Аз соли 2015 то соли 2017 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе фаъолият дошт. Аз моҳи сентябри соли 2019 хабарнигор дар вилояти Суғд аст. Хатмкардаи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд. Дар гузашта хабарнигори телевизиони "Суғд" ва "Ҷаҳоноро" буд.
Рӯзи 24 уми декабр мақомоти шаҳри Исфара аз тахриби дурбинҳо ё худ камераҳои назоратӣ дар минтақаи марзии ҷамоати Чоркӯҳ хабар доданд. Онҳо бо нашри чанд аксу навор дар ин кор сокинони деҳаи қирғизнишинро айбдор карданд.
Ҷониби Тоҷикистон марзбонон ва шаҳрвандони Қирғизистони ҳамсояро дар “амалҳои иғвоангезона” муттаҳам кардааст. Ҳанӯз вокуниши ҷониби Қирғизистон ба ин изҳорот маълум нест.
Тибқи гузоришҳо, шабонарӯзи гузашта дар ду минтақаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, тирандозӣ сурат гирифтааст.
Ҳамсари марде, ки дар Қирғизистон ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст, аз бозгашт ба манзили зисташ дар ин кишвар метарсад.
Мавсими тирамоҳии ҷавонон ба сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ба поён расид, вале вазорати мудофиа гуфт, ки бар асоси Қонун "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ", ки моҳи январ нусхаи ислоҳшудаи он қабул шуд, даъват ба комиссариатҳои ҳарбӣ дар тамоми сол идома мекунад.
Неруҳои марзбонии Тоҷикистон бо нашри як баёнияи расмӣ, иддае аз сокинони Қирғизистонро ба барангехтани иғво дар марз муттаҳам карда ва гуфтааст, тирандозии афсари тоҷик ба ҳаво дар ин зимн кори дуруст буд.
Мақомот Усто Устопиров, падари паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириёнро дар як садамаи нақлиётӣ, ки бар асари он сокини 50-солаи Хуҷанд ҳалок шудааст, гумонбар медонанд.
Бо гузашти беш аз як сол ҳанӯз сокинон ба гази табиӣ, ки ваъда шуда буд, аз Узбекистон ба вилояти Суғд интиқол меёбад, дастрасӣ пайдо накардаанд.
Мақомоти интизомии ноҳияи Мастчоҳ гуфтанд, ки корхонаи азимтарини коркарди пахта дар ин ноҳия қасдан оташ зада шудааст.
Додситонии шаҳри Хуҷанд соҳиби дукони фуруши мурғкабоб дар ин шаҳҳро барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ, ки боис ба заҳролуд шудани сокинон шудааст, айбдор кард.
Дар пайи заҳролудшавии чанде аз сокинони вилояти Суғд ба дари як нуқтаи фуруши мурғкабоб дар шаҳри Хуҷанд муҳр задаанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти як сокини Зафарободро, ки бо гуноҳи қатли ҷавони ҳамсоя ва таҳдид ба ҷони модари ӯ ба 23 сол зиндон маҳкум шуда буд, бетағйир гузошт. Ҷамшед Ҷумъазода худро бегуноҳ мешуморад ва ҷониби ҷабрдида низ иддаои ӯро тасдиқ мекунад. Мақомот гуноҳи ӯро собитшуда медонанд.
Бино ба дастури Маркази беҳдоштии Раёсати тандурустии вилояти Суғд, аз ин ба баъд онҳое, ки гувоҳномаи эм (ваксина) надоранд, наметавонанд дар тӯю маъракаҳо иштирок кунанд.
Додгоҳи шаҳри Гулистон ҷавонеро, ки ба иддаои модараш "дар пайи шиканҷа дар боздоштгоҳ бемор шуда буд", бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир ба панҷ сол зиндон маҳкум кардааст. Модари ҷавон ба раҳоӣ ва ё ҳадди ақал муолиҷаи писараш даъват дорад. Мақомот шиканҷа шудани ӯро рад мекунанд.
Аскар Ҳаким, шоири халқии Тоҷикистон, олим, мунаққид, рӯзноманигор ва ҳам нафаре, ки солҳои зиёд ҳамчун мансабдори мақомҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ шинохта мешавад, тирамоҳи имсол 75 сола шуд.
Ҳукми Ҷамшед Ҷумъазода охири тобистони имсол эълон шуда, нусхаи он чанде пеш дастраси Радиои Озодӣ гардид. Модари ҷавон ба раҳоӣ ва ё ҳадди ақал муолиҷаи писараш даъват дорад. Мақомот шиканҷа шудани ӯро рад мекунанд.
Баъди он ки, ба иддаои сокинони деҳаи Сомониёни Исфара, як омӯзгори 59-сола аз тарафи баъзе аз бошандагони деҳаи Куктоши Қирғизистон латукӯб шудааст, хонандагону муаллимон ба мактаб нарафтаанд.
Сокинони Исфара гуфтанд, ки як омӯзгори 59-сола аз деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ дар наздикии марз бо Қирғизистон рабуда ва латукӯб шудааст ва ҳоло дар бемористон бистарист.
Чанде аз сокинони як деҳа дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 30-юми ноябр аз ҳузури зиёди низомиёни Қирғизистон дар атрофи хонаҳояшон ибрози нигаронӣ карданд. Ин деҳа бо ҷамоати Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳаммарз аст.
Ёфтҳои бештар