Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навбати тӯлонии сокинон барои гирифтани орди арзон дар Кӯлоб. ВИДЕО


Навбат барои орди арзон дар Кӯлоб

Ҳар рӯз дар назди корхонаи орди шаҳри Кӯлоб даҳҳо нафар барои гирифтани халта дар навбат меистанд. Мардум мегӯянд, нархи орд дар инҷо дар муқоиса ба бозор арзонтар аст ва навбати дарозро ба хотири сарфаи маблағ таҳаммул мекунанд.

Нархи як халта орди панҷоҳкилоӣ дар бозорҳои шаҳри Кӯлоб аз 260 то 270 сомонӣ аст. Корхонаи орд онро ба 225 сомонӣ медиҳад, вале як нафар дар рӯз танҳо як халта орд гирифта метавонаду бас.

Мақомот мегӯянд, бо ин кор ба мардуми камбизоат имкон додаанд, ки бо нархи нисбатан арзон орд бигиранд, вагарна пулдорон аз ин фурсат ба нафъи худ суистифода хоҳанд кард.

Марзия Раҷабова, сокини шаҳри Кӯлоб, то замони эътирофи мавҷудияти коронавирус дар бозор сабзавот мефурӯхт ва аз ин ҳисоб зиндагиашро таъмин мекард. Беш аз даҳ рӯз аст, ки бекору бе даромад мондааст.

Вай субҳи барвақт ба назди корхонаи истеҳсоли орд рафта, худро номнавис кард. Мегӯяд, яке аз ҳамсояҳояш дар моҳи Рамазон ба ӯ кумаки молӣ кард ва мехоҳад онро барои харидани орду маҳсулоти дигари зарурӣ харҷ кунад.

"Барои арзониаш ба назди корхонаи орд омадам. Аз нархи орд дар бозор чиҳил-панҷоҳ сомонӣ фарқ дорад. Инро кӣ медиҳад? Ба ин пул як бахши дигари зиндагиро мепӯшонем", - гуфт ӯ.

Навбат барои орди арзони маҳаллӣ дар шаҳри Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Корхонаи орди шаҳри Кӯлоб идораи вобаста ба Оҷонси захираҳои давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон аст.

Мақомот дар лаҳзаҳое ки нархи маҳсулот дар бозорҳо боло меравад, барои ба вуҷуд овардани тавозун ва имкон додан ба мардуми камбизот захираҳои давлатиро бо нархи нисбатан арзон ба фурӯш мебароранд.

Сокинон мегӯянд, то замони боло рафтани нарх дар бозорҳо ба орди ин корхона чандон таваҷҷӯҳ надоштанд, чун нарх фарқ намекард.

Аъзам Ашӯров, сокини дигари Кӯлоб, мегӯяд, бояд масъулони корхона суръати корро тезтар карда, мардумро дар навбати тӯлонӣ нагузоранд. Чун, ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, "коронавирус ҳаст ва мардум дар навбат ба якдигар наздик меистанд. Нашавад, ки аб хотири орди арзон ба худ дарди сар харанд."

Сокинон мегӯянд, маҷбуранд, ки барои дарёфти орди арзон соатҳо дар навбат истанд
Сокинон мегӯянд, маҷбуранд, ки барои дарёфти орди арзон соатҳо дар навбат истанд

Корхонаи орди шаҳри Кӯлоб гандумро аз Қазоқистон тариқи ворид мекунад. Ба гуфтаи масъулини корхона, онҳо дар як шабонарӯз 90 тонна орд истеҳсол карда, ба минтақаҳо низ мефиристанд. Корхонаи орди Кӯлоб қисмҳои ҳарбии минтақаро низ бо орд таъмин мекунад.

Сокинон бо инки аз сифати орди корхона шикоят надоранд, мегӯянд, ҳоло барояшон аз сифат дида, нарх муҳимтар аст.

Ба гуфтаи Маҳмадулло Паҳлавонов, як сокини шаҳри Кулоб, "фарқ надорад, нон шавад шуд, шарт нест, ки сифат олӣ бошад. Ҳамин вақти пӯхтан нон аз танӯр нарезад, кофист."

Сокинон дар ҳоле ба орди арзони корхонаи Кӯлоб рӯ оварданд, ки додситонии шаҳри Кӯлоб соли 2017 ба зидди роҳбари корхона бо иттиҳоми фиреби муштариён парвандаи ҷиноӣ кушода буд. Мақомот он вақт гуфта буданд, ки ҳангоми тафтиш 1200 халта ё беш аз 65 тонна орди муҳлати истеъмолаш гузаштаро ошкор ва мусодира намуда буданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (11)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG