Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лимӯ, испанд, сирпиёз. Нархи "доруҳои мардумӣ" дар Тоҷикистон гарон шуд. ВИДЕО


Гӯшаи фурӯши сабзиҷот дар бозори "Меҳргон"

Нархи баъзе аз маҳсулот, ки ба бовари мардум гӯё барои пешгирӣ аз сирояти бемории COVID-19 мусоидат мекунад, ба таври чашмгир дар бозорҳои Тоҷикистон боло рафтааст. Аз ҷумла, арзиши як кило лимӯ (лимон) аз тақрибан 8 сомонӣ то ба 35 сомонӣ ва арзиши ҳамин миқдор сирпиёз аз 40 сомонӣ то ба 120 сомонӣ афзуд. Ин дар ҳолест, ки се моҳ пеш кишоварзони тоҷик аз арзонии нархи лимӯ ва камдаромад шудани ин бахш шикоят доштанд.

Рӯзи 7-уми апрел дохили "Меҳргон", бозори бузургтарини шаҳри Душанбе, пур аз дуди испанд буд. Масъулони бозор гуфтанд, ҳар шаб ва чанд дафъа дар рӯз бозор поккорӣ шуда, тоҷирон ҳазориспанд дуд мекунанд.

Қаблан бархе аз пажӯҳишгарон хабар дода буданд, ки яке аз сабабҳои камтар олуда шудани сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба COVID-19 гӯё анъанаи дуд кардани ҳазориспанд будааст. Президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов низ ба мардум машварат дода буд, ки дар маҳалли кор ҳазориспанд дуд кунанд, чун ин алаф аз сироят нигоҳ медорад. Пизишкон дурустии онро таъйид намекунанд.

Зубайдулло Нарзуллоев, тоҷири мева ва ҳазориспанд дар бозори "Меҳргон", яке аз онҳоест, ки аз субҳ дар назди дӯконаш испанд дуд мекунад. Вай гуфт, дар чанд рӯзи ахир нархи як банд испанд ду баробар боло рафтааст.

"То овозаи паҳншавии коронавирус як бандча испанд як сомонӣ буд, ҳоло ду сомонӣ аст. Дар як рӯз то 50-60 бандча мефурӯшам", - афзуд Нарзуллоев.

Аммо бандчаҳои хушкидаи испанд танҳо маҳсулоте нест, ки дар пайи овозаҳо аз эҳтимоли паҳншавии COVID-19 нархашон дар бозорҳои Тоҷикистон гарон шудааст. Ойгулхон Розиқова, тоҷири сабзиҷот дар бозори "Меҳргон" мегӯяд, "дар бештар аз як моҳи ахир нархи лимӯ тақрибан панҷ баробар афзуд".

Ба гуфтаи вай, то паҳншавии ин вирус дар ҷаҳон, мардум лимӯро камтар мехариданд, аммо ҳоло ҳар як харидор чанд кило лимӯ мегирад. "Мегӯянд, ки лимӯ барои муқобала бо вирус кумак мекунад. Ҳоло нархи як кило лимӯ ба 35 сомонӣ расидааст. Ҳамчунин сирпиёзу испандро зиёд мехаранд", - гуфт вай.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Хавфи коронавирус нархи "доруҳои мардумӣ"-ро боло бурд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Ойгулхон Розиқова як сабаби афзоиши нархи лимуро ба поён ёфтани мавсими ин мева номид. Аммо соҳибназарон мегӯянд, сабаби асосии болоравии нархи лимӯ дар бозорҳои Тоҷикистон ба афзоиши содироти он ба Афғонистон марбут аст. Дар ин кишвари ҳамсоя теъдоди гирифторони COVID-19 сабт шудаанд.

Харидорони бозор низ дар ин шабурӯз бештар хостори маҳсулоте ҳастанд, ки метавонанд онҳоро аз сироят ба ин вирус эмин нигаҳ доранд. Холида Бурҳонова, сокини Душанбе, машғули харидории сирпиёз буд ва сабабашро чунин шарҳ дод: "Фаҳмидем, ки сирпиёз, лимон ва испанд аз гирифторшавӣ ба ин беморӣ пешгирӣ мекунад. Мисол, лимон дар таркибаш витамини "с" дорад."

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар моҳи марти имсол чанд овоза ва росту дурӯғи муҳим дар бораи хусусиятҳои коронавирус ва чораҳои аслии пешгирӣ аз онро шарҳ дод ва дар онҷо аз ҷумла гуфта буд, сир (чеснок) ва монанди онҳо "хусусияти зиддимикробӣ доранд, вале то ҳол шаҳодати он вуҷуд надорад, ки дар пайи истеъмоли онҳо одамон ба коронавирус олуда нашуданд".

Баъд аз таҳлукаи гирифторӣ ба вируси COVID-19 дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, дар Тоҷикистон низ мардум ба бозорҳо рехта, нахуст ба харидани орду равған ва шакар рӯй оварданд. Дар натиҷа, нархи як халта орди 50-килоӣ то ба 250 сомонӣ ва дар баъзе минтақаҳо аз он ҳам баланд шуд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бо ташкили фурӯши захираҳои давлатӣ нархи як халтаро то ба 200 сомонӣ поин оварданд.

Ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон то ин дам дар кишвар ягон мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Беш аз шаш ҳазор нафаре, ки аз моҳи феврал ба ин сӯ аз хориҷа ба кишвар баргаштанд, таҳти "карантин" гирифта шудаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG