Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Як сокини ноҳияи Фархор мегӯяд, мақомот роҳи хонаашро ба кишоварзон додаанд ва ӯву аъзои оила барои рафтан ба ҷое маҷбур бояд аз байни обу лою алаф гузаранд. Муовини раиси ҳукумати ноҳияи Фархор гуфт, аз ин мушкил хабар надоштанд ва танҳо баъд аз муроҷиат ба ҳалли он мепардозанд.
Дар шаҳри Кӯлоб, ки то ҳафтаи гузашта имкони ташхиси коронавируси навро надошт, ҳоло чаҳор нафар рӯзона то 12 соат машғули озмоиши луобу моеъоти бемороне, ҳастанд, ки аломатҳои бемории СОVID-19-ро доранд.
Бо гузашти тақрибан як моҳ аз замони эълони расмии сирояти коронавируси нав ба Тоҷикистон, дар шаҳри Кулоб ташхисгоҳи сайёри ин бемориро боз карданд. Чаҳор нафар дар озмоишгоҳ кор мекунанд ва мегӯянд, ки натиҷаҳоро то 5 соат маълум мекунанд.
Зиёд шудани фавт дар як моҳи гузашта ва ҳамингуна кори гӯрканҳо масъулони ду оромгоҳ дар Кӯлобро маҷбур кардааст, ки чанд қабрро бо экскаватор кананд. Коре, ки ҳеҷ гоҳ дар Тоҷикистон намекарданд.
Як сокини ноҳияи Фархор ҳангоми кандани хандақ дар наздикии қалъаи “Золи Зар” ҳайкалчаи Буддоро пайдо карда, ба осорхонаи ноҳия супурдааст. Бостоншиносон мегӯянд, Ин нахустин пайкараи сангии Буддост, ки дар ин минтақа ёфт шудааст.
Тоҷирони "Ҳулбук", бозори калонтарини минтақаи Кӯлоб мегӯянд, хуруҷи пандемияи коронавирус тиҷораташонро заъиф кардааст. Бозори мазкур ҳар рӯзи ҷумъаи фаъол аст ва сокинони навоҳии минтақаи Кулоб барои хариду фурӯш ба инҷо зиёд меоянд.
Ширин Назирмадова, пизишки 60-сола, дар бемористони марказии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон кор мекунад. Вай бо нияти сафари ҳаҷ пул ҷамъ карда буд, вале густариши коронависи нав дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ва баста будани роҳҳо аз нияташ гашт.
Густариши пандемияи короновирус дар Тоҷикистон, ки боиси баста шудани бозору мағозаҳо ва қатъ шудани корҳои муваққатӣ гашт, эҳтиёҷи шахсони ниёзмандро ба кӯмак бештар кардааст.
Дар пасманзари афзоиши шумори гирифторон ба COVID-19мавзӯи таъминимуассисаҳои тиббии Тоҷикистон бо дастгоҳҳои нафаскашии сунъӣ бештар матраҳ мешавад. Бархе сокинон аз камбуд ва гоҳо марги наздиконашон бо сабаби дастрасӣ надоштани беморхона ба чунин дастгоҳҳо шикоят мекунанд.
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон қисмҳои ҳарбии зери итоаташро ба карантин гирифта, аз ҷумла вохӯрии волидонро бо сарбозон муваққатан манъ кардааст. Вале сарфи назар аз пандемияи коронавирус маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба артиши Тоҷикистон идома дорад.
Ҳар рӯз дар назди корхонаи орди шаҳри Кӯлоб даҳҳо нафар барои гирифтани халта дар навбат меистанд. Мардум мегӯянд, нархи орд дар инҷо дар муқоиса ба бозор арзонтар аст ва навбати дарозро ба хотири сарфаи маблағ таҳаммул мекунанд.
Як сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аз додситони низомӣ хостааст, ки рафтори кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияро таҳқиқ кунад.
Чаҳордаҳ корманди соҳаи тибро дар шаҳри Кӯлоб баъди адои давраи карантин дубора зери муоинаи доимӣ гирифтаанд.
Пайвандони Суннатулло К., як ҷавони тоҷик, ки ҳамроҳ бо чаҳор нафари дигар дар Олмон бо гумони тарҳрезии амали террористӣ боздошт шудааст, мегӯянд, ӯ ҳаргиз зери шубҳаи мақомоти Тоҷикистон ё пайгарди ҷиноӣ қарор надошт.
Гулдаста Зулфиқорова, сокини деҳаи Ғелоти ноҳияи Восеъ мегӯяд, маъмурони интизомӣ ғайриқонунӣ писарашро ба артиш бурданд ва худи ӯ низ дар натиҷаи ҷанҷолу кашмакаш осеб дидааст. Ҷузъиёти моҷаро дар ин видеост.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон баъди маҳви як шаҳрванди Афғонистон дар марз ҳашт нафар, аз ҷумла як афсари баландрутбаи милисаро ба карантин фиристодаанд.
Даъвати баҳории ҷавонони аз 18 то 27-солаи Тоҷикистон ба сафи нирӯҳои мусаллаҳи кишвар шуруъ шуд. Мақомот дар ҳоле маъракаро оғоз бахшиданд, ки ҷаҳон бо бемории ҳамагири КОВИД-19 даст ба гиребон аст.
Ёфтҳои бештар