Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дорӣ - гузор, надорӣ - бардор. Гӯшаи хайр дар фурӯшгоҳи Кӯлоб. ВИДЕО


Густариши коронавируси нав дар Тоҷикистон, ки боиси баста шудани бисёре аз бозору фурӯшгоҳҳо ва бекор мондани бархе аз сокинон шуд, эҳтиёҷи ниёзмандонро ба дарёфти кумак афзун кардааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар баъзе аз мағозаҳои Тоҷикистон "гӯшаи хайр" кушодаанд ва ба ин восита ба камбизоатон ёрӣ мерасонанд. Ин дар ҳолест, ки кишвару созмонҳои хориҷӣ ба сокинони камбизоати Тоҷикистон дар шароити коронавирус кумак кардаанд. Аз ҷумла, Бонки Ҷаҳонӣ аз 11,3 миллион доллар ёриаш ба Тоҷикистон се миллион доллари онро ба камбизоатҳо ҷудо кардааст. Мақомот гузориш медиҳанд, ки ба мардум кумак мерасонанд, вале сокинон мегӯянд, ҳанӯз ба дасташон нарасидааст.

Дар мағозаи "Ҳафтбародарон" дар шаҳри Кӯлоб барои пуштибонӣ аз мардуми дастнигар "гӯшаи хайр" боз кардаанд. Ниёзмандон дар инҷо метавонанд орду равған, нон, шакар, чойи хушк ва дигар маводи ниёзи аввалро бепул ба даст оранд, вале ​як нафар дар рӯз ба гирифтани ду навъи маҳсулоти зарурӣ ҳақ дорад.

Даврон Абдулазизов, корманди мағоза, мегӯяд, бахше аз ин маҳсулотро худи онҳо мегузоранд, бахши дигарро афроди хайрхоҳ. "Ҳар бегоҳ ин гӯша пур мешавад ва одамони камбизоат омада, барои худ чизе мегиранд. Дар ин ҷой аслан хӯрокворӣ ҷой дода мешавад ва то саҳар холӣ мешавад," - мегӯяд Абдулазизов.

Моликони мағозаи “Ҳафтбародарон” мегӯянд, афроди камбизоатро аз чеҳрааш мешиносанд ва онҳое нзи ҳастанд, ки ба онҳо муроҷиат мекунанд. Ҳоло аз таъсиси ин гӯша сокинони шаҳри Кӯлоб ва деҳаҳои атрофи баҳравар мешаванд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Дар Кӯлоб гӯшаи хайр барои ниёзмандон ташкил шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

Юсуф Абдуллоев, сокини шаҳри Кӯлоб, аз ҷумлаи онҳоест, ки мегӯяд, аз гӯшаҳои хайр барои худаш маҳсулоти заруриашро мегирад.

"Ман аз деҳа ба инҷо меоям, ба қадри тавоноиям харид мекунам ва ба чизе, ки пулам нарасид, аз гӯшаи хайр мегирам. Аз ҷамоат 300 сомонӣ ёрӣ карданд, бемор дорам. Аз ҳамин рӯ, ҳам аз хайр мегирам ва ҳам каме харид мекунам. Агар дар дигар фурӯшгоҳҳо ҳамин гуна гӯша таъсис мекарданд, хуб мешуд," - гуфт Абдуллоев.

Дар ин гӯшаи хайр соҳибони мағоза ва сокинони хайрхоҳ ҳар рӯз ба маблағи панҷсад сомонӣ маводи ниёзи аввал мегузоранд.

Дар Тоҷикистон соҳибони кору маоши муносиб ва доимӣ хеле кам ҳастанд. Аксари занону мардон ба корҳои мавсимӣ ё тиҷорати либос машғуланд. Дар шароити коронавирус онҳо бекор монда, ба кумак ниёз пайдо кардаанд.

Гуруҳи дигари ниёзмандон онҳое ҳастанд, ки ҳар сол дар фасли баҳор барои кор ба Русия мерафтанд, аммо имсол ба далели баста будани марзҳо дар кишвар монданд.

Тоҷикистон аз нимаи дувуми моҳи март ба ин тараф парвози ҳавопаймоҳоро манъ карда, марзҳоро бастааст. Мақомот 30-юми апрел мавҷудияти коронавирусро дар кишвар эътироф карда, мактабу бозорҳо ва кошонаҳои ҳусну марказҳои шустани мошинро ҳам бастанд. Ба иттилои расмӣ то ин дам беш аз якуним ҳазор кас дар Тоҷикистон ба вируси нав гирифтор шуда, 39 нафар фавтидаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (17)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG