Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Хоҳони Афғонистон аз президенти Тоҷикистон кӯмак хостанд


Сокинони Хоҳони Афғонистон аз президенти Тоҷикистон кӯмак хостанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00
Сокинони чанд деҳаи наздимарзӣ дар Афғонистон мегӯянд, бинобар баста будани пули "Шӯрообод-Хоҳон", мушкили дастрасӣ ба маводи ғизоӣ доранд. Ин пул, ки ноҳияи Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистонро бо улусволии Хоҳони Афғонистон мепайвандад, сар 1-уми январ имсол баста аст. Рӯзи якуми январ як чӯпон аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рабуда шуд ва бисёре аз сокинон баста шудани пулро ба ин ҳодиса рабт медиҳанд. Сокинони ин минтақа ба президенти Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, ки пулро боз кунанд, то мушкилашон сабуктар шавад.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG