Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 маҷрӯҳ бар асари зилзила дар Эрон


Телевизиони давлатии Эрон гузориш медиҳад, ки зилзилаи баробар ба 4,7 дараҷаи ченаки Рихтер манотиқи ҷанубу ғарби Теҳронро такон дода, беш аз 100 нафарро маҷрӯҳ намуд.
Ба қавли ҳамин манбаъ афроде, ки бар асари заминларза дар шаҳри Буруҷард захм бардоштаанд дар ҷои ҳодиса мавриди муоинаву табобат қарор гирифтанд. Эрон дар минтақаи аз нуқтаи назари заминларза хатарбор мавқеъ дорад.
XS
SM
MD
LG