Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Донишҷӯёни коллеҷ ё омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ки моҳҳо боз стипендияи худро гирифта наметавонанд. Ҳадди ақалли стипендия дар Тоҷикистон 150 сомонӣ аст.
Бар асари чаппа шудани як теппа дар кони тилои Шугнови ноҳияи Ховалинг ду нафар ҷон бохта, ду каси дигар маҷруҳ шудаанд.
Мақомоти интизомии минтақаи Кӯлоб дар робита ба оташсӯзии ҷангалзори Хоҷа-Мӯъмин воқеъ дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ду нафарро боздошт карданд.
Мақомоти расмӣ дар ноҳияи Данғара, зодгоҳи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, ки мумкин аст, то соли 2021 ба ин ноҳия мақоми шаҳр дода шавад.
Мақомоти расмӣ мегӯянд, ду табиб дар минтақаи Кӯлоб аз бемории СOVID-19 ва 12 нафари дигарашон бар асари бемории “илтиҳоби шуш” фавтидаанд.
Оҷонсии мубориза бо фасод ба зидди 5 афсари милиса дар минтақаи Кӯлоб бо иттиҳоми ришвахорӣ, қаллобӣ, сӯистифода аз ваколат ва сохтакорӣ парванда боз кардааст.
Саъбагул Холбобоева, модари Шарифхон Назаров, сарбози собиқи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, баъд аз тақрибан ду ҳафтаи эълони ҳукми писараш, рӯзи 30-юми июн, дар роҳ ба сӯйи боздоштгоҳи шаҳри Кӯлоб фавтидааст.
Кори нодурусти чароғакҳои роҳнамо дар Кӯлоб, севумин шаҳри бузурги Тоҷикистон ҳаракати мардуми нақлиёт дар ин шаҳрро хатарноку мушкил кардааст.
Сарбози говдузд ҷазо гирифт. Модараш мехоҳад фармондеҳаш ҳам ҷазо гирад
Додситонии ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таҳқиқи марги як марзбони ҷавон дар ноҳияи Мурғоб оғоз кард. Ба иттилои манобеи тафтишотӣ, Нозимҷон Гулиеви 20-сола ҳангоми хидмат дар қисми низомӣ аз тири силоҳ ҷон бохтааст.
Сокинони деҳае дар ноҳияи Восеъ солҳост, ки ташаналаб мегарданд. Пандемияи коронавирус на танҳо кашонидани обро ба ин русто ба таъхир гузошт, бар замми он аз обе, ки ҳамсояҳояшон медоданд, маҳрум намуд.
Як ҷавонзан дар Кӯлоб, ки баъд аз моҷарои хонаводагӣ худашро оташ задааст, субҳи рӯзи 13-уми июн даргузашт.
Фаъолони гуруҳи "Кӯлоби ман" дар Фейсбук ба пизишкону бемористонҳои минтақа ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ кумак кардаанд. Онҳо мегӯянд, ба ин маблағ васоили тиббиву муҳофизатӣ хариданд. Тафсилотро дар гузориши видеоӣ бинед.
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон эълон кард, Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Кӯлобро бо иттиҳоми “фасодкорӣ” дастгир кардаанд.
Марде, ки рӯзи 6-уми июн худро дар назди бинои Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб оташ зад, дар бемористон даргузаштааст.
Ёфтҳои бештар