Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушунат дар Амрико коҳиш ёфт, вале тазоҳурот идома дорад. ВИДЕО


Норозиён аз қатли марди сиёҳпӯсте аз ҷониби полиси Миннеаполис дар Амрико ба раҳпаймоиҳои навбатии рӯзона омода мешаванд, дар ҳоле ки маъмурияти шаҳрҳо дар саросари кишвар қуюди шабгардӣ ҷорӣ кардаанд. Чунин муқаррарот баъди ба хушунат печидани раҳпаймоиҳои эътирозӣ ҷорӣ шуд.

Президент Доналд Трамп як рӯз баъди ин ки гуфт, ба хотири хатми ғоратгариву беназмиҳои баъди марги Ҷорҷ Флойд аз чораҳои низомӣ кор мегирад, ба маъмурияти даҳҳо шаҳр, аз Ню-Йорк гирифта то Лос-Анҷелес, фишор меорад, ки Горди миллиро ба кор ҷалб кунанд.

Дар кӯчаву хиёбонҳои Вашингтон мошинҳои низомӣ, артиш ва полис сангар гирифтаанд ва ин ҳолат эҳсоси тарси амиқи мунтақидони президентро ба бор овардааст, ки бархӯрди мақомотро ҳамчун посухи сангин ба эътирозгарон қаламдод кардаанд.

Шаби гузашта баъд аз соати 19:00, ки замони шурӯи қуюди шабгардӣ аст, ҳамоно бархе аз эътирозгарон дар кӯчаҳо дида шуданд, ҳарчанд шиддати беназмиҳо назар ба шабе аз он пеш ин дафъа камтар мушоҳида шуд.

Трамп қаблан аз Горди миллӣ хост, ки дар Ню-Йорк бо “палидҳову афроди нобарор”-и дастдошта дар ғорату харобкунии моликият сарукор гиранд, вале ин ҷо ҳам шаби гузашта эътирозгарон баъди фарорасии қуюди шабгардии баъд аз соати 20:00 ба хиёбонҳо баромаданд. Полис гуфт, чанд нафар боздошт шуд.

Қарори маъмурияти Трамп барои ҷалби низомиёни амрикоӣ дар поин овардани мавҷи эътирозҳо мавриди танқиди бархе аз мунтақидон шуд, чун, ба гуфтаи онҳо, дар ин ҳолат нақши ғайрисиёсии низомиён зери суол меравад.

Ҳушдори Доналд Трамп ба эътирозгарони амрикоӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

Вазири дифоъ Марк Эспер дар шарҳи макони эътирозҳо аз вожаи “майдони ҳарб” истифода кард ва як генерали аршад рӯзи 1-уми июн дар маркази Вашингтон бо либоси низомӣ ҳозир шуд, дар ҳоле ки дар фазо чархболҳо аз болои кӯчаҳои шаҳр назорат мекарданд. Генерали мустаъфӣ Мартин Демпси, ки замоне дар мақоми фармондеҳи ситоди муштарак хидмат кардааст, дар Твиттер навишт: “Амрико майдони ҳарб нест, ҳамватанони мо душман нестанд”.

Дар пайи ин интиқодҳо Эспер рӯзи 2-юми июн дар номае ба кормандони Вазорати дифоъ амр дод, ки “дар ин рӯзҳои ноором ҳамоно аз сиёсат дар канор бимонанд”. Вай гуфт, Вазорати дифоъ ӯҳдадор аст, ки ҳуқуқ барои эътироз ва ҷамъомадҳои сулҳомезро ҳимоят кунад.

Рӯзи 1-уми июн ходимони полис ва Горди миллӣ барои аз назди Кохи Сафед дур кардани эътирозгарони сулҳомез аз гази ашковар ва калтак истифода карданд, то Трамп ба калисои наздиктарин рафта, дар даст Инҷил акс бигирад. Рӯзе аз ин пеш ин калисои таърихӣ дар эътирозҳо осеб дид, вале усқуф Марианн Бадд рӯзи 2-юми июн гуфт, президент калисоро ҳамчун пасманзари ироаи паёме истифода кард, “бо таълимоти исавӣ ва арзишҳои калисои мо дар ихтилоф аст”.

Дар изҳороти худ Ҷо Байден, муовини пешини президент ва довталаби курсии раёсати ҷумҳури Амрико, ваъда дод, ки агар интихоб шавад, “оташи нафратро фурӯзон намекунад” ва дар иваз “дар пайи дармони ҷароҳатҳои нажодпарастӣ” дар Амрико мешавад.

Дар чанд рӯзи гузашта эътирозҳои сулҳомез саросари Амрикоро фаро гирифт, ки яке аз азимтарин маъракаи зидди хушунати полис ва нобаробарии нажодӣ дар кишвар дар солҳои охир қаламдод мешавад.

Эътирозҳо дар ҳоле шаҳру минтақаҳои хурду бузурги Амрикоро фаро гирифт, ки дар пайи пандемияи коронавирус шумори бекорон афзудааст. Як пурсиши афкори умум, ки рӯзи 2-юми июн аз ҷониби Reuters/Ipsos анҷом шуд, мегӯяд, 64 дарсади амрикоиҳо бо мардуми эътирозгар дар хиёбонҳо “эҳсоси ҳамраъйӣ” доранд, 27 дарсад гуфтанд, ки мухолиф ҳастанд ва 9 дарсад гуфтанд, ки мутмаин нестанд.

Як ҳафта баъди эътирозҳои сартосарӣ дар Иёлоти Муттаҳида беназмиҳо рух дод ва издиҳоми мардум даст ба ғорату харобкорӣ зада, мафҳуми эътирози сулҳомезро зери суол бурданд. Дастикам 11 нафар, бархе аз дасти полис ва бархе аз ҷониби ғоратгарон ва ҳамлаварони ношинос кушта шуданд. Дар давоми як ҳафтаи беназмиҳо даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуд.

Дар баробари ин дар як ҳафтаи гузашта ҳазорҳо нафар, аз ҷумла беш аз 2500 нафар дар Лос-Анҷелес ва 2000 нафар дар Ню-Йорк боздошт шуданд. Дар Лас-Вегас рӯзи 1-уми июн як афсари полис аз тири туфанг захмӣ шуда, дар ҳолати сангин қарор дорад ва дар тирандозии ҳамон шаб дар Сант Луис чаҳор афсари полис маҷрӯҳ шуд.

Эътирозҳои ҳам сулҳомез ва ҳам хушунатбор бори дигар нишон дод, ки нирӯи аз ҳад беши полис ба кор бурда шуд ва ин ҳолат тақозои ҳатмӣ барои ислоҳоти ҷиддии низоми полис дар Амрикоро ба намоиш гузошт.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (5)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG