Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи ҳодисаҳо дар Тоҷикистон. Кадомӣ бештар фалокатбор аст?


Сел ноҳияи Рӯдакиро ба ин ҳол оварда буд.
Сел ноҳияи Рӯдакиро ба ин ҳол оварда буд.

Қарор аст, ба зудӣ дар Тоҷикистон арзёбии хатароти шаш фалокати табиӣ шурӯъ шавад, ки солона ба иқтисоди кишвар миллионҳо доллар зарар мерасонанд ва ҳазорон нафарро ба бадбахтиву мусибат дучор мекунанд.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон аз соли 1997 то соли 2014 тақрибан 3200 фалокати табиӣ рух додааст. Ба таъбири дигар дар кишвар ҳар ду рӯз ё сел омадааст, я ёрч ва ё тӯфону заминларза ба хонаводае осеб расонида ва як ҷони як нафарро аз байн бурдаанд.

Ҳадаф аз арзёбӣ маълум кардани хатароти сел, тӯфон, тарма, ярч, хушксолӣ ва заминларза дар Тоҷикистон будааст. Арзёбӣ бо мусоидати Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид анҷом мегирад, ки барои он маблағ ҷудо кардааст ва айни замон, ширкатеро интихоб мекунад, ки тавонад ин арзёбиро дар тамоми 58 ноҳияи Тоҷикистон анҷом бидиҳад.

Тарма ҳар сол дар роҳи Хуҷанд-Душанбе ин корро мекунад.
Тарма ҳар сол дар роҳи Хуҷанд-Душанбе ин корро мекунад.

Бо маълум кардани хатари ин фалокатҳо барои аҳоливу иқтисод, ба гуфтаи мутахассисон мумкин аст, аз оқибатҳои фалокат ҷилавгирӣ шавад ва ё мақомот тавонанд, паёмадҳои фалокатбро осонтару зудтар рафъ карда ба мардуми мӯҳтоҷ саривақт кӯмак расонанд.

Бар асоси иттиллои ҷамъовардаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар муддати 16 сол, яъне аз соли 1997 то соли 2014, Тоҷикистон дар натиҷаи фалокатҳои табиӣ 500 миллион доллар зиён дидааст ва аз ҳама бештар дар ин хисорот сел “саҳм” гузоштааст.

Солона сел ба иқтисоди Тоҷикистон 15 миллион доллар зарар мерасонидааст, баъдан хушксолӣ, ки ҳар сол мардуму ва иқтисодро аз панҷуним миллион доллар маҳрум мекардааст. Фалокати саввуми зиёновар барои Тоҷикистон заминларза будааст, ки дар натиҷаи он ҳар сол кишвар 3 миллион доллар зарар медидааст.

Сел ҳамчунин аз ҷиҳатӣ марговар будан ҳам дар мақоми аввал будааст, чун солона тибқи ҳисобҳои миёна дар натиҷаи ин фалокати табиӣ 40 нафар ҳалок мешудаанд. Тарма ба ҳисоби миёна дар як сол ҷони 6 нафарро мегирифтааст ва заминларзаҳои албатта начандон қавӣ дар як сол ба ҳисоби миёна сабаби ҳалокати ду нафар дар Тоҷикистон мешудаанд.

Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки азбаски мардуми зиёди камбизоат дар Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва пойбанди пули муҳоҷирони корӣ ҳастанд, таъсири як сели хурд барои хонаводаҳо бисёр бузург аст.

50 ҳазор доллар барои як хона

Масалан агар як хонае дар натиҷаи сел вайрон шавад, барои барқарор кардан ва ё сохтани он 50 ҳазор доллар лозим аст, ки хонаводаи фақир онро солҳо ҳам ёфта наметавонад. Ба гуфтаи созмон агарчӣ ҳукумати Тоҷикистон ба хонаводаҳои бисёр осебдида кӯмак мекунад, вале бори асосӣ дар гардани худи хонаводаҳо меафтад, то ки оқибатҳои фалокатро худашон рафъ кунанд.

Таври маълум баъди ҳар фалокати табиӣ дар Тоҷикистон, чӣ селу тӯфон ва ё тармаву заминларза бисёре аз сокинон шикоят мекунанд, ки мақомот саривақт ба кӯмакашон намешитобанд ва онҳо ҳайрону ночор намедонанд, ки чӣ кор кунанд. Чун шикоятҳо тобистони имсол дар вилояти Хатлон зиёд буд.

Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, ки соли 2016 тарҳеро барои боло бурдани тавоноии Тоҷикистон дар рафъи фалокатҳои табиӣ ва коҳиши хатари ин фалокатҳо оғоз кард, мегӯяд, баъди анҷоми арзёбӣ натиҷаҳои он барои мудирият ҳангоми фалокатҳо, рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, корҳои наҷот ва ҷустӯҷу аз ҷумла дар манотиқи марзии Афғонистон ҳам кӯмак мекунад.

Арзёбӣ дар ҳамкории наздик бо Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва дигар мутахассисону ниҳодҳои давлатӣ сурат мегирифтааст. Мутахассисон бояд дар ҷараёни он маълум кунанд, ки кадом ноҳия дар баробари кадом фалокатҳо осебпазир ва то чӣ ҳад қудрату тавоноӣ барои ҷилавгирӣ аз фалокат ва кӯмак ба мардуми мӯҳтоҷи осебдида дорад. Ба гуфтаи Барномаи Рушди Созмони Милал чунин арзёбӣ дар умум барои иҷрои барномаҳои рушди Тоҷикистон кӯмак мекунад.

XS
SM
MD
LG