Пайвандҳои дастрасӣ

Муовини раиси Шаҳритус баъди иттиҳоми "қаллобӣ" барканор шуд


Ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон

Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон Маҳмадсолӣ Баротов, муовини раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлонро ба қаллобӣ муттаҳам кард. Вале наздиконаш бовар доранд, ки ӯ "қурбонии як туҳмат" шудааст.

  • Алайҳи Баротов охири моҳи сентябри имсол бар асоси шикояти Фозилбек ва Ғолибшо Сангаковҳо ва аз рӯи моддаи "қаллобӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ" (моддаи 247, қисми 2, бандҳои "в", "г"-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз шуд ва таҳқиқи он идома дорад.
Аз 143 ҳазор километри мураббаъ масоҳати Тоҷикистон, 93 дар сади он кӯҳистон аст. Аз ин рӯ, масъалаи таъмини сокинон бо замини наздиҳавлӣ, манзил ва замини корам аз мушкилоти рақами аввал маҳсуб меёбад.

Узви маҷлиси вакилони халқ

Мақомоти ноҳияи Шаҳритус рӯзи 9-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки пас аз эълони ин иттиҳом Маҳмадсолӣ Баротов аз мақом барканор шуд. Як манбаъ дар ҳукумати Шаҳритус гуфт, "воқеан, охири моҳи сентябр маъмурони Оҷонсии зидди коррупсия ба утоқи кории муовини раиси ноҳия даромада, ӯро бо худ бурданд. Ин парвандаро ходимони дафтари марказии Оҷонсии зидди коррупсия дар Душанбе таҳқиқ мекунанд."

Ҳамсуҳбати мо гуфт, баъди маълум шудани иттиҳом алайҳи муовини раис ӯро аз мақомаш барканор карданд. Баротов се соли охир узви Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритус низ буд.

Сангаковҳо чӣ мехостанд?

Оҷонсии зидди коррупсия дар хабари расмии худ гуфт, Маҳмадсолӣ Баротов ҳамчун шахси мансабдор "қасдан бо сӯистифодаи мақоми хидматӣ қаллобӣ кардааст". Дар изҳорот гуфта мешавад, Баротов соли 2011 ба ду сокини ноҳияи Шаҳритус - Фозилбек ва Ғолибшо Сангаковҳо ваъда додааст, ки дар соҳибӣ ба сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин дар хонаи истиқоматии Фозилбек Сангаков, воқеъ дар деҳаи Муродови ноҳияи Шаҳтирус, мусоидат мекунад.

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, "дар пайи панҷ мулоқоти Баротов бо Сангаковҳо дар тӯли солҳои 2011-2018 аз онҳо бо ваъдаи ҳуҷҷатгузорӣ ва гирифта додани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин 6200 сомонӣ (беш аз 600 доллар)-ро гирифта, ба манфиати худ сарф кардааст."

Наздикон: Ӯ қурбонии туҳмат шудааст

Оҷонсӣ дар мавриди эҳтимоли боздошти Маҳмадсолӣ Баротов хабар намедиҳад, вале як масъули ҳукумати ноҳия гуфт, пас аз ин ҳодиса ӯ дар ҳудуди ноҳия нест. Ин мақоми ҳукумат гуфт, кори ӯро дар ҳукумат Сайфиддин Талбаков, як корманди бахши иқтисоди ноҳия пеш мебарад.

Вале наздикони Баротов ба "ноодилона" будани ин иттиҳом таъкид карда, мегӯянд, ӯ боздошт нашудааст ва ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ ба сар мебарад.

Абдулло Баротов, бародари Маҳмадсолӣ Баротов, рӯзи 9-уми октябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, бародараш телефони мобилӣ надорад, вале чанд вақт боз дар хона асту намехоҳад бо хабарнигорон суҳбат кунад. Абдулло Баротов гуфт, бародараш ҳеҷ гоҳ ришваситон набуд.

"Ба бародарам туҳмат мезананд. Вай ба ин гуна корҳо даст назада ва аз касе пул нагирифтааст. Садои ӯро пинҳонӣ сабт карда, ба касе нишон додаанд ва нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст", - гуфт ӯ. Абдулло Баротов бештар аз ин сӯҳбат накард ва ҳам нагуфт, ки бародараш ба вакили мудофеъ дастрасӣ дорад, ё на.

Дар ним сол 55 парвандаи заминфурӯшӣ

Санҷидани дурустии иттиҳоми зидди Мадмадсолӣ Баротов тавассути манобеи мустақил имкон надорад. Маълум нест, чаро даъвогарон, ки ҳанӯз соли 2011 гӯё бо муовини ояндаи раиси ноҳия созиш кардаанд, нав ба мақомот шикоят кардаанд.

Дар ҳоле ки тафтишот идома дорад ва гунаҳкорӣ ё бегуноҳии муовини раисро додгоҳ бояд муайян кунад, иттиҳоми як мақоми ноҳия дар қаллобӣ мавзӯи сӯҳбат дар ҷаласаҳои ҳукумати маҳаллӣ шудааст. Дар ҷаласаҳо таъкид мешавад, ки масъулон ҳангоми иҷрои масъулиятҳои худ бояд аз қонуншиканӣ ва гирифтани "пора" парҳез намоянд.

Омори расмӣ ҳокӣ аз он аст, ки қазияҳои марбут ба муомилаҳои ғайриқонунӣ бо замин хеле зиёд аст. Танҳо дар шаш моҳи имсол дар Хатлон дар робита бо муомилаҳои ғайриқонунӣ бо замин 55 парвандаи ҷиноӣ баррасӣ шудааст, ки дар ин парвандаҳо мансабдорон низ даст доштаанд. Шаш нафар дар ин парвандаҳо кормандони идораҳои замини шаҳру навоҳӣ будаанд.

Масъалаи рақами яки Тоҷикистони камзамин

Аз 143 ҳазор километри мураббаъ масоҳати Тоҷикистон, 93 дар сади он кӯҳистон аст. Аз ин рӯ, масъалаи таъмини сокинон бо замини наздиҳавлӣ, манзил ва замини корам аз мушкилоти рақами аввал маҳсуб меёбад.

Замин дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон моликияти давлатӣ аст ва дастрасӣ ба он танҳо бар асоси иҷозати сохторҳои дахлдори кишвар имконпазир аст. Моҳи феврали имсол бо қабули як зумра тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқ ба он" эҳтимоли ташкили бозори замин дар Тоҷикистон имконпазир шуда буд. Вале то ба ҳол мақомот аз фаъолшавии чунин бозоре дар кишвар хабар надодаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG