Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ростои гуруснагӣ. Сокинони Хоҳон хостанд, Тоҷикистон роҳро боз кунад. ВИДЕО


Пули марзӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин.

Сокинони чанд деҳаи наздимарзӣ дар Афғонистон гуфтанд, бинобар баста будани пули "Шӯрообод-Хоҳон", дастрасии онҳо ба маводи ғизоӣ мушкил шудааст.

  • Ин пул, ки ноҳияи Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистонро бо улусволӣ ё ноҳияи Хоҳони Афғонистон мепайвандад, аз 1-уми январ имсол баста аст. Рӯзи якуми январ як чӯпон аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рабуда шуд ва бисёре аз сокинон баста шудани пулро ба ин ҳодиса рабт медиҳанд.
Мақомоти тоҷик расман далели баста будани пулро шарҳ надоданд, вале як манбаъ аз мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин гуфт, ки "бо далелҳои амниятӣ пул муввақатан баста шудааст".

"Бист мошин дармондааст"

Ҳоло наздик ба 20 мошини боркаш дар марзи Тоҷикистон боқӣ мондаанд ва иҷозаи убури марзро надоранд. Ноҳияҳои Хоҳон, Кӯфоб ва Шикайи вилояти Бадахшони Афғонистон дар зимистон ба марказ роҳ надоранд, аз ин рӯ, пули "Шӯрообод-Хоҳон" барои рафтуо ва интиқоли маводи ғизоӣ истифода мешавад. Дар ин се ноҳия ҳудуди 200 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад.

Нуралӣ Сайид, як соҳибкори афғонистонӣ, рӯзи 11-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чаҳор мошини бузурги боркаши ӯ, ки маводи ғизоӣ доранд, дар назди пул дармондаанд. Ӯ гуфт, бисёре аз маводи ғизоӣ ҳоло ғайриқобили истифода шудаанд.

"Роҳи Афғонистонро ба Афғонистон бастанд"

Ин соҳибкор аксари маводи ғизоиро аз Кундузи Афғонистон ба Тоҷикистон ворид кардааст ва тариқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин онро дубора вориди Афғонистон мекунад. Миёни ин ду минтақаи Афғонистон роҳ нест ва аз ин рӯ, аз масири Тоҷикистон истифода мешавад. Бо дарназардошти ин, сокинон мегӯянд, Тоҷикистон ба истилоҳ, роҳи Афғонистонро ба Афғонистон бастааст.

Дар маросими гузоштани таҳдоби ин пул раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва раҳбари исмоилиёни ҷаҳон ширкат доштанд.
Дар маросими гузоштани таҳдоби ин пул раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва раҳбари исмоилиёни ҷаҳон ширкат доштанд.

Нуралӣ Сайид гуфт, "мо мандарин, картошка, сабзӣ, равған ва дигар маводи ниёзи аввал дорем, ки баъзеи он аллакай вайрон шудааст. Сокинон аз дигар минтақаҳо маводи ғизоӣ дастрас карда наметавонанд. Тақрибан ба маблағи 200 ҳазор доллар маҳсулоти мо дар он тарафи марз аст".

Сокинони ноҳияи Хоҳон мегӯянд, охирин захираи маводи ғизоӣ ба поён мерасад ва чашм ба роҳи боз шудани пул ҳастанд. Маҳмадаслам, як сокини ноҳияи Хоҳон рӯзи 11-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар дӯконҳо низ дигар маводи ғизоӣ пайдо кардан мушкил шудааст.

"То замони боз шудани пул мо пеш аз зимистон захира мекардем. Имсол захира накардем. Аз президенти кишвари дӯсту бародар мехоҳем, ки пулро боз кунанд, то мушкили мо сабуктар шавад", -гуфт ӯ.

Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:

Сокинони Хоҳони Афғонистон аз президенти Тоҷикистон кӯмак хостанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

"Пул бо далели амниятӣ баста шудааст"

​Рӯзи 1-уми январ гурӯҳи номаълуми силоҳбадаст Тӯрахон Нурматов, чӯпони 22-солаи тоҷикро ба гарав бурданд ва барои раҳоии ӯ 40 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карданд. Дафъатан, пас аз ин ҳодиса пули миёни ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Хоҳон баста шуд. Нуралӣ Сайид, соҳибкори афғонистонӣ мегӯяд, далели баста будани пулро ба рабуда шудани чӯпони тоҷик баста медонанд.

Мақомоти тоҷик расман далели баста будани пулро шарҳ надоданд, вале як манбаъ аз мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин гуфт, "пул бо далелҳои амниятӣ муввақатан баста шудааст".

Ҳарчанд ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ "далелҳои амниятӣ"-ро шарҳ надод, вале аз он гила кард, ки мақомот ва сокинони он сӯи марз барои боздошти қочоқбарон кӯмак намекунанд. Ба гуфтаи ӯ, вақте ҳодисаи одамрабоӣ рух медиҳад, сокинон ва мақомоти Афғонистон барои боздошти ҷинояткор ҳамкорӣ намекунанд.

Раиси Бадахшон: Чаро?

Аҳмад Файсал Бекзод, раиси вилояти Бадахшони Афғонистон.
Аҳмад Файсал Бекзод, раиси вилояти Бадахшони Афғонистон.

Аҳмад Файсал Бекзод, раиси вилояти Бадахшони Афғонистон гуфт, ки мақомоти тоҷик расман сабаби баста будани пулро барои онҳо шарҳ надодаанд. "Пул баста аст, тақозо кардем, ки боз кунанд, вале боз нашуд. Барои мо сабаби баста будани пулро шарҳ надоданд", - гуфт волии Бадахшони Афғонистон.

Моҳи декабри соли 2017 пас аз кушта шудани Хайриддин Аҳтамов, полковники марзбон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Тоҷикистон панҷ пул (купрӯк) ва як гузаргоҳ бо Афғонистонро баста, фаъолияти панҷ бозори марзӣ дар ҳудуди вилояти Бадахшону ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлонро қатъ карда буд. Аммо пас аз чанд моҳ дубора пулҳо боз шуда буданд.

Пуле, ки ҳоло баста аст, 180-метр дарозӣ дорад ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳини Тоҷикистонро бо минтақаи Хоҳони Афғонистон мепайвандад. Корҳои сохтмонӣ дар ин пул бо маблағи 3 миллиону 100 ҳазор доллар аз тарафи Бунёди Оғохон ва бо кумаки молии ҳукумати Олмон амалӣ шудааст.

Шарҳҳоро бинед (8)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG