Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саъидҷаъфар Усмонзода дар бемористон бистарӣ гашт


Саъидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва роҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон
Саъидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва роҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон

Саъидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва роҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон дар яке аз бемористонҳои Душанбе бо шубҳаи мубтало ба бемории COVID-19 бистарӣ шудааст.

2 май вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳанӯз пизишкон дақиқ накардаанд, ки вай гирифтори бемории илтиҳоби шуш аст ё COVID-19. "Ҳарорати баданам баланд шуд ва ба бемористон муроҷиат кардам. Духтурҳо шубҳа доранд, ки ман гирифтори коронавирус шудаам, аммо ҳанӯз натиҷаи ташхис дақиқ нашудааст. Оила ва фарзандонам сиҳат ва дар хона ҳастанд", гуфт Усмонзода.

Вай ба ин савол, ки дар кадоме аз бемористонҳои Душанбе бистарӣ шудааст, нахост посух диҳад. Аммо, вай аз мақомоти Тоҷикистон бо дарназардошти хуруҷи бемории COVID-19 хостори ҷорӣ кардани вазъи фавқулода шуд. Ба гуфтаи вай, агар мақомот аз чораи сахте кор нагирад, "пайомадҳои ин беморӣ барои кишвар бисёр вазнин хоҳад буд."

Вакили Маҷлиси намояндагон ва роҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон рӯзи 27 апрел, дар ҳоле ки як ҳафта бистарӣ буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ташхисҳо нишон додаанд, ки ӯ ба бемории зуком гирифтор шудааст ва тайи чанд рӯзи ахир таби бисёр баланд дошт. "Ҳоло таб надорам, лекин хастагию бемадорӣ ҳаст".

Вай он вақт гуфта буд, ки табобатро дар шароити хона идома медиҳад. Ин гоҳе буд, ки мақомоти давлати Тоҷикистон ҳануз мавҷудияти коронавирусро дар ҳудуди Тоҷикистон рад мекарданд.

Саидҷаъфар Усомонзода аз соли 2013 ба ин тарафи раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон аст. Вай моҳи марти имсол бори дувум вориди порлумон шуд.

Демократҳои пешини норозӣ Усмонзодаро ба он муттаҳам мекунанд, ки Ҳизби демократро ба як ҳизби "кисагӣ" табдил кард ва ҳузури он дар ҷомеа танҳо як нақши намоишӣ дорад. Вале бархеи дигар Усмонзодаро ба сафи вакилоне ворид меунанд, ки бо гузашти замон мавзуъҳои муҳими иҷтимоиро дар миён мегузорад.

Аз ҷумла ӯ аз тасмими мақомот барои афзудани нархи Интернет ва сохтмони долонҳои зидди тарма аз пули Покистон дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ба шиддат танқид кардааст.

Ҳизби демократи Тоҷикистон соли 1991 таъсис ёфтааст.

XS
SM
MD
LG