Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Як сокини шаҳри Кӯлоб, ки бо нияти соҳибкорӣ аз бонк қарз гирифта буд, ҳам тиҷораташро аз даст дод ва ҳам мумкин аст бе сарпаноҳ монад. Таҷрибаи Абдуназар Шарипов ягона нест ва то кунун даҳҳо оила ба мисли ӯ бинобар саривақт пардохт накардани қарзи бонк аз манзилҳояшон маҳрум шудаанд.
Дар Тоҷикистон ба рӯйхатгирии аҳолӣ рӯзи 15-уми октябр ба поён расид, ки маълум мекунад, чанд дар сади сокинон шаҳрнишин шудаанд. Бар асоси нуфусшумории даҳ сол пеш 70 дар сади аҳолӣ дар деҳа зиндагӣ мекарданд. Зиндагии деҳа барои як зан чӣ гуна аст?
Дар Тоҷикистон ба руйхатгирии аҳолӣ рӯзи 15-уми октябр ба поён расид, ки маълум мекунад, чанд дар сади аҳолӣ шаҳринишин шудаанд. Бар асоси нуфусшумории 10 соли пеш 70 дар сади аҳолӣ дар деҳа зиндагӣ мекарданд. Зиндагии деҳа барои як зан чӣ гуна аст? Дар ин видеои зебо бубинед.
Шаҳри Кӯлоб рӯзи интихобот камодам ба назар мерасид. Дар як маркази раъйдиҳӣ навбати дароз буд. Киҳо буданд? Дар инҷо бубинед
Дар Кӯлоб барои раъй додани сокинон дар чанд гӯшаи шаҳр нуқтаҳои овоздиҳӣ ташкил кардаанд. Мақомот мегӯянд, мардуми зиёд ба пойи сандуқҳои раъй омадаанд, вале бархе аз шоҳидон аз кам будани сокинон ва вуҷуди тақаллуб дар баъзе аз нуқтҳои раъйдиҳӣ хабар доданд.
Ҷӯрахон Кабиров, сокини 69-солаи шаҳри Кӯлоб, ки ҳамчун фаъоли ҷамъиятӣ аз камбудҳои шаҳр доим ба мақомот муроҷиат мекунад, дар арафаи интихобот аввал тасмим дошт, ба ин маъракаи сиёсӣ намеравад. Мегӯяд, ноадолатиҳои иҷтимоӣ ӯро водор кард, ки тасмимашро дигар кунад.
Беморӣ ва мушкилиҳои рӯзгор қомати Маҳбуба Ғаниева, сокини шаҳри Кӯлобро хам ва чеҳраашро пурожанг кард, вале талошҳои ӯро барои зиндагӣ кам нанамуд.
Сокинони дастикам чаҳор маҳалла дар маркази ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон шикоят доранд, ки солҳост ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва касе ба мушкили онҳо расидагӣ намекунад. Мақомот мегӯянд, соли гузашта бо мадади соҳибкорону шахсони алоҳида хатти об кашиданд ва мушкил аз байн рафтааст.
Аҳмади Иброҳим, сардабири ҳафтаномаи “Пайк” дар ҷануи Тоҷикистон китоби тозаи худро дар бораи давлатсозии шоҳ Куруши Кабир ва баъзе паҳлуҳои зиндагии ӯ бо маликаи Устурушан (Истаравшани ҳозира) Касандона рӯи чоп овард.
Аҳмади Иброҳим, сардабири ҳафтаномаи “Пайк” дар ҷануби Тоҷикистон китоби тозаи худро дар бораи давлатсозии шоҳ Куруши Кабир ва баъзе паҳлуҳои зиндагии ӯ бо маликаи Устурушан (Истаравшани ҳозира) Касандона рӯи чоп овард.
Маъмурони иҷрои қарори додгоҳ ё судиҷрочиён як занро бо панҷ фарзандаш дар ноҳияи Восеъ аз манзили зисте, ки солҳо зиндагӣ мекард, берун карданд ва ба дари ин хона қуфл заданд.
Маззаи нони танӯрӣ дигар аст
Дар чаҳор соли ахир дар бемористони ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Данғара беш аз 1100 ҷарроҳии пластикӣ анҷом додаанд. Пизишкон мегӯянд, ҷарроҳӣ бепул аст ва довталабон бештар биниву рӯй, пӯст ва бахшҳои дигари бадани худро тағйир додан мехоҳанд.
Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб, ки соли гузашта бо сохтмони боғе дар пешвози раиси ҷумҳури Тоҷикистон саҳм гирифт, 5 миллион сомонӣ (муодили ним миллион доллар) қарздор шудааст.
Алихон Назаров, падари сарбози собиқи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки барои дуздии чорво ба панҷ соли зиндон маҳкум шудааст, мегӯяд, баъди марги ҳамсараш роҳи ӯро идома медиҳад ва талош мекунад, то бегуноҳии фарзандашро исбот кунад.
Ёфтҳои бештар