Аз ноябри соли 2001 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага фаъолият мекунад. Дар Душанбе ба воя расида, риштаи филологияи тоҷики ДМТ-ро хатм кардааст. Ба ҳайси омӯзгори мактаби миёнаи рақами 55-и Душанбе, хабарнигори "Азия-Плюс" ва ҳамоҳангсози UNIFEM кор кардааст. Мудири Маркази назарсанҷии "Зеркало" буд.
Дар паи ноком шудани музокираҳои миёни раҳбари OPEC - Арабистони Саудӣ ва Маскав, қурби рубли русӣ башиддат поин омад. Коҳиши 7-дарсадии қурби рубл рӯзи 9 март ва то ба 74 рубл расидани қимати як доллар иқтисодшиносон бадтарин нишондод баъд аз соли 2016 медонанд.
Дар натиҷаи интихоботи порлумонии якуми март, 15 зан дар Маҷлиси Намояндагон соҳиби курсӣ шудаанд.
Human Rights Watch даъват кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон аз паи ислоҳоти ҷиддӣ дар бахши озодиҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ шавад. Вале Саидҷаъфар Усмонов бо интиқодҳои ин созмон розӣ нест.
Созмони Freedom House дар гузориши наве оид ба вазъи озодиҳои сиёсӣ ва демократия дар ҷаҳон, Тоҷикистонро дар миёни 49 давлати "ноозод" ва дар қатори даҳ кишвари "бадтарини бадтаринҳо” ҷой додааст. Мақомоти тоҷик дар гузашта ҳеч гоҳ танқидҳои ин созмонро қабул накарда, дур аз воқеият донистаанд.
Коршиносони хориҷӣ ва ғарбӣ мегӯянд, интихоботи порлумонӣ аломати дигари возеҳ аз бадтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон ва саркӯби дигарандешӣ дар Тоҷикистон шуд.
Шокирҷон Ҳакимов - муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, ки натиҷаҳои интихоботи порлумониро қабул надорад, вале мавқеи расмиашонро Шӯрои сиёсии ҳизб эълон мекунад.
Дар таҳқиқоте, ки дар маҷаллаи муътабари тиббии The Lancet нашр шуд, омадааст, 7 дарсади наврасони аз 12 то 17-сола дар Тоҷикистон ба зӯргӯӣ ва озор додан дучор мешаванд.
Як узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин аз 29-уми феврал то 4-уми март ба Тоҷикистон ва Узбекистону Қазоқистон сафар хоҳад кард.
Рӯзи 21-уми феврал дар вилояти Бодканди Қирғизистон, ҳаммарз бо вилояти Суғди Тоҷикистон, ҷаласаи кумисюнҳои байнидавлатии ду кишвар дар масъалаҳои марзӣ баргузор шуд.
Собир Валиев, узви пешини “Гурӯҳи 24”, як созмони мамнуъ дар Тоҷикистон, иддао дорад, ки мақомот ӯро аз ҷавобгарӣ озод кардаанд. Вай тақрибан ду ҳафта пеш аз хориҷ ба Душанбе баргашт.
Қазоқистон ва Узбекистон - ду кишвари ғанӣ аз захираҳои табиии Осиёи Марказӣ мегӯянд, барномаҳо барои гузариш ба энержии сабз ё нирӯи барқароршаванда татбиқ мекунанд. Ҳарду кишвар нерӯгоҳҳои барқи бухорӣ, ки бо истифода аз маводи нафтӣ ва олудакунандаи ҳаво кор мекунанд, зиёд доранд.
Ёфтҳои бештар