Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи 10 дипломати ИМА аз Беларус


Дирӯз Беларус дастур дод, ки 10 дипломати амрикоӣ қаламрави ин кишварро тарк кунанд. Шореҳон ин амалро бо баҳс рӯи таҳрими Беларус ва вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар иртибот медиҳанд. Масъули умури сафорати ИМА Ҷонатан Мур мегӯяд, ба 10 дипломат барои тарки хоки Беларус 72 соат вақт додаанд. Ӯ афзуд, 5 дипломати дигар имкон доранд, дар қаламрави ин кишвар корашонро идома диҳанд. Соли равон ду дафъа ҳукумати Беларус аз ИМА хост шумораи дипломатҳояш дар Минскро коҳиш диҳад. Ҳамзамон Беларус теъдоди дипломатҳояш дар Вашингтонро коҳиш дода буд. Сафири ИМА дар Минск аллакай ин кишварро тарк кардааст.
ИМА Беларусро мавриди таҳрим қарор додааст, то дар ин кишвар ислоҳоти демократӣ пиёда шуда, маҳбусони сиёсӣ аз зиндонҳо раҳо гарданд.
Сухангӯи Департаменти давлатии ИМА Шон Маккормак изҳор намуд, ки ихроҷи дипломатҳо амали ноодилона аст ва Вашингтон ба он посухи муносиб хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG