Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Марде, ки соли 2014 сардори маҳбаси Кӯлобро бо 18 зарби қайчӣ кушта ба зиндони абад маҳкум шуда буд, дар маҳбаси шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) даргузашт.
Шоми 27 июл сокинони Тоҷикистон ҳодисаи гирифтани Моҳро мушоҳида хоҳанд кард. Дар ҳоле донишмандон инро як ҳодисаи табиӣ арзёбӣ мекунанд, сокинони Тоҷикистон мегӯянд, дар манотиқи мухталифи кишвар ин ҳодисаро ба боварҳои мухталиф рабт медиҳанд.
Ҷасади Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола субҳи 25-уми июл бо андаке таъхир тавассути парвози ширкати "Тоҷик Эйр" аз Маскав ба Душанбе оварда шуд.
Парвандаи ҷиноии як ходими полиси Кӯлоб, ки саҳнаи ришва талаб кардани ӯ аз як сайёҳи руминӣ мавриди интиқоди шадид дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд, қатъ шудааст.
Бобоҷон Азиз, ҳунарманди номдори Тоҷикистон ду рӯз ба ин сӯ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе дар ҳолати беҳушӣ (кома) қарор дорад.
Тайи як ҳафтаи ахир дар бозорҳои Тоҷикистон нархи тарбузу харбуза рӯ ба болоравӣ ниҳодааст. То як ҳафта пеш сокинон як тарбузи то 15 килоиро то 8 сомонӣ мехариданд, ҳоло айни тарбузро бо қимати бештар аз 20 сомонӣ мехаранд.
Додситонии Кӯлоб Саидмӯъмин Исломов, муфаттиши Бозрасии давлатии автомоблии ин шаҳрро, ки гумонбари марги наврасе дар паи садамаи автомобилӣ дониста мешуд, бегуноҳ эълон кард.
Як муаллимаи рақс аз Амрико шефтаи рақси кӯлобиву бадахшонӣ шуда, ҳазорҳо километрро тай карда, ба Тоҷикистон омадааст, то назокати ин рақсҳоро биёмӯзад.
Як зани 57-солаи тоҷик ба сабаби гармии тоқатфарсо дар сари замини пахта ҷон додааст. Сайдинисо Шомирзоева 57-сола, сокини деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор соатҳои 11-и рӯзи 14-уми июл фавтидааст.
Сохтмони пули ҳаштум дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон баҳори соли 2019 оғоз меёбад. Ин пул деҳаи Кокули ноҳияи Фархори вилояти Хатлонро бо ноҳияи Ойхоними вилояти Тахори Афғонистон пайваст хоҳад кард.
Фақат ин бор Симурғи муъҷизакор табибони таваллудхона буданд.
Чаҳор рӯз қабл дар таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб тифле бо 8 килограм вазн ба дунё омад. Табибони ин бемористон мегӯянд, ки дар таърихи Тоҷикистон чунин тифл бо ин вазн ба қайд гирифта нашудааст.
Табибон онҳоро аз оқибати шум огоҳ карданд
Додситонии ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 11 июл парвандаи мардеро, ки дар куштори фарзанди сесола ва маҷрӯҳ кардани се нафари дигар гумонбар мешавад, ба додгоҳ фиристод. Волидон пофишорӣ доранд, ки писарашон бемори равонӣ аст.
Ба даҳҳо гектар замини кишт дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон беобӣ ва хушкшавӣ таҳдид дорад. Кишоварзон гуфтанд, ки чанде пеш дар ин заминҳо гандуму пахта киштанд, аммо то ба ҳол натавонистанд об диҳанд.
Ба даҳҳо гектар замини кишт дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон беобӣ ва хушкшавӣ таҳдид дорад. Кишоварзон гуфтанд, ки чанде пеш дар ин заминҳо гандуму пахта киштанд, аммо то ба ҳол натавонистанд об диҳанд. Ин заминҳо дар ҳудуди ҷамоати Деҳқонариқ, Гулшан ва Зафар ҷойгир аст.
Беш аз 130 оила дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор, ки аз сели моҳи май зарар дидаанд, аз Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон кумак гирифтаанд. Ин ёрии башарӣ аз бастаҳои рахти хоб ва таҷҳизоти рӯзгордорӣ иборат аст.
Кормандони комиссариати низомӣ дар ноҳияи Данғара як духтаре аз Кӯлобро писар пиндошта ва хостаанд, маҷбурӣ барои хидмат ба артиши миллии Тоҷикистон бифристанд.
Ёфтҳои бештар