Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ муноқиша дар Хоруғро тафтиш мекунад


Шаҳри Хоруғ. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Хоруғ. Акс аз бойгонӣ

Додситонии вилояти Бадахшон ба тафтиши муноқиша миёни кормандони пулис ва як гуруҳ аз сокинони шаҳри Хоруғ шуруъ кардааст. Дар ин муноқиша дар рӯзи 13-уми январ, Наврас Худоёров аз тири пневматикӣ захм бардошт.

Мақомоти интизомӣ гуфтанд, муноқиша баъди он сар задааст, ки як сокини Хоруғ ба зидди кормандони пулис аз зӯр кор гирифт ва онҳо маҷбур шуданд, аз силоҳи пневматикӣ истифода баранд.

Дар дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ рӯзи 14-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин сокини Хоруғ ба кормандони милиса зӯроварӣ ва таҳдид кардааст. “Ин нафар ҳоло дар беморхона аст. Феълан додситонии вилоят қазияро таҳқиқ дорад.” – гуфтанд, дар вазорат.

Дафтари матбуоти вазорат ҳамчунин гуфт, онҳое, ки нисбати кормандони пулис таҳдид кардаанд, чанд нафар буданд ва санҷиши аъмоли онҳо идома дорад. Ба зидди ҳеҷ яке аз онҳо парванда боз накардаанд.

Ин ҳам ҷой надод, онҳо ҳам ҷой надоданд

Аммо Ифтихор Худоёров, падари Наврас Худоёров рӯзи 14-уми январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш тир хӯрдааст ва ҳоло вазъаш беҳтар аст. Ифтихор Худоёров гуфт, ки ҳангоми ҳодиса ӯ писарашро ҳамроҳӣ мекард.

“Мо дар мошин ба баландӣ мебаромадем, ки аз боло кормандони низомӣ омаданд. Ин ҳам ҷой надод, онҳо ҳам роҳ надоданд, камтар ҷанҷол шуд. Баъд кормандони ОМОН моро манъ карданд писарам ҳуҷҷатҳоро бароварда ба онҳо нишон дод. Онҳо ҳуҷҷатҳоро ба қафо партофтан ва хостанд ӯро дастгир кунанд. Писарам гуфт, ки биёед, гап занем, онҳо дигар гап назаданд ва пистолет бароварданд ва паронданро сар карданд”- афзуд Худоёров.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, мақомоти тафтишотӣ шаби 13-уми январ ба назди ӯ омаданд ва дар бораи ҳодиса пурсиданд. Худи Ифтихор Худоёров корманди собиқи пулис буда, дар бонке дар Бадахшон фаъолият мекунад.

Саидбек Давлатбеков, сартабиби шифохонаи Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи ҷавони захмӣ хуб аст ва аз ин бештар шарҳ надод. Мақомоти Бадахшон ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Видеои кашмакашу даъво бо неруҳои ОМОН

Дар видеое, ки аз воқеи дирӯзаи Хоруғ ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, даъвову кашмакаши гуруҳе аз ҷавонон бо нерӯҳои махсуси вазорати умури дохилӣ дар назди бинои нимсохтае дар Хоруғ дида мешавад. Дар навор, ки аз маҳалли дуртаре сабт шудааст, садои даъвову ҷанҷол шунида мешаванд ва дар ин миён садои як тир ба ҳаво мепечад. Теъдоди онҳое, ки дар муноқиша ширкат доранд, бештар аз 20 нафар нест.

Сокинон гуфтанд, кибаъди ҳодисаи шаби гузашта вазъи рӯзи душанбе дар Хоруғ ором буд. Ин ҳодиса дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта мақомоти вилояти Бадахшон дар як ҷаласа вазъи таъмини волоияти қонунро баррасӣ карданд.

Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Бадахшон мегӯяд, ҳанӯз ҳам нафарони манфиатхоҳу ғаразҷӯ ба хотири манфиатҳои шахсии худ мехоҳанд, авзои ҷомеаро халалдор созанд.

Ёдгор Файзов
Ёдгор Файзов

Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи раиси вилоят дар ин ҷаласа таъкид кардааст, ки таъмини волоияти қонун танҳо вазифаи сохторҳои қудратӣ нест ва мардум ҳам бояд фаъол бошанд.

Масъалаи таъмини тартибот дар вилояти Бадахшон бахусус маркази он шаҳри Хоруғ аз моҳи сентябри соли гузашта ба ин тараф аз масоили мубрам аст.

Дар пайи сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ин минтақа ва интиқоди ӯ аз вазъи тартибот дар Бадахшон Ситоди байниидоравии таъмини амният таъсис ёфт.

Дар баробари ин, дар Бадахшон амалиёти назорат аз тартибот, аз ҷумла, ҷамъоварии силоҳ ва ҳам манъи истифодаи мошинҳои сиёҳшишаи бидуни иҷозат ба роҳ монда шудааст ва чанд постгоҳи маъмурони пулис фаъол гардид.

XS
SM
MD
LG