Дар чанд ҷумла
Додситонҳои Амрико мехоҳанд, Соипов ба қатл маҳкум шавад
Додситонҳои Амрико гуфтанд, ки аз додгоҳ мехоҳанд, як муҳоҷири узбекро, ки соли гузашта 7 нафарро дар шаҳри Ню Йорк бо мошин зада кушт, ба қатл маҳкум кунад.
Дархости ҳукми қатл дар парвандаи Сайфулло Соипови 30-сола зикр шудааст, ки онро рӯзи 28-уми сентябр ба додгоҳ супурданд. Сайфулло Соипов ба он муттаҳам мешавад, ки рӯзи 31-уми октябри соли 2017 мошини боркаши худро дар маркази Ню Йорк ба рӯи раҳгузарон ронд ва 7 нафари онҳоро кушт.
Баъди ҳамлаҳои рӯзи 11-уми сентябри соли 2001 ба Амрико ҳамлаи муҳоҷири узбек, маргбортарин ҳамла ба шумор меравад. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ҳам борҳо хостааст, ки Сайфулло Соипов ба қатл маҳкум шавад.
Худи ӯ баъди ҳамла ба муфаттишон гуфтааст, ки аз видеову адабиёти гуруҳи ба ном Давлати исломӣ илҳом гирифта ба ин ҳамла даст задааст. Гуруҳи мазкур баъдан Сайфулло Соиповро “сарбози хилофат” номид.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Э.Раҳмон ҳалли масъалаи марз бо Қирғизистонро "дастоварди таърихӣ" хонд
Президенти Тоҷикистон ҳалли масъалаи марз бо Қирғизистонро "дастоварди таърихӣ" барои кишвараш дар соли 2025 хонд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон 16-уми декабр дар паёми худ ба порлумон гуфт, муайян кардани хатти марз аз мушкилиҳое буд, ки давоми сад соли ахир идома дошт.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ҳамчунин аз имзои созиш миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии марзи се кишвар ёд кард.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ин санад барои рушди минтақа ва "дӯстии абадӣ" заминаи ҳуқуқиро фароҳам кард.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1006 киломтер аст ва то моҳи март бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Борҳо дар нуқтаҳои баҳсӣ ҷанҷол сар зада, боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо низомӣ ва сокинони маҳаллии ду кишвар шуда буд.
Тоҷикистону Қирғизистон баъди чандин ҷангу муноқиша дар марз моҳи марти имсол бар сари хатти он ба созиш расиданд. Мақомоти қирғизу тоҷик гуфтанд, ки имзои созишномаи марзӣ ба ин баҳсҳо хотима додааст.
Мақомоти тоҷик ҷузъиёти созишномаи марзиро бо Қирғизистон ошкор намекунанд, вале бархе аз мақомдорони Қирғизистон қисман ин масъаларо шарҳ дода, гуфта буданд, ҷонибҳо ба хулосае омадаанд, чанд роҳу деҳаи аҳолинишнро бо ҳам иваз карданд.
КҲФ садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ дод
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон садамаи қатор дар ноҳияи Ёвонро шарҳ дод. Ба иттилои ин ниҳод, ҳодиса субҳи 14-уми октябр дар ҳудуди деҳаи Зафар рух додааст. Манбаъ мегӯяд, қатори боркаше, ки ба садама дучор шуд, аз Бохтар ба ноҳияи Ёвон меомад.
Мақомот "боридани боронҳои пай дар пай, инчунин пайдо шудани эрозияи замин дар кӯли сунъии Қайпарсой"-ро аз далелҳои асосии аз хати роҳи оҳан хориҷ шудани қатор медонанд.
Мақомот дар бораи зарарҳои ин ҳодиса чизе нагуфтаанд. Дар хабарномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода омадааст, як комиссия дар ҷойи ҳодиса ҳастанд.
Дар наворҳое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт дида мешавад, ки қатор баъди берун шудан аз хати роҳи оҳан чаппа шуда, оташ гирифтааст. Бахши асосии сӯзишвории мавриди ниёзи Тоҷикистон тариқи қатора оварда мешавад.
АП: Тоҷикистон аз Узбекистон барқ мехарад
Дар пайи камбуди барқ дар дохили кишвар, Тоҷикистон аз Узбекистон барқ мегирад.
Намояндагони Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтаанд, кишвар шабонарӯз аз Узбекистон 2 миллион киловат соат барқ харидорӣ мекунад.
Ҷузъиёти бештари ин созишнома ва нархи барқи воридотӣ аз Узбекистон маълум нест.
Масъулини Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфтаанд, дар сурати имконият интиқоли барқ аз Узбекистон ба Тоҷикистон бештар мешавад.
Ба қавли манбаъ, Тоҷикистон барои хариди барқ бо Қазоқистон ва Туркманистон ҳам гуфтугӯ дорад.
Тоҷикистон 98 дарсади барқи мавриди ниёзашро аз неругоҳҳои обӣ мегирад. Дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон сокинони деҳоти кишвар бо маҳдудият ё лимит барқ мегиранд.
Имсол маҳдудият дар кишвар назар ба солҳои гузашта сахтар аст. Сокинони рустоҳо мегӯянд, дар шабонарӯз танҳо 3-4 соат барқ доранд.
Парвандаи "Крокус". Фаридуни Шамсиддин дар додгоҳ гувоҳӣ дод
Як додгоҳӣ низомӣ дар шаҳри Маскав рӯзи 15-уми декабр ба пурсиши Фаридуни Шамсиддин, яке аз гумонбарони асосии ҳамла ба толори "Крокус"-ро оғоз кард. Расонаҳои русӣ ба нақл аз манобеашон навиштанд, Фаридуни Шамсиддин бидуни тарҷумон ва бо забони русӣ дар додгоҳ гувоҳӣ дод.
Людмила Айвар, вакили дифои қурбониёни ҳодиса ба расонаҳо гуфтааст, аз шаҳодатҳои Фаридун ин нукта маълум шуд, ки ӯ дар вақти ҳамла чӣ кор карданашро намедонист. Қаблан ин фарзия ҳам матраҳ шуд, ки чор ҳамлавар ба толори “Крокус” аз доруҳои мадҳушкунанда истифода бурдаанд.
Дар назар аст, ки пурсиши Фаридуни Шамсиддин рӯзи 16-уми декабр идома ёбад.
Фаридуни Шамсиддин қаблан барои дастдарозӣ нисбати як ноболиғ дар Тоҷикистон ҳабс шуда буд. Ба гузориши расонаҳои русӣ, баъди раҳоӣ аз зиндон Фаридун ба Русия рафт ва ҳамчун нонпаз кор мекард.
Муҳокимаи гумонбарони ҳамла ба "Крокус" моҳи августи имсол оғоз шуд. Дар курсии гумонбарон дар ҷиноят 19 нафар нишастаанд, ки аксарашон зодагони Тоҷикистон ҳастанд. Онҳо ба тарҳрезиву мусоидат ва анҷоми ҳамлаи террористӣ муттаҳам мешаванд.
Аммо шубҳаву гумон ба ин парванда зиёд аст, чун дар оғози боздошт мақомоти қудратии Русия гумонбаронро шиканҷаи зиёд карданд.
"Дар ҷанги Украина кушта шуд." Дафни Комрон Саидов (Коля Тоҷик) дар Ҳисор
Ҷасад ё пайкари Комрон Саидовро, ки бо лақаби “Коля Тоҷик” машҳур аст ва дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шудааст, рӯзи 15-уми декабр дар шаҳри Ҳисор дафн карданд.
Вай 34-сола ва дар Русия зиндонӣ буд.
Яке аз наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфт, Саидов аз зиндон ба майдони ҷанг фиристода шуда, аз моҳи январи имсол беному нишон будааст.
“Ҷасадашро чанде пеш дар сардхонаи Ростов ёфтанд. Бори охир моҳи январи соли 2025 бо волидонаш суҳбат дошт. Эҳтимол ҳамон вақт кушта шуда бошад,” – гуфт хешовандаш.
Комрон Саидов шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро дошта, ба тиҷорат машғул будааст. Вай бо ситондани пули муҳоҷирон аз корфармоёну миёнравон дар Русия низ шуҳрат дошт.
Ӯро тирамоҳи соли 2023 бо айби “одамрабоӣ” ва “тамаъҷӯӣ” дар Русия боздошту зиндонӣ карданд. Маълум нест, оё худаш айбҳои эълоншударо эътироф карда буд ё на. Баъзе аз ҳамкоронаш мегуфтанд, ӯ қурбонии дасиса шудааст.
Дар ҳафтаҳои охир ин чаҳорумин зодаи Тоҷикистон аст, ки хабари кушта шудан ё овардани ҷасадашон ба кишвар расонаӣ мешавад.
Тарҳи "Зистан мехоҳам" дар Украина моҳи майи имсол номи 931 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки аз ҷониби Русия дар ҷанги зидди ин кишвар иштирок доранд. Ҳамин тарҳ моҳи сентябр рӯйхати боз 446 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки дар ҷанги Украина кушта шудаанд.
Иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷанги кишварҳои дигар ҷавобгарии ҷиноӣ дар пай дорад. Мақомоти Тоҷикистон дар тақрибан чор соли охир барои иштирок дар ҷанги Русия зидди Украина нисбат ба ҳеч кас парванда боз накардаанд.
Шикояти вакилони мудофеи Муҳаммадсобир Файзов дар Русия
Вакилони мудофеи Муҳаммадсобир Файзов, яке аз гумонбарони ҳамла ба “Крокус”, гуфтаанд, ӯ тақрибан ду сол пеш ба таври бераҳмона дастгир шуда, осеби сахт бардошт ва ҳоло мехоҳанд, нисбат ба рафтори маъмурони интизомӣ шикоят кунанд. Дар ин бора расонаҳои Русия рӯзи 14-уми декабр гузориш доданд.
Ин шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистон 23-юми марти соли 2024 дастгир ва сипас бо аробаи маъюбӣ ва либоси тиббӣ ба толори додгоҳ оварда шуд. Бозпурсияш дар шуъбаи эҳё гузашт.
Ба гуфтаи вакилони дифоъ, ӯ дар болои дарахт буда, ба талаби маъмурони интизомӣ барои фаромадан ба поин гӯш надодааст. Баъдан, ба нақли онҳо, нерӯҳои амниятӣ дарахтро буридаанд ва Муҳаммадсобир Файзов аз баландии 15-20 метр ба замин афтода, ҷароҳати вазнин бардоштааст.
Вакилон бовар доранд, ки ҳангоми боздошти ӯ қонуншиканӣ сурат гирифтааст ва акнун талаб хоҳанд кард, ки ба аъмоли нерӯҳои қудратии Русия баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.
Баррасии парвандаи ҳамла ба "Крокус Сити Ҳол" дар наздикии Маскав моҳҳо боз дар яке аз додгоҳҳои пойтахти Русия идома идома дорад. 19 нафар, асосан зодагони Тоҷикистон, дар ин ҳодиса гумонзад ҳастанд.
Онҳо ба тарҳрезиву мусоидат ва анҷоми ҳамлаи террористӣ муттаҳам мешаванд, вале хешовандони баъзе аз онҳо гуфта буданд, ки ба иттиҳом бовар надоранд.
Дар ҳамлаи террористӣ ба "Крокус" дар канори Маскав дар рӯзи 22-юми марти соли 2024, 149 нафар кушта ва 609 каси дигар маҷруҳ шуданд.
Теъдоди қурбониёни ҳамла дар Австралия ба 16 кас расид
Теъдоди қурбониёни ҳамла ба ҷашни яҳудиён дар Австралия ба 16 кас расид.
Рӯзи 14-уми декабр ду нафар дар соҳили Бонди (Сидней, Австралия) ба сӯи ҷамъияти яҳудиён оташ кушоданд, ки машғули таҷлили ҷашни Ҳанока буданд.
Дар соатҳои аввал гузориш шуд, ки дар ин ҳодиса дувоздаҳ кас кушта шуда, 29 нафари дигар захмӣ шудаанд. Тибқи гузоришҳои охир, шумораи қурбониён ба 16 кас расид ва 42 нафари дигар дар бемористон ҳастанд.
Як ҳамлавар кушта шудааст.
Энтони Албанез, нахуствазири Австралия, ҳодисаро "даҳшатбор" ва "дардовар" хонд. Мақомоти Исроил низ онро маҳкум карданд.
Масъулияти ҳамларо то ҳол ҳеч гуруҳе ба уҳда нагирифтааст.
Намояндагони ҷомеаи яҳудиёни Австралия гуфтанд, бо вуҷуди ҳушдорҳо, мақомот барои таъмини ширкатдорони чорабинӣ талошҳои лозимро анҷом надоданд.
Дар ҳамин ҳол Шӯрои имомони Австралия ин ҳамларо маҳкум карда, ба қурбониёни ҳодиса изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Зеленский ва ҳайати амрикоӣ 5 соат гуфтугӯ карданд
Гуфтугӯҳо миёни Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ва ҳайати музокиракунандаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 15-уми декабр дар Берлин, пойтахти Олмон идома меёбад.
Ба гузориши маркази хабари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ду тараф рӯзи 14-уми декабр ҳудуди панҷ соат гуфтугӯ карданд, аммо ба натиҷаи рӯшане даст наёфтанд.
Дар ин гуфтугӯ, Стив Виткофф, намояндаи вижаи президент Доналд Трамп барои Ховари Миёна ва шуморе дигар аз мақомҳои амрикоӣ ба намояндагӣ аз ИМА ҳузур доранд.
Ин гуфтугӯҳо сари тарҳи сулҳи 28-бандӣ баҳс мекунад, ки аз сӯи Амрико пешниҳод шуда буд. Тарҳе ки Украина баъдан онро ба 20 модда коҳиш дод.
Зеленский пеш аз мулоқоти панҷсоата ба хабарнигорон гуфт, Киев эҳтимол дар баробари дарёфти замонатҳои амниятӣ аз хости худ барои узвият дар НАТО даст бикашад.
Ҳолати минтақаи Донбасс ва назорат бар нерӯгоҳи ҳастаии Запорожйе, ду нуқтаи калидии мавриди ихтилоф дар музокирот бо Вашингтон барои расидан ба созиш ҷиҳати поён додан ба ҷанг бо Русия аст.
Садамаи як қатораи борбар дар Ёвон
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, як қаторае, ки сӯзишворӣ мекашонд, дар ноҳияи Ёвон ба садама дучор шудааст.
Ба дасти Радиои Озодӣ чанд акс ва наворе расид, ки дар он дида мешавад, як қатор чаппа шуда, оташ гирифтааст.
Корбарон бо ирсоли ин навору аксҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, рӯзи 14-уми декабр дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон бар асари лағзиши замин роҳ вайрон шуда, қатора ба садама дучор шудааст.
Ҳанӯз маълум нест, ки ин ҳодиса чӣ талафот доштааст.
Радиои Озодӣ субҳи 15-уми декабр барои гирифтани шарҳи расмӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон муроҷиат кард, аммо посухе дарёфт накард.
Бояд гуфт, ки бахши асосии сӯзишвории мавриди ниёзи Тоҷикистон тариқи қатора оварда мешавад.
Нархи патент дар шаҳрҳои калони Русия боло меравад
Соли оянда нархи патент ё иҷозатномаи кор барои муҳоҷирон дар шаҳрҳои калони Русия боло меравад.
Ба гузориши расонаҳои русӣ, аз моҳи январи соли 2026 нархи патент барои муҳоҷирон дар шаҳри Маскав 10 ҳазор рубл хоҳад шуд. Имсол патент дар пойтахти Русия 8 ҳазору 900 рубл арзиш дошт.
Ҳамчунин аз соли оянда нархи патент дар Санкт-Петербург, дувумин шаҳри бузурги Русия аз 6 ба 8 ҳазор рубл афзоиш меёбад.
Соли 2026 арзиши иҷозатномаи кор дар Екатеринбург 9500 рубл, дар Қазон 7940 рубл ва дар Севастопол 12 ҳазору 340 рубл хоҳад буд.
Масъулин дар вилояти Новосибирск ҳам гуфтаанд, арзиши иҷозатномаи корро 11 дарсад боло мебаранд. Аз соли 2026 нархи патент дар ин вилоят 10 ҳазору 860 рублро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба соли ҷорӣ 2950 рубл бештар будааст.
Дар вилояти Иркутск ҳам муҳоҷирон барои патент ба ҷойи 10 ҳазору 900 рубл бояд 12 ҳазору 231 рубл пардохт кунанд.
Қонунгузорон дар Камчатка рӯзи 28-уми октябр эълон карданд, ки нархи патент аз 9 ҳазору 27 рубл ба 13 ҳазору 776 рубл боло бурда мешавад.
Аксар муҳоҷирони тоҷик дар Русия тариқи патент фаъолият доранд ва пайваста аз нархи баланди он шикоят мекунанд.
Бидуни патент дар Русия кор кардан манъ аст ва ҳамасола садҳо муҳоҷир бо ҳамин далел ронда мешаванд.
12 кушта дар ҳамла ба маросими мазҳабии яҳудиён дар Австралия
Дар тирпаронӣ дар соҳили Бонди (Сидней, Австралия) дастикам дувоздаҳ кас кушта шуда, 29 нафар дар бемористон ҳастанд.
Хабаргузории "Рейтерс" бо такя ба пулис аз боздошти ду нафар хабар дод.
Расонаҳои Австралия гуфтанд, яке аз ҳамлагарон кушта шудааст.
Тирпаронӣ ҳангоми таҷлил аз Ҳанока, ҷашни мазҳабии яҳудиён рух дод.
Энтони Албанез, нахуствазири Австралия, ҳодисаро "даҳшатбор" ва "дардовар" хонд.
Мақомоти Исроил низ ҳодисаро маҳкум карданд.
Мақомоти Туркманистон озодии Мансур Мингеловро рад карданд
Идораи зиндонҳои Туркманистон бо далели "набудани заминаи қонунӣ" розӣ нашудааст, ки Мансур Мингелов шартӣ ва пеш аз муҳлат аз маҳбас раҳо карда шавад.
Ин ҳомии зиндонии ҳуқуқи башар сахт бемор аст. Дар ин бора вебсайти turkmen.news хабар дод.
Як кумисюн аз Вазорати тандурустии Туркманистон соли 2024 дарди буғуми зонуи Мингеловро тасдиқ карда, ҳамзамон гуфта буд, ки муолиҷаи ин беморӣ дар дохили кишвар ғайриимкон аст.
Бо вуҷуди ин, тибқи номаи Идораи зиндонҳо, мансабдорон "ҳамаи далелҳоро баррасӣ карда", ба хулосае омадаанд, ки "онҳо ба талаботи қонунгузории Туркманистон мутобиқ нестанд".
Наздикони Мингелов моҳи сентябри имсол бо ишора ба қонунҳои Туркманистон аз Додситонии кул ва Вазорати корҳои дохилии ин кишвар озодии ӯро хоста буданд. Ин ду банди қонун, ба гуфтаи онҳо, раҳоии зиндониёнро дар вақти бемории вазнин иҷоза медиҳанд.
Мансур Мингелов 50-сола аст. Додгоҳи Туркманистон ин ҳомии ҳуқуқи башарро соли 2012 бо гуноҳи қочоқ ва паҳн кардани маводи порнографӣ ба 22 сол зиндон маҳкум кард.
Созмонҳои ҳуқуқи башар парвандаи ӯро комилан сохта медонанд.
53 ҳазор кас аз Тоҷикистон барои табобат ба Узбекистон рафтаанд
Мақомоти Узбекистон гуфтанд, ки дар даҳ моҳ, аз январ то октябри имсол, беш аз 75 ҳазор хориҷӣ барои гирифтани табобат ё хадамоти пизишкӣ ба ин кишвар рафтаанд.
Ба иттилои Кумитаи миллии омори Узбекистон, аксари онҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд, аз ҷумла 53 ҳазор нафарашон аз Тоҷикистон.
Аз Қирғизистон зиёда аз 13 ҳазор, аз Қазоқистон тақрибан 7 ҳазор, аз Русия беш аз 1 ҳазору 700 ва аз Афғонистон зиёда аз 500 кас аз хадамоти пизишкии Узбекистон истифода кардаанд.
Теъдоди шаҳрвандони кишварҳои дигар андак будааст. Барои мисол, аз Туркия 43, аз Иёлоти Муттаҳида 15 ва аз Чин 14 нафар.
Баъди боз шудани марз бо Узбекистон дар соли 2018, шаҳрвандони Тоҷикистон бештар бо ҳадафи табобату сайёҳӣ ва парвоз ба Русияву кишварҳои дигар ба Узбекистон мераванд.
Барои муқоиса, дар ҳашт моҳи аввали соли гузашта тақрибан 60 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои гирифтани ёрии пизишкӣ ба Узбекистон рафта буданд.
Беларус даҳҳо зиндониро озод кард. Белятский: "Мубориза идома дорад"
Пас аз он ки Вашингтон дар бораи имкони бекор кардани таҳримҳо алайҳи содироти нуриҳои минералии Беларус сухан гуфт, Минск рӯзи 13-уми декабр даҳҳо зиндониро озод кард.
Ба гуфтаи намояндагони Амрико, расонаҳои Беларус, созмонҳои ҳуқуқи башар ва мақомоти Украина, раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар умум 123 зиндонӣ, аз ҷумла баъзе аз намояндагони мухолифинро "бахшидааст".
Дар байни онҳое, ки аз зиндон раҳо шуданд, яке аз раҳбарони эътирозҳои соли 2020 Мария Калесникова ва барандаи ҷоизаи Нобел Алес Белятский низ ҳастанд.
Денис Кучинский, намояндаи раҳбари мухолифини Беларус Светлана Тихановская, гуфт, ҳамаи маҳбусони сиёсии раҳошуда “саломат ҳастанд” ва Беларусро тарк карданд. Мақомоти Украина гуфтанд, ки 114 зиндонии раҳошуда аз Беларус ба Украина расиданд. Нӯҳ нафари дигар ба Литва рафтаанд.
Мария Калесникова баъд ворид шуданаш ба хоки Украина хоҳони раҳоии ҳамаи маҳбусони сиёсӣ дар Беларус шуд. Алес Белятский дар Литва ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва расонаҳои дигар гуфт, "муборизаи мо идома дорад".
Ҷон Коул, фиристодаи вижаи президенти Амрико Доналд Трамп дар умури Беларус, дар шабакаи “X” аз ин иқдом ситоиш кард ва онро як гоми муҳим дар муносибатҳои байни Иёлоти Муттаҳида ва Беларус номид.
Коул инчунин ба хабаргузории "Рейтерс" гуфт, эҳтимол Беларус дар моҳҳои оянда маҳбусони бештарро раҳо кунад, вале тафсилот надод.
Беларус дар моҳи феврали соли 2022 барои ҳамкорӣ бо Русия дар ҳамла ба Украина бо таҳримҳои шадиди Ғарб рӯ ба рӯ шуд. Ҳукумати ин кишвар дар моҳҳои охир дар чанд марҳила даҳҳо зиндониро озод кард, аммо садҳо нафаре, ки маҳбусони сиёсӣ дониста мешаванд, то ҳол дар зиндонҳои Беларус ҳастанд.
Боздошти Наргис Муҳаммадӣ, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел дар Эрон
Наргис Муҳаммадӣ, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел рӯзи 12-уми декабр дар шаҳри Машҳади Эрон боздошт шудааст.
Бунёди Наргис Муҳаммадӣ хабар дод, мақомоти Эрон ин фаъолияти ҳуқуқи башарро дар маросими ёдбуди Хусрав Аликурдӣ, вакил ва фаъоли ҳуқуқи башар дастгир карданд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, мақомоти қудратии Эрон дар вақти боздошти Наргис Муҳаммадӣ ва чанд фаъоли дигари ҳуқуқи башар аз хушунат истифода бурданд.
Саҳифаи Наргис Муҳаммадӣ дар шабакаи X (Твиттер) баъд аз зуҳри 12 декабр навишт, ин фаъоли ҳуқуқи башар "бо хушунат тавассути маъмурони амниятӣ ва интизомӣ боздошт шуд".
Шавҳари Наргис Муҳаммадӣ низ, ки муқими Фаронса аст боздошти ӯро тасдиқ кард.
Кумитаи нобели Норвеж, ки барандаи Ҷоизаи Нобелро эълом мекунад, бо пахши баёнияи кутоҳ аз мақомоти Эрон хост, ки Наргис Муҳаммадиро бе қайду шарт озод кунанд.
Наргис Муҳаммадӣ соли 2023 барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел эълон шуд. Ин фаъоли ҳуқуқи башар солҳо дар зиндон буд ва моҳи декабри соли 2024 барои муолиҷа аз маҳбас раҳо шуд.