Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдгор Файзов: "Чин дар Бадахшон постгоҳи низомӣ надорад"


Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ.
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ.

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабарҳо дар бораи фаъолияти постгоҳи низомии Чин дар хоки ин вилоятро рад кард. Файзов гуфт, танҳо дар марзи Бадахшон дидбонгоҳи марзбонони Чин вуҷуд дорад, вале он ҳам дар хоки Тоҷикистон нест.

Моҳи феврали имсол рӯзномаи мӯътабари амрикоии "Вашингтон Пост" гуфт, Чин дар Тоҷикистон чанд сол аст, ки як посгоҳи наздимарзӣ дорад, ҳарчанд ду кишвар ҳеҷ гоҳ онро расман эътироф накардаанд.

"Бояд мардум имиҷ ва ё фаҳмиши худро дар бораи Бадахшон иваз кунанд",-гуфт Ёдгор Файзов.

Нахустин суҳбати мо бо Ёдгор Файзов баъд аз тасдиқ шудани номзадиаш ҳамчун раиси вилояти Бадахшон дар бораи даъвати ӯ аз зодагони Бадахшон, "азхудкунии бизнес", ҷарима барои танқид, пойгоҳи низомии Чин сурат гирифт. Раиси вилоятои Бадахшон мегӯяд, то ҳол дар миёни мардум ақоиди манфӣ дар бораи ин вилоят вуҷуд дорад.

"Касе дар Бадахшон тиҷорати касеро азхуд намекунад"

Радиои Озодӣ: Аввалан Шуморо барои тасдиқи номзадиатон ба раисии вилояти Бадахшон ва интихоб шуданатон ба курсии вакилии Маҷлиси миллӣ табрик мегӯям. Мехостам суҳбатро аз даъвати Шумо аз зодагони вилояти Бадахшон дар хориҷ барои сармоягузорӣ дар рушди иқтисоди вилоят шуруъ кунем. Ҳадафатон аз ин даъват чӣ буд?

Намое аз шаҳри Хоруғ.
Намое аз шаҳри Хоруғ.

Ёдгор Файзов: Инҷо якчанд ҳадафҳо аст. Имрӯзҳо дида истодаем, ки президенти кишвар дар чандин ноҳияҳо мактаб ва дигар иншоотҳоро боз мекунад, ки саҳми соҳибкорон дар бунёди онҳо хеле зиёд аст. Дар Бадахшон афсӯс мо соҳибкори бақуввате надорем, ки биёянд як мактаб, беморхона ё корхонае бунёд намоянд. Он зодагони Бадахшон, ки дар берун заҳмат мекашанду ба хонаводаҳояшон ҳар моҳ 200-300 доллар мефиристанд ва хонаводаҳо ин маблағро асосан барои хӯрока ва мушкилоти ҳаррӯза сарф мекунанд. Мо аз ҳамватанон хоҳиш кардем, ки худатон тиҷорати худро ба роҳ монед ва ё барои наздиконатон, ки дар маҳал ҳастанд, кӯмак кунед, то онҳо тиҷорати худро ба роҳ монанд. Ин нисбат ба онки маблағ мефиристед, фоидааш дучанд аст. Мо аз ҳамватанон илтимос кардем, ки Шумо на фақат дар корҳои сохтмони биноҳои аҳамияти умум саҳмгузорӣ кунед, ақалан бизнеси худатонро ташкил кунед.

Радиои Озодӣ: Як суоли аслӣ ё беҳтар бигӯям хавфи баъзе соҳибкорон ин аст, ки агар ба Бадахшон рафта тиҷорати худро ба роҳ монанд, аз ҷониби баъзе ашхоси таъсиргузор зери фишор қарор мегиранд. Шумо ҳамчун раиси вилоят чӣ кафолат медиҳед барои онҳое, ки мехоҳанд дар Бадахшон тиҷорат кунанд?

Ёдгор Файзов: Як мисол оред, ки дар Бадахшон тиҷорати касеро кашида гирифтаанд. Ман ҳар рӯз дар Хоруғ пиёда ба кор меоям, қишлоқ меравам, мебинам, ки бачаҳо аз Ҳисору Кулоб меоянд ва инҷо тиҷорат мекунанд. То имрӯз касе ба онҳо кор нагирифтааст, на пулашонро гирифтаанд ва на касе фиребашон додааст. Инҷо зиёд номаъқулиҳо буданд, лекин дар бораи гирифтани бизнес ягон гап нест. Якчанд нафар дар бозор бетартибӣ мекарданд, "рэкет"-ӣ мекарданд, ҳоло онҳо аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуданд. Имрӯз бозори Хоруғро бинед, 60 фоизи фурӯшандаҳо аз дигар минтақаҳои кишвар ҳастанд. То имрӯз ягон мушкилот набудаст ва бовар дорам ки намешавад.

Бозори наздимарзӣ дар Хоруғ.
Бозори наздимарзӣ дар Хоруғ.

Радиои Озодӣ: Манзури ман аз чанд нафар ашхоси таъсиргузор дар Бадахшон, ба хусус Хоруғ аст, ки баъзе соҳибкорон ҳарос доранд, ба тиҷорати онҳо халал нарасонанд ва барои худ дардисар нахаранд.

Ёдгор Файзов: Ман метавонам он гурӯҳҳоро ба ҳама кор гунаҳкор кунам, лекин дар бораи онки онҳо бизнеси ягон касро гирифта бошанд инхел гап набуд. Афсус мардум аз дигар минтақаҳои кишвар дар бораи Бадахшон як тавассуроти хеле манфӣ доранд. Лекин касе, ки омад ва дид бахусус дар ин рӯзҳо баъд аз ҷорӣ шудани тартибу интизом бачаҳо аз дигар манотиқ ҳатто аз Қирғизистон ва Афғонистон омада, савдо мекунанд. Бояд мардум имиҷ ва ё фаҳмиши худро дар бораи Бадахшон иваз кунанд.

"Барои танқид не, барои гапи сиёсӣ ҷарима шуд"

Радиои Озодӣ: Як хабари ахир аз вилояти Бадахшон, ки ростӣ моро дар ҳайрат гузошт, ин ҷарима шудани Идрис Ҷонмаҳмадов, як сокини Хоруғ барои танқид аз роҳҳои пурбарфи шаҳр буд. Дар вилояте, ки Шумо роҳбараш ҳастед, одамон барои танқид ҷазо мегиранд?

Ёдгор Файзов: Шумо ҳамчун рӯноманигор бовар доред, ки ягон одам бахусус дар Бадахшон, ки озодии сухан дар авҷи баландтарин аст, барои танқид аз тоза накардани роҳ аз барф ҷарима шавад? Ин ғайриимкон аст. Агар шумо ҳамон навиштаро бихонед, баъд мефаҳмед, ки он ҷазо барои чӣ буд. Ин тамоман масъалаи дигар буд, он масъалаи сиёсӣ, амниятӣ буд. Дар бораи тоза кардани кӯчаҳо аз барф рӯзе нест, ки моро танқид накунанд.

Радиои Озодӣ: Агар Идрис Ҷонмаҳмадов барои танқид аз роҳҳои пурбарф ҷарима нашуд, пас сабаб чӣ буд, ӯро ҷазо доданд?

Ёдгор Файзов: Масъала дар бораи барф набуд. Ӯ гуфт, ки кӯчаҳои шаҳри Хоруғ имрӯз аз барф тоза нестанд, магар ин ҳам айби мошинҳои сиёҳшиша аст? Магар ин постгоҳҳо, баъд масъаларо овард ба чизи дигар. Чунки дар он рӯзҳо яке аз мушкилоти Хоруғ ин тоза кардани мошинҳои сиёҳшиша, гузоштани дидбонгоҳҳо ҳамин буд. Баъд яке аз шогирдони худам ин корро тарафи сиёсиашро тоб дод, мардумон ин масъаларо бардоштану баъд онҷо шахсиятҳоро номбар кард ва барои ҳамин вай ҷазои маъмурӣ гирифт. Имрӯз нигоҳ кунед, дар "Фейсбук" ҳазор кас моро танқид мекунад ва зиёд танқидҳоро қабул ҳам дорем. Лекин дар навиштаи он нафар гап дар бораи сиёсат аст, гап дар бораи чизи дигар рафт. Он нафар худаш корманди ташкилоти байналхалқӣ буд, барои корманди ташкилоти байналхалқӣ махсусан дар системаи Оғохон мо ҳуқуқи навиштан дар "Фейбук"-ро ҳам надорем. Ин нукта дар шарнома дарҷ шудааст.

"Чин пойгоҳ не, дидбонгоҳ дорад"

Радиои Озодӣ: Чанд ҳафта қабл "Вашингтон пост" аз вуҷуди як пойгоҳи низомии Чин дар вилояти Бадахшон хабар дод. Ба навиштаи ин нашрия сарбозони чинӣ озодона дар бозорҳои Бадахшон гаштугузор мекунанд. Шумо ҳамчун раиси вилоят инро чихел шарҳ медиҳед?

Ёдгор Файзов: Касе, ки ҷуғрофияро хуб донад, мефаҳмад, ки ин як минтақаест, ки тули сарҳади давлат ба ҳамдигар хеле наздик меоянд. Ҳам сарҳади Чин ҳам марзи Тоҷиистон ва ҳам сарҳади Афғонистон ва дар чанд километрии аз он тарафи ағба Покистон ва баъдан Ҳиндустон аст. Бинобар ин онҷо байни ҳукумати Тоҷикистон, Афғонистон ва Чин мувофиқа аст ва ҳар яке аз ин давлатҳо дидбонгоҳи худро доранд. Ҷойи пӯшида нест, ки имрӯз Чин аз вазъияти Афғонистон нигаронӣ дорад, ки мабодо Толибон ва бахусус исломиҳо бо қисмати аҳолии уйғури Чин муносибат пайдо кунанд. Ин метавонанд вазъияти Чинро муташанниҷ кунад. Бинобар ин онҷо пойгоҳи низомӣ не, балки дидбонгоҳи Чин аст дар хоки худашон, дидбонгоҳи Афғонистон дар хоки худашон дидбонгоҳи Тоҷикистон дар хоки худаш.

Дигар инки барои мо ҳеҷ ҷойи тааҷҷубовар нест, агар имрӯз афғон ё чиноӣ биоянд дар Тоҷикистон савдо кунад. Ҳоло дар бозори Тем рӯзҳои якшанбе агар бубинед, чӣ қадар афғонҳо меоянд ва савдо мекунанд. Бинобар ин, хабар аз лиҳози онки Ҷумҳурии мардумии Чин онҷо пойгоҳ дорад, хато аст. Лекин дидбонгоҳ ҳаст, дар тарафе, ки се давлат ба ҳам часпидаанд. Ин ҷойи пинҳон ҳам нест, онро ҳама медонад.

XS
SM
MD
LG