Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозании ҷавонон дар Душанбе як захмӣ ба ҷо гузошт


Дар пайи занозании гурӯҳе аз ҷавонон дар Душанбе як нафар захмӣ шуда, дар бемористон бистарӣ гардидааст. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар робита ба ин ҳодиса шаш ҷавони 19-соларо боздошт кардаанд. Яке аз боздоштшудаҳо донишҷӯ буда, бақия ҳамчун афроди бекор сабт шудаанд. Дар Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ҳодиса шоми 11 январи имсол дар кӯчаи Раҳмон Набиеви пойтахт иттифоқ афтодааст. "Гумонбаршудагон бо И. ва А. ном шахс ҷангу ҷанҷол карда, якдигарро лату кӯб намудаанд. Дар натиҷа, як нафар ҷавон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст", – таъкид карданд дар вазорат. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқ идома дорад. Дар оғози моҳи январи имсол дар пайи занозании гурӯҳе аз навҷавонон дар Душанбе ду нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG