Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳои Тоҷикистон соҳиби омбудсмен шуданд, то аз даъво эмин бошанд


Дар Тоҷикистон нашрияҳо, ки як замон серхаридор буданд, ҳоло камтар чоп мешаванд.

Бо ҳадафи беҳбуд бахшидан ба кори матбуот ва инъикоси дурусту бетарафонаи таҳаввулот дар чанде аз расонаҳои Тоҷикистон «омбудсмен» ба кор оғоз кардааст.

Ба гуфтаи дастандаркорони тарҳе, ки бо мусоидати «Интернюс», як созмони байналмилалии кӯмакрасон ба матбуот амалӣ мешавад, ҳадаф роҳ надодан ба хатову эмин мондан аз ҳаргуна даъвоҳои додгоҳӣ аст, ки дар гузашта бо расонаҳо зиёд сурат мегирифт.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ки аз иҷрокунандагони тарҳи фаъолияти омбудсмен дар расонаҳо аст, дар ҳафтаи гузашта сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло 6 омбудсмен дар 6 расона кор мекунанд ва вазифаи онҳо роҳнамоии хабарнигорон барои нашру таҳияи мақола ва барномаҳо барои телевизиону радио ва нашрияҳо аст.

Нозирони мӯҳтаво ва дурустӣ айни замон дар телевизионҳои "Азия", «СМ-1» дар вилояти Суғд, радиоҳои "Тироз", «Пайванд», Маркази тадқиқоти журналистӣ ва ҳафтаномаҳои «Фараж», «Самак» ва “Суғднюс” кор мекунанд. Онҳое, ки ба ҳайси омбудсмен кор мекунанд, аз ҳисоби кормандони ҳамин нашрияҳо интихоб шудаанд ва қабл аз оғози кор бо кӯмаки “Интернюс” ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо меъёрҳои ахлоқии хабарнигорӣ, навишту инъикос, қонунҳои дохилӣ ва байналмилалӣ дар бораи матбуотро омӯзиш дидаанд.

Аъзамхон Акбаров, раиси шабакаи радио ва телевизонии “Азия” дар Хуҷанд аст ва дар давраҳои омӯзишӣ ширкат кардааст. Ӯ мегӯяд: “Ман ҳамчун омбудсмен намегузорам корманди мо ҳангоми таҳияи матлаб аз доираи этика ва профессионализм берун равад ва гузориш бо норасоӣ нашр шавад. Ин як масъулияти ҷиддиро ба дӯши мо мегузорад, то ин ки иштибоҳ роҳ наёбад.

Аъзамхон Акбаров ин ақидаро, ки омбудсмен мисли як ниҳоди сензураи дигар аст, қабул надорад ва мегӯяд, ҳадафи онҳо интихоби мавзӯъ ё монеъ шудан ба чопи мақола ва ё гузорише нест. Ҳадаф ба қавли ӯ, дурустии матлабест, ки нашр мешавад. Хилватшоҳи Маҳмуд, журналисти тоҷик назари дигар дорад ва мегӯяд: “Зарурате барои омбудсмени нашрияҳо мавҷуд нест. Ман ҳеч намефаҳмам, ки чаро сардабир ва муассиси як нашрия боз омбудсмени ҳамон расона бояд бошад? Пас, сардабир, муовини муҳаррир, муҳаррир, котиби масъул чӣ кор мекунанд, ки ҷилавгирӣ намекунанд? Ё онҳо меъёрҳои журналистикаро намедонанд?”

Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, омбусмен барои он аст, ки кор ба даъво кашида нашавад.
Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, омбусмен барои он аст, ки кор ба даъво кашида нашавад.

Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, созмонҳои дигаре, ки ба хабарнигорон кӯмак мекунанд, баъд аз нашри барнома ё гузорише ба кори онҳо баҳо медиҳанд, вале “омбудсмен кӯшиш мекунад, то замони нашр пеши роҳи ғалатро бигирад, то кор ба баҳсу беобрӯӣ ва ба додгоҳ кашида нашавад”.

Дар Тоҷикистон ҳарчанд дар як соли ахир ба додгоҳ кашидани хабарнигорон барои гузорише мушоҳида нашудааст, аммо солҳои гузашта мақомоти расмӣ зиёд онҳоро ба додгоҳ бурдаанд.

Аъзам Урунов аз телевизиони “СМ1” ба Радиои Озодӣ гуфт, будани омбудсмен дар шабакаҳои телевизионӣ муҳим аст ва кӯмак мекунад, барномаҳо беҳтар омода шаванд. Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) мегӯяд, омода кардани омбудсмен барои расонаҳои дигарро идома медиҳад ва мумкин аст, бо анҷоми тарҳ 12 нозири мӯҳтаво ва дурустӣ фаъолияти 40 телевизиону радио ва ҳафтаномаҳоро назорат кунанд.

Матбуоти Тоҷикистон солҳои душвореро паси сар мекунад, чун ба гуфтаи ҳомиёни озодии баён, ба далели фишору таҳдиди мақомот, хабарнигорон аз тарс нуқсу камбудиҳои мақомотро намегӯянд ва аз гуфтани ҳақиқат парҳез мекунанд. Тоҷикистон дар феҳрасти созмонҳои байналмилалӣ, ки вазъи матбуот дар ҷаҳонро назорат мекунанд, дар чанд соли ахир яке аз мақомҳои поинро ишғол кардааст ва дар радифи кишварҳои “ноозод” қарор дорад.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG