Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси тарроҳи ҷавон Парвин Ҷаҳонгирӣ бо коршарикаш дар додгоҳи Фирдавсӣ. ВИДЕО


Парвин Ҷаҳонгирӣ, тарроҳ
Парвин Ҷаҳонгирӣ, тарроҳ

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба баррасии қазияи як ҷавондухтари тарроҳ ва коршарикаш шуруъ кард.

Парвин Ҷаҳонгирӣ, тарроҳи ҷавон иддао дорад, ки коршарикаш Тоҳир Иброҳимов ӯро азият додааст.

Тоҳир Иброҳимов ин шикояти Парвинро рад карда, баръакс тарроҳи ҷавонро ба ваъдахилофӣ муттаҳам мекунад.

Парвин ҳамкорашро барои "зӯроварӣ ва дашном" ба додгоҳ бурд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:25 0:00

Парвин Ҷаҳонгирӣ моҳи апрел дар сӯҳбат ба нашрияи "Вечерка" аз озору азият диданаш аз сӯи роҳбари корхона шикоят карда буд. Ба гуфтаи Парвин, ӯ аз моҳи августи соли гузашта то моҳи апрели имсол ҳамроҳ бо Тоҳир Иброҳимов кор кард ва бренди "T&Z"-ро пеш мебурданд. Вале тарроҳи ҷавон гуфт, аз рӯзҳои аввал коршарикаш бо ӯ муносибати дағал дошт ва ҳатто боре ӯро гулӯгир кард. Иддаое, ки Тоҳир Иброҳимов онро рад мекунад.

Нашрияи "Вечерка" аз қавли Парвин Ҷаҳонгирӣ навиштааст, "Тоҳир Иброҳимов дар нисбати тарроҳи ҷавон аз суханҳои қабеҳ истифода мебурд ва ҳатто дар мукотабаҳо низ аз гуфтани суханҳои бад худдорӣ намекард".

Аммо Тоҳир Иброҳимов, коршарики Парвин Ҷаҳонгирӣ ин ҳама иттиҳом дар нисбати худро рад карда, ба додгоҳ шикоят бурдааст. Иброҳимов дар номааш ба додгоҳ навиштааст, Парвин Ҷаҳонгирӣ саривақт дархости муштариён барои дӯхтани либосро иҷро намекард ва аз ин хотир ӯ зарари молӣ дида буд. Ба гуфтаи Иброҳимов, дар ҳашт моҳи фаъолият Парвин Ҷаҳонгирӣ 25 дархост гирифт ва нисфи ин куртаҳо бесифат баромаданд.

"Санаи 13.03.2020 ман ҳамчун продюсери лоиҳа ба дохили бинои шоурум (сех) даромадам, ки дар он ҷо ҷавобгар Парвина Ҷаҳонгирӣ бо дӯзандаи худ истода буданд ва оромона ба ӯ гуфтам, ки чаро муштарӣ надорӣ ва ӯ бошад дар ҷавоб нисбати ман гапҳои қабеҳ зада, ба тарафи ман либосҳои дар пеш будаашро партофта буд. Ман ба наздаш рафтам, ки аз назди одамон баромада, дар алоҳидагӣ гап занем, вале ӯ бошад дашномҳояшро давом медод. Ин ҳолатро шоҳидон дида буданд",-навиштааст Тоҳир Иброҳимов.

Тоҳир Иброҳимов ҳамчунин мехоҳад ҳафтаномаи "Вечёрка", шикояти Парвин Ҷаҳонгириро нашр кардааст бояд раддия пахш кунад. Иброҳимов дар мактубаш ба додгоҳ навиштааст, масъулини ҳафтанома "ҳолатҳои дар муроҷиат зикршударо насанҷида, онро ба табъ расондааст".

Дар идораи ҳафтаномаи "Вечёрка" мегӯянд, гузориш бо риояи талаботҳои касбӣ омода шуда, назари ҳарду ҷониби баҳс дар он ҷой дода шудааст.

Зулфия Голубева, муаллифи матлаби баҳсбарангези "Вай аз гулӯи ман дошта гирифт: тарроҳи ҷавон дар бораи хушунат дар ҷойи кор қисса кард (Он просто схватил меня за горло»: молодой дизайнер рассказала о насилии на работе) аст.

Голубева мегӯяд, ҳангоми таҳияи матлаб мукотибаҳои ду нафарро диданд, ки чигуна Иброҳимов дар нисбати Парвин Ҷаҳонгирӣ аз суханҳои бад истифода кардааст.

"Баъдан аз шоҳидон пурсидем ва бо худи Тоҳир Иброҳимов ҳам суҳбат кардем ва ӯ ба саволҳои мо посух дод. Яъне, ҳарду ҷониб хабар доштанд, ки чунин гузорише рӯи чоп хоҳад омад. Баъдан мо коршиносони мустақилро ҳам пурсидем. Матлаб аз рӯи тамоми меъёрҳои журналистӣ навишта шудааст",-мегӯяд ин масъули ҳафтаномаи "Вечёрка".

Тоҳир Иброҳимов дар мактубаш ба додгоҳ навиштааст, ки ба идораи "Вечёрка" барои навиштани раддия муроҷиат кардааст, вале ҳафтанома "аз навиштани раддия саркашӣ намуда истодааст".

Масъулини ҳафтаномаи "Вечёрка" дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз Тоҳир Иброҳимов чунин шикоятеро нагирифтаанд.

Дар назар аст, ки ҳафтаи оянда Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба баҳси тарроҳи ҷавон бо корфармо ва ҳафтаномаи "Вечёрка" нуқта гузорад.

Парвин Ҷаҳонгирӣ, тарроҳи ҷавон мегӯяд, ҳадафаш аз расонаӣ кардани шикояташ он буд, ки дигар духтарон "аз гуфтани мушкилашон натарсанд".

Шикояти занон бахусус ҷавондухтарон аз озору азият дар ҷойи кор ҳарчанд дар Тоҷикистон зиёд расонаӣ намешавад, аммо коршиносон мегӯянд, чунин ҳолатҳо зиёданд ва аксаран аз чашми ҷомеа пинҳон мемонад.

Зулайхо Усмонова, доктори илмҳои фалсафа ва муаллифи китоби "Баробарии ҷинсӣ" мегӯяд, ба мисли бештари кишварҳо дар Тоҷикистон занон омода нестанд ба таврӣ зарурӣ аз ҳуқуқи худ ҳимоят кунанд.

"Ҳол онки дар қонунгузории мо ҳамааш муҳайё аст. Сабабаш асосан дар он аст, ки занон дар бораи ҳуқуқу озодиҳои худ маълумоти хуб надоранд",-мегӯяд ин коршинос.

Аммо бархе коршиносон мегӯянд, айбро бояд дар ҳарду тараф ҷуст.

Рустам Азимӣ, рӯзноманигори тоҷик, ки мавзӯъҳои оила ва занонро пайгирӣ мекунад гуфт, муроҷиатҳои зиёде мегиранд, ки роҳбарон аз "шантаж" шудан аз сӯи занони ҳамкори худ шикоят мекунанд.

Ба гуфтаи Азимӣ, "бархе занони коргар агар дар кор гуноҳ ё айбе дошта бошанд, ин ба чашмашон наменамояд ва ҳатман дар ниқоби дигар нафар гуноҳи худро меёбанд".

XS
SM
MD
LG