Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди муҷозоти волидон – барои таҳсили динии фарзандон


Акс аз бойгонӣ

Порлумони Тоҷикистон дар як тарҳи нав пешниҳод кардааст, ки барои таҳсили динии ғайриқонунӣ дар кишварҳои исломӣ волидони муҳассилин муҷозот карда шаванд. Ин тарҳ барои баррасӣ ба ҳукумати Тоҷикистон фиристода шудааст.

Як манбаъ дар Маҷлиси Намояндагон рӯзи 7-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба эҳтимоли зиёд ин муҷозот аз ҷарима иборат хоҳад буд.

Пеш аз додани иҷозат, мақомот тариқи сафоратҳо меомӯзанд, ки он муассисаи таълимӣ расман сабт шудааст ё не. Чӣ гуна таълим медиҳад.

Мақомот мегӯянд, дар ҳоли ҳозир тақрибан 300 донишҷӯи тоҷик ба таҳсили ғайриқонунии динӣ дар хориҷа машғуланд. Дар ҳашт соли охир, ба гуфтаи онҳо, севуним ҳазор донишҷӯ аз кишварҳои исломӣ ба ватан оварда шудаанд.

“Масъулияти волидон меафзояд”

Бар асоси тарҳи нави тағйирот ба қонуни масъулияти падару модар, волидон бояд пеш аз фиристодани фарзандҳо ба таҳсили динӣ ба хориҷа аз мақомоти дахлдор ризоияти хаттӣ бигиранд. “Онҳо иҷозат надиҳанд, ки фарзандон бе иҷозаи расмӣ дар мадраса ва донишкадаҳои исломии хориҷи кишвар бихонанд. Агар ин муқаррарот нақз шавад, тибқи қонунузории маъмурӣ волидон муҷозот хоҳад шуд”, - гуфт як ҳамсуҳбати мо дар Маҷлиси Намояндагон ба шарти фош нашудани номаш.

Ӯ гуфт, касоне ҳам, ки бо иҷозаи расмӣ барои таҳсили динӣ мераванд, зери назорати мақомот хоҳанд буд: “Пеш аз додани иҷозат мақомот тариқи сафоратҳо меомӯзанд, ки он муассисаи таълимӣ расман сабт шудааст ё не. Чӣ гуна таълим медиҳад. Ин хуб аст, ки бидонем ҷавонҳои мо дар куҷо таҳсили динӣ мегиранд, то фирефтаи гуруҳҳои тундрав нашаванд.”

Аз Мисру Ироқ то Эрону Афғонистон

Дар порлумон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тарҳи нав танҳо таҳсили ғайриқонунии диниро дар назар дорад ва волидон барои таҳсили фарзандонашон дар риштаҳои дунявӣ муҷозот нахоҳанд шуд.

Маъракаи баргардондани ҷавонони тоҷик аз муассисаҳои динии хориҷӣ тақрибан ҳашт сол пеш оғоз шуд. То ин замон мақомот аз роҳҳои гуногун барои баргардондани ҷавонон, аз ҷумла фишор ба падару модари онҳо кор гирифтаанд.

Дар баъзе маҷлисҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ аз наздикони чунин донишҷӯҳо расман талаб шудааст, ки фарзандонашонро баргардонанд.

Афшини Муқим – сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон – мегӯяд, дар гузашта беш аз се ҳазор ҷавони тоҷик асосан дар мадрасаҳои динии Яман, Сурия, Миср, Покистон, Афғонистон ва Ироқу Эрон таҳсил доштанд. Ӯ гуфт, нигаронии асосии мақомот аз сарнавишти ҷавонҳои тоҷик аст, ки мабодо ба доми гуруҳҳои тундрав наафтанд.

“Баъзеи онҳо ба майдони ҷанг рафтаанд”

Абдураҳим Абдулҳасаниён, як масъули Додситонии кулли Тоҷикистон, дар як ҷаласаи порлумон гуфта буд, “бархе аз онҳо баъди гирифтани “таълимот” ба созмонҳои террористӣ шомил гардида, дар муҳорибаҳои мусаллаҳона иштирок варзида истодаанд.”

Зимнан, бархе аз коршиносон ва таҳлилгарон бо таваҷҷуҳ ба густариш ёфтани фирқа ва равияҳои ғайрисуннатӣ ва то ҳадде тундрав тасмими давлатро дар амри зери назорат гирифтани раванди таҳсили ҷавонон дар хориҷ аз кишвар дуруст меҳисобанд. Аммо иддае бар ин назаранд, ки чунин тасмими ҳукумат мунҷар ба нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар амри дастрасӣ ба таҳсилот хоҳад шуд.

“Дар аввал гуфта буданд, ки онҳо метавонад дар донишкадаи исломӣ бихонанд. Аммо ба ҷуз аз чанд нафар дигарон ба ин ин донишкада шомил нашуданд. Дар кишвар мадрасаҳои исломӣ низ фаъол нестанд. Ҳадди ақал ба онҳо иҷозат дода шавад, ки дар дохил ва зери назари мақомот маълумоти динӣ бигиранд”, - гуфт яке аз ҳамсуҳбатони мо, ки нахост номаш бурда шавад.

Қаблан дар Тоҷикистон тақрибан 20 мадраса сабти ном шуда буд. Солҳои охир ҳамаи онҳо баста шуда, танҳо як Донишкадаи исломӣ боқӣ мондааст, ки ба таълими руҳониёни оянда машғул хоҳад буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG