Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон хазинаи зидди пайомадҳои коронавирусро таъсис дод


Муҳоҷирон бо ниқобҳои тиббӣ дар шаҳри Санкт-Петербург. 3-юми апрели 2020
Муҳоҷирон бо ниқобҳои тиббӣ дар шаҳри Санкт-Петербург. 3-юми апрели 2020

Тоҷикистон бар иловаи он ки бо созмонҳои байналмилалии молӣ дар бораи дастрас кардани кумакҳо барои муқобила бо паёмадҳои коронавирус музокирот дорад, бо кушодани чанд ҳисоби бонкӣ аз соҳибкорону афроди алоҳида, бунёдҳои хайрия ва кишварҳои дӯст низ хостори ёриҳои башардӯстона шуд.

Масъулони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 3-юми апрел гуфтанд, ин тасмимро бо ҳадафи "тақвияти чораҳои зиддиэпидемиологӣ дар робита ба бемории ҳамагири COVID-19" рӯйи даст гирифтанд.

Баъзе аз шарҳнависон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, беҳтар буд мақомоти Тоҷикистон ба ҷойи баргузории ҷашну маъракаҳои пурдабдаба пулро барои чунин рӯзҳои мушкил нигоҳ медоштанд. Онҳо ҳамчунин ба зарурати корбаст намудани Фонди кумакҳои башардӯстонаи президент, бонкҳо, ширкат ва афроди сарватманди кишвар ишора намуданд.

Тоҷикистон дар замоне ки аксари кишварҳо бо коронавирус даст ба гиребон буданд, бо сарфи назар кардани тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ҷашни расмии Наврӯзро бо ҳузури ҳазорҳо нафар барпо намуд.

Ҳисобҳои нави бонкиро бо пули миллии сомонӣ, рубли русӣ ва доллар дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон кушодаанд.

"Ҳамаи маблағҳои ба ин суратҳисобҳо воридшуда барои андешидани тадбирҳои беҳдоштию зиддиэпидемиологӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ равона хоҳанд гардид", - гуфта шудааст дар иттилоияи Вазорати умури хориҷӣ. Рӯшан нест, дар бораи пулҳои ҷамъшуда ва чигунагии харҷи он оё ба мардум иттилоъ дода хоҳад шуд, ё не.

То ба ҳол, барои мусоидат ба омодагии Тоҷикистон ҷиҳати муқобила бо коронавирус ва муолиҷаи беморони эҳтимолӣ, Бонки Ҷаҳонӣ беш аз 11 миллион доллар ҷудо кард.

Олмон 1 миллион евро, Бонки Осиёии Рушд 100 ҳазор доллар ва Русия беш аз 20 ҳазор тест ё маводи ташхиси коронавирус ва ЮНИСЕФ либосу ашёи муҳофизатӣ доданд.

Рӯзи 26-уми марти имсол Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, изҳор дошт, ки Иёлоти Муттаҳида барои мубориза бо бемории COVID-19 ҳамчун кумак ба кишварҳои ҷаҳон 274 миллион доллар ҷудо кард. Дар миёни кишварҳое, ки аз ин ёрӣ баҳравар хоҳанд шуд, номи Тоҷикистон низ ҳаст ва кишвар аз ин ҳисоб 866 ҳазор доллар ёрӣ мегирад.

Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ки аз ҷузъиёти музокироти Тоҷикистон бо созмонҳои байнулмилалии молӣ огоҳ аст, рӯзи 2-юми апрел гуфт, айни замон ҳукумат барои дарёфти кумак бо Сандуқи Байналмилалии Пул, Бонки Исломии Рушд ва Бонки Осиёии Рушд низ вориди гуфтугӯ шудааст.

Ба қавли ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, Тоҷикистон мунтазир аст бо ин ҳадаф аз Сандуқи Байналмилалии Пул 120 миллион доллар гирад ва Бонки Осиёии Рушд ҷудо кардани 50 миллион доллар грант ё кумаки билоиваз ба буҷаи Тоҷикистонро баррасӣ дорад.

Чанде аз корбарони сомонаи Радиои Озодӣ аз омодагии созмону кишварҳои хориҷӣ барои кумак ба Тоҷикистон ситоиш карда, айни замон хостори шаффофияти харҷи пулҳо дар даврони мушкил шудаанд.

Корбаре бо номи "Сибир" рӯзи 4-уми апрел дар торнамои Радиои Озодӣ навишт: "Бояд мардум донад, ки пулҳои калон ба куҷо сарф шуд. Масъулин набояд як тин барои фоидаи худ харҷ кунанд."

Хонандаи дигаре гуфтааст, "дар 28 соли гузашта аз миллионҳо доллар ёриву кумакҳои башардӯстона ягон бор ҳисобот набуд, боз чӣ мехоҳед?" Дар ин байн чанд гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик ба расондани кумакҳо ба муҳҷоирон ва хонаводаҳое, ки ба иллати карантин дар Русия аз даромад ва ғизо маҳрум шудаанд, ёрмандӣ мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то ин дам дар кишвар ягон мавриди гирифторӣ ба коронавирусро сабт накардаанд, аммо барои пешгирӣ аз паҳншавии он беш аз шаш ҳазор нафарро ба "карантин" фаро гирифтанд. Ин афрод аз моҳи феврал то оғози апрел аз хориҷа баргаштанд.

Бемории ҳамагири КОВИД-19, ки охири соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд, то кунун боис ба гирифтории беш аз 1 миллиону 100 ҳазор нафар дар ҷаҳон шуда, беш аз 59 ҳазор каси дигар бар асари олудагӣ ба он ҷон бохтанд.

Сирояти коронавирус дар канори талафоти ҷонӣ, ба иқтисоди кишварҳои бузурги ҷаҳон осеби ҷиддӣ рисонда ва сатҳи бекориро дар ин кишварҳо ба суръат боло бурдааст.

Таъсири амиқи иқтисодии вируси корона рӯзи 3-юми апрел пас аз он бештар бармало шуд, ки гузоришҳо аз омори баланди бекорӣ дар Иёлоти Муттаҳида ва қудратҳои дигари иқтисодии ҷаҳон нашр шуданд.

Кристалина Георгиева, мудири Сандуқи Байналмилалии Пул гуфт, пандемияи COVID-19 ба иқтисоди ҷаҳон дар муоқиса ба буҳронии иқтисодии солҳои 2007-2008 зарби сангинтаре хоҳад зад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG