта нашавад.”

Пули "беобрӯ"-и Шоҳбикаро таъмир мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00

Баъди ин суҳбату дастури раиси вилоят идораи роҳсозӣ ва раиси ноҳияи Восеъ барои таъмири пул дасту остин барзадаанд. Онро соли 2019 як мошини боркаши Камаз, ки ҳақ надошт, бо бори зиёд аз он бигзарад, вайрон кардааст. Мақомот ронандаро 5000 ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд, вале худи пулро зоҳиран фаромӯш карданд. Ҳоло Қурбон Ҳикматуллоев, раиси идораи роҳсозии ноҳияи Восеъ мегӯяд, ки тарҳи таъмири пул бо арзиши 1 миллиону 128 ҳазор сомонӣ омодааст: “Як Камаз ду пилтаашро шикаст, 5000 ҳазор сомонӣ супорид, вале қимати як плита 6000 сомонӣ аст. Барои ин купрӯк лоиҳа ҳаст.”

Ҳоло аз болои пул мошин намегузарад ва мошинҳо то назди пул меоянду, вориди деҳа намешаванд. Сокинон барои расидан то хона мустақим намеоянду аз роҳҳои деҳаҳои ҳамсоя истифода мебаранд. Қурбоной Аҳмадова, сокини деҳаи Шоҳбикаи Восеъ аст: “Ҳозир мардуми бечора ба деҳаи Илич мераванду меоянд. Баъзеҳо мошинашонро мемонанду пиёда ба хона мераванд. Ду нафар ҳаминҷо афтода, маъюб шуданд.”

Шарбатулло Азизулло, раиси ноҳияи Восеъ гуфт, ки дар андешаи таъмири пули Шоҳбика ҳастанд: “Дар ин самт корҳо идома доранд, мо рӯзҳои наздик инро ҳал мекунем.” Ҳарчанд мақомоти Восеъ ваъда карданд, ки пул таъмир мешавад, аммо маълум нест, кай ба ваъдаашон вафо мекунанд ва мардум нотарсидаву наафтода, ба хонаҳояшон мерасанд. Сокинони Шоҳбика мегӯянд, соли 2019 ҳам ваъдаҳои таъмиру бозсозии пулро чандин бор шунида буданд.

XS
SM
MD
LG