Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Худии бегона". 4 сабақ аз зиндагӣ ва кори генерал Ҳабибов


Абдулло Ҳабибов. Акс аз соли 2010
Абдулло Ҳабибов. Акс аз соли 2010

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Мисли аксар дӯстони воқеиву самимиам, бо Абдулло Ҳабибов бо "ҷанг" шинос шуда будам. Ошноии шахсӣ аст, албатта, манзурам, вагарна дар бораи он кас зиёд шунида будам.

Медонистам, ки аз ҷумлаи шахсиятҳоест, ки зиндагиву фаъолиятҳояш ба андозаи зиёд бо таърихи кишвар ҳамоҳангу ҳамсадост. Яке аз пешкорони Истиқлолияти Тоҷикистон, вакили бисёр шинохтаи парлумон дар солҳои 90.

Ҳанӯз дар замони Шӯравӣ мақому мартаба ёфта буд. Баъдан ҳам дар мақомҳои андак кор накардааст: муовини раиси кумитаи гумрук, муовини аввали вазири мудофиа, мудири шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи Президент, вакили Маҷлиси намояндагон, мудири шӯъбаи маъмурӣ – ҳуқуқии шаҳрдории Душанбе, вакили маҷлиси пойтахт, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ...

Таърихчаи ошноии мо ба як маъракаи сиёсӣ иртибот мегирифт. Соли 2005 аз ҳавзаи Шоҳмансури пойтахт номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон будам ва раисии ин ҳавзаи интихоботиро Абдулло Ҳабибов ба ӯҳда дошт. То ин замон чанде аз фарзандонашро мешинохтам ва яке аз эшон ба ситоди интихоботии мо кумак ҳам мекард. Бо ин вуҷуд, дар ҷараёни маърака бо раиси ҳавза ҷанҷолу сахтгӯиҳое доштем.

Интихобот мисли ҳамеша тамом шуд ва номзадҳои дилхоҳи ҳукумат курсиҳои парлумонро ҳам банд карданд. Новобаста аз ин, як рӯз пас аз ҷамъбасти маърака ва эълони натиҷаҳои расмӣ ба ҳавзаи интихоботӣ рафтам, то аз Абдулло Ҳабибович бахшиш пурсам, агар кӯтоҳие аз мо пеш омада бошад.

Алорағми дафъаҳои дигар раиси ҳавза, ки моро ҳамеша бо чеҳраи ҷиддиву қавоқҳои гирифта пешвоз мегирифт, ин бор бо табассуми зебо истиқбол намуд. Гуфт:

"Медонистам, ки меоӣ. Қавоқандозии ман ҳам як имтиҳон буд, ки чӣ қадар сабр дорӣ. Дар бораат зиёд хондаву шунидаам. Ҳоло ҷавонӣ (он вақт 32-сола будам - РМ.), Худо умрамон диҳад, ҳарду ҷӯра мешавем ва ман аз таҷрибаву зиндагиномаи худам хоҳам гуфт, ки як шахсият чӣ гуна дар баробари боди ҳодисаҳо ва тӯфони ҷилваҳои ҷаҳони моддӣ шикаста намешавад..."

Баъд мо на танҳо ҷӯра шудем, он тавре он кас гуфтанашро дӯст медошт, балки мисли устод бароям раҳнамоиҳо кардааст. Дар гурӯҳҳои зиёди кории шаҳрдорӣ ва дар қитъаҳои аз ҳама мушкил раиси собиқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳисоби вакилону фаъолони ҷамъиятӣ маҳз ману Ҳабибовро масъул мемонд. Хоса, вақте бозори “Корвон” оташ гирифт, вақте пеш аз иду моҳи Рамазон нархи маҳсулот дар бозорҳо боло мерафт...

Баъзан мешуд, мо ҳатто бо Убайдуллоев, ки на ҳар кас ҷуръат менамуд, баҳс мекардем. Аммо пеш аз ин, генерал Ҳабибов ба ман тавсия медод, ки дар фалону бисмадон масъала паҳлӯҳоеро бояд ҷиддитар гирем, чун шаҳрдорро мутақоид кардан осон нест...

Соли 2015 ба ифтихори 70-солагии Ғалаба дар ҶБВ китоберо таҳти унвони “Аскарони Ғалаба” ҳамроҳ таҳия кардем, ки дар бораи қаҳрамонҳои зиндаи ин ҷанг аз шаҳри Душанбе нақл мекард... Ҳамин чанд рӯз пеш аз маргаш китоби дигареро ба нашр супурдем, ки “Аскарони Ғолиб” ном дошту ба 75-солагии ин сана бахшида шуда, аз қаҳрамонии 168 иштирокчии ҳоло зиндамондаи тамоми Тоҷикистон қисса мекунад...

Борҳо шоҳид будам, ки мансабдорон дар кӯча ӯро дида, бо меҳру самимият гуфтаанд: "Ба Худо, ҳоло ҳам аз диданатон дар дилам тарс пайдо мешавад". Зеро Абдулло Ҳабибов ҳамеша рамзи адолату қонунмандӣ буда...

Онҳое, ки зиндагиномаи ӯро намедонанд, хаёл мекунанд, ки фарзанди нозпарвару эркаи кадом мансабдори давр будаву аз ин рӯ бологузар шуд. Аммо дар асл, ӯ ҳамагӣ писари як зиёии рӯшангари Даштиҷум буд, ки зиндагии пурпечутобро паси сар кардааст. Падарашро ҳасудон дар замони худ ором нагузоштанд. Зеро донишманди замони худ буду фарзанди шахсияти таҳсилдидаи мадориси Бухорову Самарқанд...

Абдуллои кӯчак ҷабри муҳоҷирату гӯшнагиву сардиҳоро дар Қазоқистон чашид. Вале аз ин ҳама хаста нашуд, панду сабақ гирифт. Омӯхт, мутолиа кард, хулоса намуд, ки рисолати як инсон чист. Дар ғарибӣ кӯдаки дӯстдоштаи як оилаи рус гашт. Забони русиро ба дараҷаи олӣ донистанаш аз ин ҷо сарчашма мегирифт. Вақте оилаашон ба Кӯлоб баргаштанд, шавқи омӯхтану донистан аз зеҳнаш дур нарафт.

Факултаи забон ва адабиёти русро тамом кард, дар мансабҳои гуногуни комсомоливу давлатӣ кор кард, вале ҳеч гоҳ аз ёд намебаровард: адолат бояд тантана кунад, қонун ҳарфи ахир аст ва ягон амри дигар ҷои онро набояд гирад.

Даҳҳо бор хостанд пешпояш бидиҳанд, ба мушкилу балоҳои гуногун рӯ ба рӯяш карданд, вале ба мақсад нарасиданд, чун принсипаш бетағйир буд: адолат ва қонунмандӣ.

Воқеаҳои февралии соли 1990 ва дасисаи гурӯҳҳои ниқорталаб пушти сар шуданд, шукри Худо, Ҳабибови принсипнокро натавонистанд муттаҳам созанд. Бар хилофи хостаи ҳокимони вақт ҳамон сол депутат шуд. Дар фраксияи демократии парлумони воқеан демокративу миллӣ аз шахсиятҳои муҳим ба ҳисоб мерафту ҳамроҳ бо 10 - 15 вакили мардумӣ барои Истиқлолияти Тоҷикистон талош намуд....

Замони ҷанги шаҳрвандӣ азоби зиёдеро пушти сар кард, аммо барои наҷоти Тоҷикистон тамоми нерӯву имконашро истифода намуд. Дар Кӯлоб падари солмандашро азоб доданд, вале ӯро аз раъй гардонда натавонистанд, чун принсипи Ҳабибов ҳамоно як буд: адолат ва қонуният!

Пас аз омадани ҳукумати нав ӯ мақоми “худии бегона”-ро дошт. Аз як ҷиҳат ба ҷойгоҳу саводу фаросату кордониаш ниёз доштанд, аз сӯи дигар ба ӯ бовар намекарданд.

Аслан кадом одами мустақилро ба осонӣ бовар намудаанд?

Аммо ӯ сар намефаровард. Ва оқибат ба ӯ тан доданд. Ҳатто дар баҳси сохтмони масҷидаш, ки ба мушкилоти зиёд ӯро рӯ ба рӯ кард, гуфтан мумкин дар рӯзи ҷанозааш ғолиб омад. На, ҷанозааш дар он масҷид хонда нашуд, ҳоло он бинои зеборо расман масҷид ҳам намегӯянд. Муфтии Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдулқодирзода, ки намози ҷанозаи марҳум Ҳабибовро мехонд, чандин бор хоставу нахоста аз он бино ҳамчун масҷид ном бурд.

Ин ки дар рӯзи ҷанозааш аз ин иморати воқеан зебо аз забони як масъули дин ба унвони масҷид ном бурда шуд, иншоаллоҳ генерал онро мешунид ва мутмаинем дар оянда хоҳанд гуфт: намозро дар масҷиди генерал Ҳабибов хондем.

Аз сабақҳое, ки ба ман додааст, аввалинаш ҳамин мавқеи устувор ва қавӣ доштан буд.

"Вале барои мавқеи қавӣ доштан бояд бо саводу маълумоти зарурӣ муҷаҳҳаз бошӣ, вагарна устувор буда наметавонӣ, мешиканандат", - таъкид мекард ҳамеша.

Сабақи дувумаш боз ҳам ҷиддитар буд: “Агар шахсият шудан мехоҳӣ, набояд аз касе вобаста бошӣ”. Аз худаш мисол овард, ки ҳарчанд Раҳмон Набиев дар масъулиятҳои низомӣ гирифтани Ҳабибов саҳм гузоштаст, аммо дар рӯ ба рӯяш ҳамеша гапи худро мегуфт.

"Дар яке аз иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ нисбати ба бозӣ кашидани Раҳмон Набиев ҳам андешаҳоямро дар рӯ ба рӯяш гуфтам: “Муҳтарам Раҳмон Набиевич, ҳоло маълум гашт, ки Кумитаи марказии ҲК ба Шумо ягон имконият намедиҳанд, ки Президенти Тоҷикистон шавед. Зеро барои онҳо зарурат надорад, ки як нафари аз низом ранҷидаву дуршуда аз нав ба қудрат биёяд. Ман мутмаин гаштам, ки таъқиботи Шумо дурудароз хоҳад буд. Шуморо қурбонӣ карданианд. Аммо инро дер мефаҳмед ва мутаассифона ин бароятон гарон меафтад”.

“Нафси худро идора намо!” Ин принсипро мешавад сабақи сеюми генерал Ҳабибов гуфт. Фарзандонаш нақл мекунанд, ки онҳо кӯдакии эркаву серу пурро паси сар накардаанд. Ҳарчанд падарашон полковники ВКД буд, аммо на ҳамеша гӯшти ба серӣ мехӯрданд.

Боре рӯзона касе ба хонаашон гӯшти зиёде меорад. Кӯдакон хурсандӣ доранд, аммо бегоҳ падарашон меояд ва гӯштро дида, чун мефаҳмад, ки онро кӣ овардааст, ба он одам занг зада, маҷбур мекунад, ки омада гӯшташро барад. Барои кӯдаконаш бошад, охири моҳ, вақте маошашро гирифт, баъд гӯшт мехарад.

"Агар нафсатро идора накардӣ, он туро идора мекунаду шарманда", – доим таъкид мекард генерал.

Сабақи чоруми аз Абдулло Ҳабибов ҳосилкардаамро шояд ӯ ягон бор худаш нагуфта буд. Аммо эҳсос мекардам, ки ӯ ҳатто корҳоеро анҷом медод, ки бигзор ба худаш манфиате намеорад, аммо барои дигарон нафъ меовард. "Зистан барои хушбахтии дигарон". Ин тезиси муҳимест, ки мутаассифона онро на ҳар кас мефаҳмад. Аммо шахсиятҳое мисли Ҳабибов дигаргуна зиндагӣ накардаву намекунанд.

Ин гуна шахсиятҳо абадзиндаанд ва дар ҷомеаҳои қадрдон ҳадди ақал кӯчаеро ба номаш мегузоранд, то барои насли оянда таҳрикдиҳанда бошанд...

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG