Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, КОВИД-19 шояд сабаби "марги зиёде" шавад


Доналд Трамп гуфт, ҳафтаҳои сахте дар пеш аст.

Бо онки шумораи гирифторони КОВИД-19 дар Амрико афзоиш меёбад, раиси ҷумҳур Доналд Трамп гуфт, мумкин аст, беморӣ сабаби маргу мири зиёд шавад ва ҳафтаи оянда "ҳафтаи сахттарин хоҳад буд". Айни замон президенти Кумиссиёни Аврупо гуфт, барои рафъи паёмадҳои харобиовари коронавирус ва эҳёи вазъи иқтисодии кишварҳои минтақа “барномаи Маршал” зарур аст.

Бар асоси ҳисобҳои Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико, вируси нав то имрӯз ба 1 миллион 200 ҳазор нафар сироят карда ва камаш 64 774 нафарро дар саросари ҷаҳон куштааст. Тақрибан 250 ҳазор нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Амрико, ки озмоишҳои тиббӣ барои маълум кардани КОВИД-19-ро зиёд кардааст, ҳоло аз назари теъдоди гирифторон дар ҷаҳон дар мақоми аввал аст. Дар кишвар бештар аз 312 ҳазор кас ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.

Вале айни замон дар бораи омори Чин, ки коронавирус дар онҷо моҳи ноябр аз ҳайвон ба инсон сироят кард ва ҳам дар бораи иттилоотие, ки Русияву Тукрманистону Эрон медиҳанд, шубҳа зиёд аст. Доналд Трамп рӯзи 4-уми апрел дар нишасти хабарӣ гуфт: “Мутаасифона марг зиёд хоҳад буд” ва афзуд, аёлатҳое ба мисли Ню Йорк ва Луизиана “зарбаи сахт мехӯранд.”

Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, мақомот барои муҳофизати “шаҳрвандони бузурги Амрико тамоми корро мекунанд“ ва артиши Иёлоти Муттаҳида кормандони фавқуллода зиёдро барои кӯмак ба иёлоти гирифтори мушкилот сафарбар мекунад. Доналд Трамп ҳамчунин дастури маҳдудият дар равуо дар Амрикоро то рӯзи 30-уми апрел тамдид кард, вале айни замон рӯзи 5-уми апрел гуфт, умедвор аст, мардум “ба зудӣ” сари корашон бармегарданд. Ӯ афзуд: “Мо бояд сари кор баргардем, дарҳоро боз кунем. Ман намехоҳам, (вазъ) моҳҳову моҳҳову моҳҳо идома кунад”.

Даъват ба кӯмаки азим ва ҳамраъйӣ дар Аврупо

Айни замон дар Аврупо Урсула вон дер Лейен, раиси Кумиссиёни Аврупо шохаи иҷроияи Иттиҳоди Аврупо гуфт, хароҷот дар ин давра бояд бо ҳамраъйӣ ва мутобиқат бо вазъ сурат бигирад. Ӯ дар як шарҳе дар нашрияи олмонии “Велт ам Зонтаг” навиштааст, Аврупо ба “як барномаи Маршалл” зарурат дорад, ки ишорае ба кӯмакҳои азими Амрико аст, ки баъд аз Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум ба кишварҳои Аврупои Ғарбӣ дод. Ба навиштаи Урсула вон дер Лейен: “Барои пешгирӣ аз фалокати азимтаре, бояд миллиардҳо доллар сармоягузорӣ шавад” ва чунин сармоягузорӣ ҳамбастагии мардуми Аврупо ва наслҳои ояндаи онро қавитар мекунад. Ҳоло кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар бораи шеваҳои коҳиш додани оқибатҳои бади пандемияи вирус нав ихтилофоти назар доранд.

Дар Итолиё ва Испониё, ки дар ҳарду тақрибан 125 ҳазор нафарӣ ба КОВИД-19 гирифтор шудаанд, мақомот изҳори умедворӣ карданд, ки ин ҳафта теъдоди мубталоён камтар мешавад. Дар ин ду кишвар то ҳол 27 ҳазор нафар ҷон додаанд. Бритониё рӯзи 4-уми апрел аз афзоиши рекордии ҳалокшудагон гузориш дод. Дар ин рӯз 708 нафар аз ҷумла тифли 5-солае ҷон додаанд. Дар умум КОВИД-19 дар Бритониё ба 42 ҳазор нафар сироят карда ва 4313 нафарро куштааст.

Дар Юнон мақомот дастур доданд, як урдӯгоҳи паноҳандагон карантини комил шавад, зеро дар ин урдӯгоҳ ду нафар, аз ҷумла як марди афғон ба беморӣ мубтало шудаанд. Урдӯгоҳи Малакаса дар 40 километрии шаҳри Афина пойтахти Юнон қарор дорад. Дар умум дар урдӯгоҳҳои Юнон даҳҳо ҳазор паноҳҷӯ ва муҳоҷир дар шароити баде нигаҳ дошта мешаванд.

Эрониҳо қисман ба кор бармегарданд

Дар Эрон, яке аз кишварҳои гирифтор ба КОВИД-19, раиси ҷумҳур Ҳасан Рӯҳонӣ рӯзи 5-уми апрел гуфт, ки “фаъолиятҳои иқтисодии камхатар” аз рӯзи 11-уми апрел аз сар гирифта мешаванд”. Эрон ҳам ба мардум дастур додааст, барои монеъ шудан ба густариши беморӣ дар хонаҳояшон бимонанд. Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, дар Эрон то кунун 55 ҳазору 743 нафар ба КОВИД-19 гирифтор шудаанд ва аз ин миён 3452 кас ҷон додаанд. Аммо на ҳама ба омори мақомоти расмии Эрон бовар доранд. Дар ин кишвар чанде аз мақомоти баландпояи расмӣ аз ҷумла муовини раиси ҷумҳур низ бемор шудаанд.

Дар Ҷопон мақомот гуфтанд, ки дар пойтахт шаҳри Токио 130 гирифтори дигарро сабт карданд ва ҳоло дар ин шаҳри 13 миллион нафарӣ бештар аз 1000 кас гирифтори КОВИД-19 будаанд. Тақозоҳо барои эълони вазъи фавқуллода дар Ҷопон зиёд шудааст. Дар умум дар кишвар 3100 мубтало ба вируси нав сабт шудааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки то кунун дар кишвар ягон мавриди сирояти беморӣ сабт нашудааст.

Шарҳҳоро бинед (11)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG