Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Як шоири 62-сола аз ноҳияи Фархор барои шеъри дар васфи раисҷумҳури Қазоқистон навиштааш аз сӯи Нурсултон Назарбоев бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуд.
Мақомоти ноҳияи Данғара мегӯянд, алакай моҳи июн дар ин минтақа бузургтарин корхонаи коркарди нафти Тоҷикистон ба кор оғоз хоҳад кард.
Оҷонсии назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо фасод ду афсари пулисро ба иттиҳоми ришваситонӣ ва ҳабси як сокини Ҳамадонӣ боздошт карда, парвандаи якеро ба додгоҳ фиристодааст.
Дар пайи ошкор шудани як қазияи фасоди идорӣ тамоми кормандони бахши молияи минтақаи Кӯлобро барканор кардаанд.
Рустам Холов, сокини 50-солаи шаҳри Кӯлоб, ки Радиои Озодӣ дар бораи сарнавишти ӯ ва аз даст рафтани хона ва ягона дороиаш гузориш дода буд, бо дахолати мақомоти амният манзилашро бозпас гирифт.
Мақомоти ноҳияи Фархор дар ҷануби Тоҷикистон аз моҳи декабри соли гузашта боз қонунӣ будани сохтмони хонаҳоеро таҳқиқ доранд, ки 500 метр дуртар аз хатти марз ва дар минтақаҳои тиррас бо Афғонистон сохта шудаанд.
Додситонии ноҳияи Фархор ба таҳқиқи хонаҳое пардохтааст, ки дар наздикии марз бо Афғонистон қарор доранд.
Фабрикаи мурғпарварии Мӯъминобод, ки дар ҳузури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуда буд, қариб 4 сол боз фаъолият намекунад.
Сокинони вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон имкон доранд, ки давоми ду соли оянда дар бемористони марказии ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба таври ройгон табобат бигиранд.
Ду духтари ҷавон, ки солҳо боз мӯътоди маводи мухаддиранд, талош доранд аз ин роҳ берун шавад. Онҳо мегӯянд, аз ошиқонашон ба ин дард печидаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб бо таъсиси як гурӯҳи махсус барои наҷоти парандаҳо ва ҳайвоноте иқдом кардааст, ки дар ҳолати вазнин қарор гирифтаанд.
Алайҳи як сокинини ноҳияи Данғара ва як шаҳрванди Афғонистон барои ҷамъоварии ғайриқонунии шираи камол дар ҳудуди минтақаи Кӯлоб, парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва ба додгоҳ ирсол шудааст.
Додгоҳи минтақаи Кӯлоб давоми шаш моҳи ахир чаҳор нафарро ба иттиҳоми таҷовуз ба номус, аз 13 то 18 солӣ маҳкум ба зиндон кардааст.
Давлат Чолов, як узви хонаводаи маъруфи Чоловҳо дар шаҳри Кӯлоб, ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” шомил шудааст. Дар ин бора Абдуқодир Мирзозода, муовини сардори Раёсати корҳои дохилии Кӯлоб, рӯзи 14 январ дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Додситони шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки баъд аз нашри як матлаби торнамои "Озодӣ" дар бораи пардохт нашудани маоши кӯчарӯбҳои идораи ободонии Кӯлоб ин масъала "баррасӣ ва ҳал шудааст".
Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, сабаби марги се узви як хонавода дар Кӯлоб туршии олуда будааст. Наздикони хонавода мегӯянд, табибон беэҳтиётӣ карданд, вагарна аз марги азизонашон ҷилавгирӣ мешуд.
Ягона нерӯгоҳи обии барқии хурд, ки соли 2006 дар кӯчаи «Чармгарони Поён» шаҳри Кӯлоб сохта шуда буд, баъди се ҳафта фаъолият аз кор боз монд ва сокинон низ дигар аз ин нерӯгоҳ қувваи барқ нагирифтанд.
Се узви як оила – модар, духтар ва набера – дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфта, баъдан дар он ҷо даргузаштаанд. Ҷасади дуи онҳоро ба хок супурдаанд ва якеи дигар таҳти ташхис қарор доштааст.
Сокинони шаҳраки Фархори ноҳияи Фархор танҳо аз як рӯдхонаи кӯчак, ки аз дарёи Панҷ ҷорӣ мешавад, оби ошомиданӣ мегиранд.
Ёфтҳои бештар