Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаллим гуфт, "ба сару рӯ ва дасту поям заданд". Ду даъво дар бораи як ҳодиса дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. ВИДЕО


Камолиддин Собиров дар бемористони марказии Исфара
Баъди он ки, ба иддаои сокинони деҳаи Сомониёни Исфара, як омӯзгори 59-сола аз тарафи баъзе аз бошандагони деҳаи Куктоши Қирғизистон латукӯб шудааст, хонандагону муаллимон ба мактаб нарафтаанд. Ҳодиса якуми декабр рух дод. Мақомоти Қирғизистон даъво доранд, ки он рӯз сокинони Тоҷикистон як шаҳрванди кишвари ҳамсояро задаанд. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи рабуда ва шиканҷа шудани шаҳрванди худ чизе нагуфтаанд.

Омӯзгор гуфт, ки бо ӯ чӣ кор карданд

Пас аз як рӯзи рабуда ва латукӯб шудани Камолиддин Собиров, муовини мудири мактаби №64-и деҳаи Сомониёни ҳаммарз бо Қирғизистон, ӯро дар шуъбаи осебшиносии бемористони марказии шаҳри Исфара ёфтем.

Милисаҳои Қирғизистон ба ёрии ман омада, ба мошинашон бор карданд, вале сокинон онҳоро зада, маро аз мошин бароварданд. Боз ба сару рӯям заданд.
Камолиддин Собиров

Ҳарчанд осори латукӯб ва тарсу бим дар чеҳрааш намоён буд, розӣ шуд, он чиро, ки рӯзи 1-уми декабр ба сараш омад, ба Радиои Озодӣ нақл кунад. Ба гуфтаи ӯ, рабуда шуданаш замоне рух додааст, ки ӯ қарибии нисфирӯзӣ барои ҳамроҳ ба хонаҳояшон бурдани мактаббачагон мерафт.

"Ин як чораи эҳтиётӣ барои пешгирӣ аз эҳтимоли ҳодисаҳои нохуш нисбати хурдсолон аст," -- гуфт ӯ ва афзуд, "тақрибан 20 ё 30 кас дар даст сим доштанд ва омада дастамро бастанд. Баъд ба оғилхона дароварда заданд. Як бор аз худ рафтаам. Ҳушёр шудам, ки ҳанӯз дар оғил хобам. Рӯямро ба замин зер карда, кӯлоҳамро кашола карда заданд. Асосан атрофи шушҳоям, дасту поям осеби зиёд дидаанд."

Ба нақли Собиров, он замон имкон наёфтааст, ки ҳамдеҳагон ва масъулини мақомоти маҳаллиро ба ёрӣ даъват кунад. Ин муаллим мегӯяд, дар гузашта бо ҳамсояҳо моҷаро надошт ва рабудаву латукӯб шудан низ барояш ногаҳонӣ буд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як омӯзгор "рабуда ва латукӯб шуд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00

Тарафи Қирғизистон чӣ мегӯяд?

Ҷониби Қирғизистон, баръакс, иддао дорад, ки ҳамон рӯз шаҳрвандони Тоҷикистон як сокини деҳаи Куктоши вилояти Бодкандро задаанд ва ӯ дар бемористон аст. Роза Усарова, раиси Куктош, гуфтааст, пас аз он шаҳрвандони Қирғизистон як сокини Тоҷикистонро дастгир карда, "баъд аз гуфтушунид мубодила сурат гирифт."

Камолиддин Собиров мегӯяд, ҳамлаварон ҳангоми латукӯб ҳамин нуктаро зикр кардаанд: "Одамони Шумо як шаҳрванди моро задаанд гуфта, маро лат карданд, яъне қасос гирифтанд. Милисаҳои Қирғизистон ба ёрии ман омада, ба мошинашон бор карданд, вале сокинон онҳоро зада, маро аз мошин бароварданд. Боз ба сару рӯям заданд."

Собиров аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳад, гунаҳкоронро пайдо карда, ҷазо бидиҳанд. Ҳамчунин зарари осеби ҷисмонӣ ва маънавиашро ҷуброн намоянд. Ҳоло пулиси минтақавӣ аз ӯ баёнот гирифта, пайи таҳқиқи ҳодиса шудааст.

Тирандозӣ дар марз. Аз ҷониби кӣ?

Ба гуфтаи сокинони Сомониён, дар пайи ҳодисаи рухдода бо муаллими деҳа шаби 1 ба 2-юми декабр дар атрофи деҳаашон садои тирпарониро шунидаанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфтаанд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, “тирпарронӣ аз самти Тоҷикистон буд” ва “аз туфанги шикорӣ ҳафт-ҳашт тир холӣ карда шуд”.

“Онҳо бисёр вақт ба тоҷикон туҳмат мекунанд. Аз болои хонаи мо садои тирпаронӣ омад. Баъзе коргаронашон бо садои баланд “Болди-болди” гуфтаанд. Бачаҳои мо шунидаанд. Ин калимаро қирғизҳо мегӯянд, на мо", -- гуфт Шариф Назаров, сокини деҳаи Сомониён.

Нимаи дувуми рӯзи 2-юми декабр Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, дар суҳбат бо шабакаи маҳаллии Қирғизистон гуфтааст, вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон "зери назорат аст". Ӯ дар бораи музокирот дар сарҳад ҳам хабар дод.

Ба иттилои ҷониби Қирғизистон, дар музокирот ҳокимони ноҳияҳои наздимарзӣ ва намояндагони ниҳодҳои қудратӣ иштирок карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки аз 2-юми декабр минтақаҳои марзиро якҷоя посбонӣ мекунанд.

Дар даргириҳои марзӣ дар моҳи апрели имсол даҳҳо нафар куштаву захмӣ ва биноҳои зиёд вайрон шуда буд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG