Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори Ҳулбук: Фурӯшандаҳо аз савдои кам норозианду харидорон аз нархҳои баланд. ВИДЕО


"Ҳулбук", калонтарин бозор дар минтақаи Кӯлоб
"Ҳулбук", калонтарин бозор дар минтақаи Кӯлоб

Тоҷирони "Ҳулбук", бозори калонтарини минтақаи Кӯлоб мегӯянд, хуруҷи пандемияи коронавирус тиҷораташонро заъиф кардааст. Бозори мазкур ҳар рӯзи ҷумъаи фаъол аст ва сокинони навоҳии минтақаи Кулоб барои хариду фурӯш ба инҷо зиёд меомаданд. Қаблан ин бозор хеле гарм буд ва ба фарқ аз дигар бозорҳои минтақа асосан тавлидкунандагон моли худро ба фуруш мебароварданд.

Амриддини Раҳмон, фурӯшандаи орд дар бозори "Ҳулбук" аз кам шудани савдо шикоят дорад. Ӯ мегӯяд, нархҳо баланд нестанд, вале савдо мисли пештара нест.

Аммо сокинон мегӯянд, дар ин бозори маъруфи минтақа, ки бо нархҳои арзону маҳсулоти дасти аввалаш шуҳрат дошт, ҳоло нархҳо чандон пойин нашудаанд. Ҳарчанд харидор кам шудааст, вале бо вуҷуди ин тоҷирон нархҳоро поин намебаранд.

Як сокини ноҳияи Восеъ, ки дар бозори "Ҳулбук" бо мо суҳбат мекард гуфт, аз гаронии нархҳо намедонад аз "рӯйхаташ" кадом маҳсулотро хат занад.

"Нарху наво дар осмон аст. Картошкара бояд деҳқон арзон кунад, 3,5, чормағз 10-15 сомонӣ. Ягон чизи арзон дар мо нест, ҳамаи чиз қиммат аст. Ҳамин як ниқоби дар даҳони ман буда, панҷ сомонӣ арзиш дорад. Собун, шакар ва равған харидани мешавӣ ҳама аз ҳаво сухан мекунанд”,--гуфт мусоҳиби мо.

Шикояти фурӯшандаҳо аз кам будани савдо ва норозигии мизоҷон аз баланд будани нархҳо мушкили аслии бозори "Ҳулбук" нест. Дар ин бозор, ба хусус дар шароити пандемияи коронавирус қоидаҳои беҳдоштӣ тақрибан риоят намешавад. Молу маҳсулот дар рӯи замин, харидорон бе риояти масофа ва фурӯшандаҳо ҳам бепарво хариду фурӯш мекунанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:

Сирояти коронавирус тиҷорати бозорҳои Кӯлобро сард кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Масъулини Маркази назорати давлатии санитарию эпидимологӣ ё СЭС дар ноҳияи Восеъ, бо сабаби риоят накардани қоидаҳои беҳдоштӣ бозори "Ҳулбук"-ро дар гузашта чанд дафъа баста буданд. Вале ҳоло мегӯянд, бо далели таъмини сокинони минтақа бо маҳсулоти арзон фаъолияти бозорро иҷозат додаанд.

Абдулқодир Сафарзода, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидимологии ноҳияи Восеъ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳамин қадар чиз ба мо асос шудагӣ аст ва мо барои ҳамин дар ҳақиқат забонкутаҳем."

Далели ниёзмандӣ ба бозори хӯрока дар шароти пандемияи коронавирус боиси фаъол будани бозори Ҳулбук бошад, аммо мошинбозори минтақаи Кӯлоб ҳам дар ин шароит баста нест. Ҳарчанд ин бозор дар ин шабу рӯз тақрибан харидор надорад.

Фирӯз Олимов, фурӯшандаи нақлиёт дар мошинбозори Кӯлоб мегӯяд, аз субҳ ягон худрав савдо нашудааст. Чун ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, мардум барои харидани мошин ҳоло пул надоранд.

Олимов ба ҷамъи мардони дар бозор буда ишора карда гуфт, "ҳоло дар бозор танҳо соҳибони мошинҳо ҳастанд, ягонтаи онҳо харидор нест. Меояд ягонтааш бо якдигар мошинашонро иваз карда мераванд."

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Восеъ ва минтақаи Кулоб ба масъулони бозорҳои фаъоли минтақа дастур додаанд, ки махсусан дар шароити феълӣ қоидаҳои беҳдоштӣ ва талаботи ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирусро ҷиддан риоят кунанд. Аммо аз мушоҳидаҳо ба назар мерасад, ки тоҷирон ва харидорон дар ин бозорҳо ин дастурҳоро чандон ҷиддӣ намегиранд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG